Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нуриддин Давлатов, сокини ноҳияи Восеъ моҳи июл дар марзи Сурия дар пайи рейди ходимони амниятии Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Нуриддин Давлатов, сокини 31-солаи ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ шоми 12 июл дар шаҳри Ғозиёнтапи Туркия, дар марзи Сурия дар пайи рейди ходимони амниятии ин кишвар боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Давлатов баъди бозгашт ба ватан гуфтааст, ки гӯё баъди як ҷанҷоли хонаводагӣ бо ҳамсараш аз зиндагӣ дилсард шуда роҳи Сурияро пеш гирифт. Аммо як масъули Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ гуфт, ки чокарони гурӯҳи “Давлати исломӣ” Нуриддин Давлатовро бо ваъдаи зану хона ва зиндагии осоишта ба Сурия ба дом афканданад.

Аммо ин мақом гуфт, ки дурустии ҳарфҳои ӯ санҷида мешаванд. Ҳоло парвандаи Нуриддин Давлатов аз рӯи банди 401, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ" баррасӣ мешавад. Ин модда аз панҷ то дувоздаҳ соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Нуриддин Давлатов, сокини ноҳияи Восеъ соле пеш бо ҳадафи корёбӣ ба Русия рафта буд.

Муҳаммадҷон Ятимов, сарамутахассиси идораи дини ҷамоати деҳоти ноҳияи Гулистони ноҳияи Восеъ рӯзи 12 агуст дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Нуриддин Давлатов замоне дар Туркия боздошт шуд, ки аз ӯ санадҳои тасдиқкунандаи шухсиятро дархост карданд. Мутахасиси идораи дин мегӯяд, ки Нуриддин Давлатов муҳоҷири мавсимӣ буд ва ҳар сол ба Русия мерафт.

Як ҷавони ҷамоати Гулистон, ки худро Муқимшоҳ муаррифӣ кард, ба Озодӣ гуфт, ки ҳоло наздикони Нуриддин ба Душанбе рафтаанд ва худи Нуриддин, ба гуфтаи хонаводааш, дар боздоштгоҳ аст: «Вақтҳои охир риш мемонд ва ақидаҳояш ҳам дигар буд. Пеш ин хел набуд, дар як осиёби орд кор карда ризқашро мегузаронд. Баъд оила бунёд карда ба Русия рафт. Ҳамин ним сол пеш рафт ва огоҳ шудем, ки як моҳ пеш дар Сурия боздошт шудааст».

Нуриддин Давлатов 37-ум шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки аз марзи Сурия ба Тоҷикистон баргардонида мешавад. Ду ҳафта қабл Рустам Ҳаётов, сокини 18-солаи ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, ки соли 2012 барои таҳсил ба Туркия рафта, баъдан ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" пайваста буд, аз онҷо фирор карда ба Тоҷикистон баргардонида шуд. Ҳоло раёсати умури дохилаи минтақаи Кӯлоб шумораи ҷангандаҳои «Давлати исломиро» то 75 нафар тахмин мезанд, ки бахше аз онҳо кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG