Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муфаттишони рус падару модари Умаралиро бозпурсӣ карданд


Шоми гузашта падару модари Умаралӣ Назаров муддати чанд соат аз ҷониби муфаттишони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Адмиралтейски Санкт-Петербург бозпурсӣ шудаанд.

Волидони тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров, ки ҳудуди ду ҳафта қабл дар боздоштгоҳи пулиси шаҳри Санкт-Петербург даргузашт, рӯзи 28 октябр муддати чанд соат аз ҷониби муфаттишони ШКД-и ноҳияи Адмиралтейск бозпурсӣ шудаанд. Қаблан дар расонаҳои Русия хабарҳое пахш шуда буд, ки ба хотири канораҷӯӣ аз масъулияти марги Умаралӣ кормандони ниҳодҳои қудратии ин кишвар қасд доранд дар қиболи Зарина Юнусова ва Рустам Назаров, падару модари кӯдак бо моддаи “Бемасъулиятӣ дар тарбияти фарзанд” парвандаи ҷиноӣ боз кунанд.

Сергей Голуб, вакили мудофеи Зарина Юнусова ва Рустам Назаров ба рӯзномаи “Коммерсант” гуфтааст, дар назар аст дар чанд рӯзи оянда додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург шикояти хонуми Юнусова аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Октябр дар мавриди ихроҷи ӯ аз Русияро баррасӣ кунад.

Бар асоси ҳукми ин додгоҳ дар 13 октябри соли ҷорӣ Зарина Юнусова барои “Нақзи муқаррароти будубош дар Русия” ба ҳисоби аз 5 то 7 ҳазор рубл ҷарима шуда ва иҷборан аз хоки ин кишвар ихроҷ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадназар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Сакт-Петербург гуфтааст, “мо дар қазияи марги кӯдаки навзоди тоҷик ҷанбаи сиёсиро намебинем”. Ҷаноби Мирзода ба рӯзномаи “Коммерсант”-и чопи Русия гуфта, ки бо дар назардошти ҳузури ҳазорон тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба ҳодисаи марги навзоди тоҷик тобиши сиёсӣ додан лозим нест. Ҳарчанд ниҳодҳои Русия борҳо дар баробари шаҳрвандони мо чунин муносибати беэътиёнаро раво дидаанд”.

Ин дипломати тоҷик таъкид кардааст, ҳоло ҷониби Тоҷикистон барои таъини муҷозот барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти федеролии муҳоҷират ва бемористони ба номи Тсимбалин, ки кӯдаки навзод дар он ҷо фавт кардааст, талош хоҳад кард.

Феълан ҳуқуқшиносҳои Сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои баррасии ҷузъиёти марги навзоди тоҷик, гирифтани ҷасади кӯдак аз сардхона ва ба хок супоридани он, ба шаҳри Санкт-Петербург омадаанд. Қабл аз ин ҳама ҷониби Тоҷикистон қасд дорад худ ташхиси тиббии ҷасади кӯдакро анҷом диҳад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ки дар робита ба тафтиши парвандаи ҷиноятии марги Умаралӣ Назаров, ки дар ҷомеа сару садоҳоеро ба бор овардааст, бо вазорати умури дохилии Русия ҳамкорӣ дорад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябр бо пахши як эъломия гуфт, ки аз ҷониби Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад. Манбаъ мегӯяд, ки намояндаи ВКД-и Тоҷикистон дар Русия генерал-майори милитсия Азизов А.К аз рафти ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ мунтазам огоҳ аст.

Рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо баҳонаи нақзи wонуни муҳоҷирати ин кишвар Рустам Назаров ва Зарина Юнусова, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо писари панҷмоҳаашон Умаралӣ Назаров боздошт карданд. Сипас, пулис Умаралии 5-моҳаро аз волидайнаш ҷудо карда ва падару модари ӯро дар утоқи бозпурсӣ муддати 5 соат нигаҳ доштааст.

Меҳринисо Назарова, бибии Умаралӣ, баъдан ба телевизонҳои Русия гуфт, ки барои набераи 5-моҳааш шир оварда, аммо пулис ширро ба кӯдак надодааст. Баъдан мошини ёрии таъҷилӣ набераи ӯро аз идораи пулис мебарад, вале ӯро нагузоштаfнд, ки набераашро ҳамроҳӣ кунад. Оилаи Назаровҳо рӯзи дигар хабари шуми марги набераашонро аз масъулони бемористон дарёфт карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG