Пайвандҳои дастрасӣ

СММ гуфт, ба Куриёи Шимолӣ "посухи муносиб" медиҳад


Шӯрои Амнияти Созмони Милал партоби мушаки баллистикии Куриёи Шимолиро маҳкум карда, изҳор доштааст, ки ин амалро беҷавоб нахоҳад монд.

Мақомоти Пхенян мегӯянд, мақсади онҳо на озмоиши мушак, балки ирсоли моҳвораи ташхиси обу ҳаво ба мадор будааст. Иёлоти Муттаҳида, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон шак надоранд, ки ҳадафи аслии Куриёи Шимолӣ рушди фанновариҳои ҳастаӣ мебошад.

Сафири Марокаш дар Созмони Милал, Муҳаммад Лоуличкӣ, ки феълан раҳбарии Шӯрои Амниятро бар дӯш дорад, ба хабарнигорон гуфтааст, 15 узви Шӯрои Амният партоби мушакро маҳкум карданд, зеро он хилофи қатъномаҳои СММ аст. Ба қавли Лоуличкӣ, Шӯрои Амнияти СММ машваратҳоро идома дода, посухи муносибе ба ин амали Куриёи Шимолӣ хоҳад андешид.

Бар пояи қатъномаҳои СММ, Кореяи Шимолӣ ҳақ надорад таҳқиқоти фанновариҳои ҳастаӣ ва мушакӣ пеш барад. Сафири Амрико дар Созмони Милал, Сюзан Райс, бо ишора ба изҳороти раиси Шӯрои Амният гуфтааст, посухи воқеӣ ба иқдоми Куриёи Шимолӣ баъдан қабул хоҳад шуд.

Як дипломати ғарбӣ, ки нахостааст, номаш ошкор шавад, ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, Амрико, кишварҳои аврупоӣ, Куриёи Ҷванубӣ ва Ҷопон мехоҳанд таҳрими режими Пхенян тавсеа ёбад. Аммо сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин ҳушдор додааст, ки посухи Шӯрои Амният бояд боэҳтиёт ва муътадил бошад, то вазъро бештар муташанниҷ накунад.

Сафири Куриёи Ҷанубӣ дар СММ, Ким Сук, ба хабарнигорон гуфтааст, ӯ дар машваратҳо иштирок накардааст, вале умед дорад, ки иқдоми иловагӣ андешида хоҳад шуд ва Шӯрои Амният ҷавоби саривақтӣ ва нерӯмандеро татбиқ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, рӯзе пеш, дабири кулли Созмони Милал, Бан Кӣ Мун, ҳам озмоиши мушаки баллистикии Куриёи Шимолиро, ки бар хилофи таҳрими СММ ба амал омадааст, маҳкум кард.

Озмоиши мушак аз он гувоҳӣ медиҳад, ки раҳбари Куриёи Шимолӣ, Ким Чен Ун, сиёсатҳои низомии падараш, Кем Чен Ир-ро идома медиҳад. Ким Чен Ун як сол пеш, пас аз фавти падараш сари қудрат омадааст.
XS
SM
MD
LG