Пайвандҳои дастрасӣ

500 донишҷӯ дар ҷашнҳои Кӯлоб раҳпаймоӣ мекунанд


Машқи рақси дастаҷамъии донишҷӯёни Кӯлоб

Машқи рақси дастаҷамъии донишҷӯёни Кӯлоб

Имсол, ба фарқ аз маъракаҳои гузашта, барои ширкатдорони фаъоли маъракаҳои тантанавӣ дар Кӯлоб дар ҳаҷми 100 сомонӣ ҳаққи хизмат пардохт мешавад.

Имсол, ба фарқ аз маъракаҳои гузашта, барои ширкатдорони фаъоли маъракаҳои тантанавӣ дар Кӯлоб дар ҳаҷми 100 сомонӣ ҳаққи хизмат пардохт мешавад. Дар ҷашнҳои тантанавии шаҳри Кӯлоб охири моҳи август ва аввали моҳи сентябр 500 донишҷӯ ҳам иштирок мекунанд. Қарор аст дар ин шаҳри бостонӣ якбора чанд ҷашн – 700-солагии мавлуди мутафаккири форсу тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва соли пойтахти фарҳангӣ эълон гардидани шаҳри Кӯлоб дар миёни кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ таҷлил шавад. Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Кӯлоб низ дар чорчӯби ҳамин ҷашнҳо дар охири моҳи август ва аввали моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзи дониш, ки ҳар сол 1 сентябр таҷлил мешавад, ин навбат дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо ширкати президент сурат мегирад. Ин аст, ки раҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз ҳоло барои ифтитоҳи бинои нави ҳафттабақаи донишгоҳ ва баргузории Рӯзи дониш омодагӣ мебинад. Мақомоти Кӯлоб ба фарқ аз солҳои дигар, барои ширкатдорон ҳақмузд ҳам ваъда додаанд. Бахше аз донишҷӯёни донишгоҳи Кӯлоб мегӯянд, барои ширкаташон дар раҳпаймоӣ ё маршировка 100 сомонӣ маблағ дарёфт карданд. Масъулони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзи душанбеи 24 август зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар маҷмӯъ барои ширкат дар маршировкаҳои идона ба муносибати ташрифи раиси ҷумҳур, ки дар расми кушоиши чандин иншоот низ ширкат мекунад, аз донишгоҳ 500 донишҷӯ сафарбар шудааст.

Масъулон мегӯянд, тамрини донишҷӯён рӯзи 10 август шурӯъ шуда, дар назди донишгоҳ ва дигар иншоот, ҳамчунин Амфитетари Кӯлоб ҷараён доранд ва то имрӯз ба 180 донишҷӯ барои ширкати фаъолашон дар ин раҳпаймоиҳо 100 сомонӣ ҳақмузд пардохт шудааст. Масъулин ваъда медиҳанд, ки донишҷӯёни дигар ҳақмузди худро рӯзҳои оянда хоҳанд гирифт. Яке аз ин масъулон, ки ба шарти набурдани номаш бо радиои Озодӣ сӯҳбат кард, гуфт, ин маблағ аз ҳисоби буҷаи донишгоҳ ҷудо шудааст. Донишҷӯён аз навоҳии дуртари Кӯлоб бо хобгоҳ ва ғизои гарм таъмин шудаанд.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ баъзе донишҷӯёни ширкаткунанда дар раҳпаймоиҳо аз иқдоми донишгоҳ истиқбол карданд. Насимҷон Саидов, донишҷӯи соли 4-уми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 14 рӯз аст дар ин маъракаи омодагӣ ширкат мекунад ва аз ҳама чиз розӣ аст. Насимҷон мегӯяд, ширкат дар кори ҷамъиятӣ хуб аст, бахусус ки боз ҳақмузд ҳам медиҳанд. Насимҷон инчунин ҳамроҳи ду ҳамсабақи дигараш омода мешавад, ки дар расми пешвози президент бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ суханронӣ кунад.

Ба гуфтаи донишҷӯи дигар Муниса Ҳабибуллоева, ваъдаи ҳақмузд ҳамсабақони зиёдашонро барои ширкат дар ин маърака дилгарм кардааст. Зимнан, ин аввалин бор аст, ки дар муддати бист соли охир барои ширкати ҷавонон дар раҳпаймоиҳои идонаву тантанавӣ дар бораи пардохти маблағ ё ҳаққи заҳмат сӯҳбат мешавад.

Маъмулан дар Тоҷикистон ҳар сафари раиси ҷумҳур ба санае ва ё ифтитоҳи биное бахшида ва ин сафарҳо умдатан ба тӯю тантанаҳои серхарҷ табдил мешавад. Теъдоди иштирокдорони ингуна маросимҳо ба чандин ҳазор мерасад. Дар гузашта ба мактабиёну донишҷӯёне, ки барои ширкат дар маъракаҳои идонаи серҷамъият ва барномаҳои театрикунонида ҷалб мешуданд, миқдори маҳдуди обу ғизо дода мешуд ва гоҳо ба матбуот хабарҳо аз шикояти муҳассилон роҳ меёфт. Аксари онҳо мегуфтанд, ки бо таҳдиди аз мактаб берун шудан ба ин ҷо омадаанд ва маҷбуранд соатҳои дарсиро зери офтоби гарм бо машқу рақс сипарӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG