Пайвандҳои дастрасӣ

Гӯши Саидовро кӣ бурид?


Умар Саидов баъди ҷарроҳӣ ба хона баргаштааст

Умар Саидов баъди ҷарроҳӣ ба хона баргаштааст

Шаби 21 август дар рустои Сарикӯтали ноҳияи Варзоб марди 43-сола мавриди ҳамлаи гурӯҳи мардони ношиносе қарор гирифт. Ин афрод нахуст ба сараш зада баъдан гӯшашро буриданд.

«Шаб аз хонаам баромада ба сӯи мағоза мерафтам. Ногаҳон касе аз пушт бо чӯб ва ё чизи сахти дигаре заду ман аз ҳуш рафта афтидам. Баъди чанд лаҳзае каме ба ҳуш омадам ва ҳаминро шунидам, ки касе ба нафари дигаре мегӯяд: "гӯшашро мебурем". Ҳамин тавр қапиданду гӯшамро буриданд”.

Умар Саидов, сокини 43-солаи деҳаи Сарикӯтали ноҳияи Варзоб ҳодисаеро қисса мекунад, ки шаби ҷумъаи 21 август бо ӯ иттифоқ афтодаст. Ин гуна ҳуҷумҳоро Саидов ё дар замони ҷанг ва ё дар телевизион дида буд ва ҳеҷ гоҳ бовар надошт, ки ҳамин тавр як шаб касе ба сари ӯ бо калтак мезанад ва гӯшашро мебурад. Саидов устои мошин аст ва дар коргоҳи таъмирии назди хонааш ҳар рӯз чандин мошини тамғаҳои гуногунро таъмир мекунад ва муштариёнаш аз таъмиргоҳи ӯ бо чеҳраи кушод берун мешаванд.

Вай мегӯяд, бо меҳнати ҳалол рӯзии чор фарзандашро ба даст меовард ва ҳоло ҳайрон аст, ки чаро чунин ҳодисае бо ӯ иттифоқ афтод: “Ман ҳама вақт мошини одамҳоро хуб таъмир мекунам. Ҳама аз кори ман розӣ мерафтанд, ба касе бадӣ накардаам, намедонам, чаро ва киҳо бо ман чунин карданд?”, мегӯяд ӯ. Саидов мегӯяд аз ҳеҷ кас гумонбар нест ва то ба ҳол намедонад, дастони чӣ касе барои буридани гӯши чапи ӯ боло шуд. Ҳамлаи афроди номаълум ба Саидов соати 10−и шаби рӯзи 21 август дар 100-метрии поинтари манзилаш рух дод. Фарзандонаш ӯро таъҷилан ба беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе бурданд.

Саидов дар беморхона боз ду соати дигар интизор буд, ки гӯшашро ёбанд ва табибон онро ба ҷойи аввалааш пайванд кунанд. “Бо телефон гуфтем, ки гӯшамро ёбанд. Инҷо фарзандону хешу табор тамоми ҷойро кофтанд, то гӯшро пайдо кунанд, аммо наёфтанд. Баъд духтурон ноилоҷ ҷои ҷароҳати гӯшамро дӯхтанд”, гуфт ӯ.

Барои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани омилони латту кӯб ва буридани гӯши Умар Саидов як гурӯҳи махсус аз ҳисоби маъмурони пулис ташкил шудааст. То кунун чанде аз ҳамдеҳаҳои Саидов бозпурсӣ шуда, аммо маъмурони пулис мегӯянд, ҳанӯз паи афроди мавриди ҷустуҷӯро пайдо накардаанд. Навбатдори Шӯъбаи пулиси ноҳияи Варзоб рӯзи 25 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ ("Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ") парванда боз шуда тафтиши пешакӣ идома дорад”. Аммо маъмурони пулис мегӯянд, то ба ҳол касеро ба ҳайси гумонбар дар содир кардани ин ҷиноят боздошт накардаанд ва ҷустуҷӯи гунаҳкорон идома дорад.

Худи Саидов дар интиҳои сӯҳбат бо мо гуфт, аз роҳбарони вазорати корҳои дохила хоҳиш дорад, ки кӯшиш кунанд дар мӯҳлати наздик ҷинояткоронро пайдо карда ба онҳо ҷазои сазовор бидиҳанд. Ҳамлаи ногаҳонӣ ба Саидов ҳамсояҳо ва ҳамдеҳагони ӯро шокӣ кардааст. Аксарият аз ӯ ҳамчун устои хуби мошин ситоиш мекунанд ва ҳайронанд, ки чӣ касоне ба вай ҳамла кардаанд. Яке аз ҳамсоягони наздики Саидов дар ин робита гуфт, “солҳои 1930−1935 ин хел корҳо буд. Мо ҳоло дар асри 21 зиндагӣ дорем, наход ҳамин хел ваҳшоният бошад?... Шукр, мамлакатамон тинҷу ором аст, умедворам ин ҷинояткоронро мақомоти қудратӣ зуд пайдо мекунанд”, гуфт ӯ.

Варзоб аз манотиқи нисбатан амну ороми канораҳои Душанбе буда, агар фирори полковник Гулмурод Ҳалимовро ба сафи гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ба назар нагирем, ин минтақа солҳои ахир ҳеҷ гоҳ дар сархати хабарҳои криминалӣ набаромадааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG