Пайвандҳои дастрасӣ

Ю.Серов: "Ҳузури модари Умаралӣ метавонист хеле чизҳоро рӯшан кунад"


Зарина Юнусова.

Зарина Юнусова.

Яке аз вакилони парвандаи марги Умаралӣ Назаров мегӯяд, ки рӯбарӯкунии модари ин тифл бо табибон ва пулис метавонист паҳлӯҳои норӯшани ин ҳодисаро ошкор кунад. Аммо Зарина Юнусова чанд соат қабл аз ин рӯбарӯкунӣ, аз Русия ихроҷ шуд.

Вакилони дифои парвандаи марги Умаралӣ Назаров мегӯянд, ки рӯбарӯкунии модари ин тифли панҷмоҳаи тоҷик бо кормандони пулис ва масъулони бемористони Санкт-Петербург, метавонист ба паҳлӯҳои гуногуни ин ҳодисаи пурсару садо рӯшанӣ андозад.

Вале Зарина Юнусова-модари Умаралӣ Назаровро 16 ноябр, дуруст чанд соат пеш аз рӯбарукунӣ бо кормандони пулис, кормандони Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Адмиралтийски шаҳри Санкт-Петербург ва табибони бемористони Тсимбалина аз қаламрави Русия ихроҷ карданд. Баъд аз судури тасмими додгоҳ дар бораи истирдод ё депорт, тибқи қонунҳои Русия Зарина, модари Умаралӣ Назаров ҳақ дошт 5 рӯзи дигар дар қаламрави Русия бимонад ва дар ҳузури вакилони мудофеъ дар додситонӣ дар маросими рӯбарӯкунӣ бо кӯмаки тарҷумон ширкат кунад.

Юрий Серов, вакили мудофеи ин парванда аз шаҳри Cанкт-Петербург ба Радиои Озодӣ гуфт, ба вакилони мудофеъ бо мушкилиҳои зиёд муяссар шуд, ки дар бораи чунин рӯбарӯкунӣ ризояти ҷонибҳоро бигиранд ва ин маросим метавонист хеле аз паҳлӯҳои норӯшани марги Умаралӣ Назаровро ошкор кунад. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, шояд бо назардошти ҳамин нукта дар ин миён касе намехост, ки Зарина дар рӯбарӯкунӣ ширкат ҷӯяд ва бори аввал воқеияти ҳолро дар бораи лаҳзаҳои гирифтани кӯдак ва муносибати кормандони хадамоти муҳоҷирату пулис ҳикоят кунад.

Серов мегӯяд: “Дар рӯзҳои чаҳорум-панҷуми баъд аз тасмими додгоҳ чорабинии хеле муҳими марбут ба ин парванда пешбинӣ шуда буд, яъне Заринаро бояд бо кормандони пулису хадамоти муҳоҷират ва табибон рӯ ба рӯ мекардем. Вале ҷамъияти тоҷикон дар ҷаласаи худ қарор кардааст, ки Заринаро ба Тоҷикистон фиристанд ва вай рафт... Чунин кор ман ва вакилони мудофеи дигарро хеле нороҳат кард, барои он, ки рафтани вай ба ҷараёни расидагии ин парванда халал ворид намуд. Акнун имконоти ҷониби ҳимоят маҳдуд шудааст. Ин охирин имконе буд, ки мо метавонистем рӯ ба рӯ ба таври қонунӣ дар чаҳорчӯбаи расидагӣ ба парванда мустақиман ба кормандоне, ки кӯдакро гирифта буданд, суол диҳем”.

Баъд аз ихроҷи Зарина Юнусова ҷониби ҳимоят дархост навиштааст, ки Рустам Назаров, падари Умаралӣ ва Меҳринисо Назарова-модаркалони Умаралӣ ҷабрдида шинохта шаванд. Дар посух ба ин дархост дар оғоз гуфтанд, ки Рустамро ҷабрдида шуморида наметавонанд. Акнун дар ин бора гӯё ризоят ба даст омадааст, вале худи Рустам аз рафтан ба Кумитаи тафтишот ва гирифтани санади ҷабрдида худдорӣ мекунад ва метарсад, ки худи вайро низ аз Русия депорт мекунанд. Чунин санадро ҷониби тафтишот ҳақ надорад дар ихтиёри вакилони мудофеъ гузорад, чунки Рустам бояд дар баъзе санадҳо чун ҷониби ҷабрдида имзо гузорад.

Аз сӯи дигар, муфаттишон мегӯянд, ки натиҷаҳои муоинаи тибби додгоҳӣ то ҳол омода нашудааст ва дар ихтиёри вакилони мудофеъ ва ҷабрдидаҳо қарор нагирифтааст. Гузашта аз ин, муфаттишон ҳуқуқи вакилони мудофеъро дар ҳар мулоқот поймол мекунанд. Масалан, оқои Серов мегӯяд, ки дар ин рӯзҳо вай ба дидори муфаттиши ноҳияи Ленини шаҳри Санкт-Петербург рафт, то бо ҳуҷҷатҳои шикофтани ҷасади Умаралӣ ва натиҷаҳои пешакии муоинаи тибби додгоҳӣ ошно шавад. Вале муфаттиш дархости вакили мудофеъро рад кардааст, дар ҳоле ки вакилони мудофеъ ҳақ доранд, ки ин ҳуҷҷатҳоро барои худ аксбардорӣ кунанд. Ҷониби ҳимоят дар ин бора ба мақомоти марбута шикоят фиристодааст, вале аз баррасии ин шикоят худдорӣ мекунанд.

Ҳодисаи марги Умаралӣ Назаров дар Русия ва Тоҷикистон вокунишҳоеро дар пай дошт.

Ҳодисаи марги Умаралӣ Назаров дар Русия ва Тоҷикистон вокунишҳоеро дар пай дошт.

Дар гузашта низ вакилони мудофеъ эътироф карда буданд, ки ҷониби тафтишот талош дорад, то ҷараёни расидагиро ба самти дигар бибарад ва гӯё собит созад, ки кӯдак аз сармохӯрдагӣ фавтидааст ва барои ин беморӣ модари кӯдак гунаҳгор аст. Ба ин далел, ҷониби тафтишот ба вакилони мудофеъ аз додани маълумот дар бораи ин парванда худдорӣ мекунад. Гузашта аз ин, муфаттишон дар рафтори кормандони пулис ва хадамоти муҳоҷирати Санкт-Петербург ҷиноятеро намебинанд.

Юрий Серов афзуд :“Аз сӯҳбат бо муфаттишони парванда комилан рӯшан аст, ки онҳо дар рафтори кормандони пулис ва хадамоти муҳоҷират ҳеҷ ҷиноятро намебинанд. Ба ин сабаб гуфтан душвор аст, ки муфаттишон киро гунаҳгор эълон мекунанд. Шояд падару модарро? Вале сабабу асос барои гунаҳгор кардани онҳо вуҷуд надорад. Моддаи 109, яъне аз беэҳтиётӣ ба марг расондани кӯдакро ба падару модар часпондан хеле мушкил аст ва онро исбот карда наметавонанд, чунки шароити зисти онҳо муносиб аст ва кӯдакро ҳар вақт ба табибон нишон медоданд. Хӯроки кӯдакро дар вақташ медоданд. Вале мутаассифона, мо натиҷаҳои муоинаи тибби додгоҳиро то ҳол дар даст надорем. Чунин муоина метавонад баҳсбарангез ҳам бошад. Бо вуҷуди ин, агар ин натиҷаҳоро мо медоштем, самти фаъолияти худро муайян мекардем”.

Оқои Серов мегӯяд, дар Санкт-Петербург Зарина Юнусоваро умедвор карданд, ки вай ҷасади кӯдакашро бо худ ба Тоҷикистон бибарад ва дар Тоҷикистон муоинаи мустақили тибби додгоҳӣ анҷом медиҳанд. Вале Зарина дар фурудгоҳи Душанбе бо ҷасади ҷигарбандаш, ки бештар аз як моҳ аз вай дур ва дар яке аз сардхонаҳои Санкт-Петербург нигаҳдорӣ мешуд, танҳо монд. Фақат чанд нафар аз рӯзноманигорони мустақил ва хешовандонаш ба пазироии ҷасади Умаралӣ Назаров омаданд. Касе аз коршиносони тибби-додгоҳӣ ба суроғаш набаромад.

Умаралӣ Назаров 14 октябр баъд аз як рӯзи боздошти волидонаш дар бемористони ба номи Тсимбалинаи Санкт-Петербург ҷон дод. То ҳол сабаби аслии даргузашти вай ба таври расмӣ эълон нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG