Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА:Мушак ба мардуми Кореяи Шимолӣ кумак намекунад


Виктория Нуланд
Виктория Нуланд
Шоми чоршанбе Шӯрои Амнияти СММ партоби мушаки баллистикии Кореяи Шимолиро маҳкум кард. Аммо мақомоти Пхенян мегӯянд, мақсади онҳо на озмоиши мушак, балки ирсоли моҳвораи ташхиси обу ҳаво ба мадор будааст.
ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония ё худ Ҷопон шак надоранд, ки ҳадафи аслии Кореяи Шимолӣ рушди фанновариҳои ҳастаӣ мебошад. Сафири Марокаш дар СММ Муҳаммад Лоуличкӣ, ки феълан раҳбарии даврии Шӯрои Амниятро бар дӯш дорад, ба хабарнигорон гуфт, 15 узви Шӯрои Амният партоби мушакро маҳкум карданд, зеро он хилофи қатъномаҳои СММ аст. Ба қавли Лоуличкӣ Шӯрои Амнияти СММ машваратҳоро идома дода, посухи муносибе ба ин амали Кореяи Шимолӣ хоҳад андешид.
Дар Вашингтон сухангӯи департаменти давлатии ИМА хонум Виктория Нуланд гуфт:
Боиси таассуф аст, ки Кореяи Шимолӣ хилофи ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал кардааст, ки ин кишварро дар инзивои бузургтаре қарор медиҳад. Он ба рафъи азияти мардуми Кореяи Шимолӣ кумак намерасонад. Ин амал онҳоро боз ҳам камбағалтар хоҳад кард.”
Бар пояи қатъномаҳои СММ Кореяи Шимолӣ ҳақ надорад таҳқиқоти фанновариҳои ҳаставӣ ва мушакӣ пеш барад.
XS
SM
MD
LG