Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Орёл и решка» тамошобинони тоҷикро ба ду тақсим кард


Акс аз навори барномаи телевизионӣ

Акс аз навори барномаи телевизионӣ

Барномаи телевизиони украинӣ дар бораи Тоҷикистон баҳси зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард ва ба арзёбии нодуруст дар нисбати Тоҷикистон муттҳам шуд.

«Орёл и решка» - барномаи маъруфи украинӣ барои матлабаш дар бораи Тоҷикистон мавриди интиқоди доираи васеи истифодабарандагон дар шабакаи интернет шуд.

Ин барнома, ки ҳанӯз моҳи октябр дар Тоҷикистон сабт шуда буд, ҳафтаи гузашта пахш шуд ва ҳоло доираҳои тоҷикии баҳс дар интернетро ба ду қисм ҷудо кардааст.

Аввалиҳо бар инанд, ки дастандаркорони «Орел и решка» фақат ҷанбаҳои манфии Тоҷикистонро ба намоиш гузоштаанд, аз ҷумла яке аз ширкатдорон бар мегӯяд, Душанбе ба монанди Кобули Қандаҳори Афғонистон муаррифӣ шудааст.

Онҳое, ки аз ин барнома ҷонибдорӣ мекунанд, мегӯяд, ҳеҷ гуна таҳқир ва ё бадгӯиеро нисбати тоҷикону Тоҷикистон дар ин барнома намебинанд, чун он чи онҳо ба намоиш гузоштаанд, воқеиятест, ки ҳар рӯз ҳар сокини кишвар мебинад.

«Орёл и Ре́шка» як барномаи маъруфест, ки барандагонаш рӯзҳои истироҳат ба кишварҳои хориҷ сафар мекунанд ва барномаи омодашударо тариқи телевизионҳои «Интер»-у «Пятница!» - Украина ва «Шабакаи ҳафтум»-и Қазоқистон пахш мешавад. Муштариёни ин барномаро сафаргуфтаҳои аҷиби таҳиягарони барнома аз гӯшаву канори олам ба худ ҷалб кардааст.

Қабл аз сафар хабарнигорон ду тарафи тангаро, ки ба русӣ «орёл» ва «решка» (ба тоҷикӣ, «чику пук») меноманд, интихоб мекунанд. Ва ба ҳар касе «решка» афтод, ӯ соҳиби 100 доллар ва оне, ки «решка»-ро гирифт, корти тиллоии бонкиро соҳиб хоҳад шуд. Хабарнигорон ба ин маблағҳое, ки дар ихтиёр доранд, бояд ду рӯзро дар ҳамон кишвар паси сар кунанд.


Моҳи октябр низ «Орёл и Решка» ҳамчунин як барномаро дар Душанбе ба навор гирифт. Дар он хабарнигорон дар бораи идгардак, куштани гӯсфанд барои қурбонӣ, омода кардани қурутоб, табобат дар Шоҳамбарӣ ва ҳам сафар ба Бадахшон дар масири Роҳи Абрешими таърихӣ нақл мекунанд.

Продюсер ва оҳангсоз Олим Ширинов менависад, он чи хабарнигорон дар ин барнома зикр кардаанд, аз ҷумла бо даст хӯрдани таом ва ҳам вазъи табобатгоҳҳоро мо ҳамарӯз мебинем ва ин ҷои интиқод аз ин барномаро надорад, зеро хабарнигори хориҷӣ он чиро тасвир кардааст, ки дидааст. Вай меафзояд, ин масъалаҳо дар расонаҳову баҳсҳои интернетӣ матраҳ мешаванд ва барои ӯ рӯшан нест, ки чаро як идда аз ин барнома таҳти ниқоби ватандӯстӣ интиқод мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, интиқоду норизоиятиҳои ширкадорони баҳсҳо дар интернет таҳиягарони «Орел ва Решка»-ро маҷбур кард, ки вокуниш нишон диҳанд. Дар муроҷиати расмии худ «ба тамошобинони норозӣ» онҳо навиштаанд, ки ба ин ҳама интиқоду таҳқир тоқат наоварда, маҷбур шудаанд, посух диҳанд. Онҳо менависанд, ки ҳадафи онҳо омода кардани филмҳои таблиғотӣ нест, балки нишон додани фарҳанги мардум аст. Онҳо изҳори таассуф кардаанд, сокинони ИДМ барномаи онҳоро «кӯркӯрона» тамошо мекунанд ва хубиҳоеро, ки дар он ҳаст, намешунаванду намебинанд. Таҳиягарони барнома гуфтаанд, ки ба хотири чунин интиқодҳо нияти тағйир додани барномаро надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG