Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбозони Украина дар Русия гуруснашинӣ эълон карданд


Фармондеҳи неруҳои Украина мегӯяд, сарбозоне, ки марзи Русияро гузашта, ба қаламрави ин кишвар ворид шуданд, ба нишони эътироз алайҳи вазъият даст ба гуруснанишинӣ задаанд

Фармондеҳи нерӯҳои Украина мегӯяд, бахше аз сарбозоне, ки марзи Русияро убур карданд ва ба қаламрави ин кишвар ворид шуданд, ба нишони эътироз алайҳи вазъият даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Ҳоло рӯшан нест, ки чанд нафар аз обу ғизо даст кашидааст. Андрей Ҳришченко, фармондеҳи яке аз бригадаҳои низомии Украина рӯзи 6-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сарбозон тасмими гуруснанишиниро дар урдугоҳе эълон карданд, ки аз ҷониби мақомоти Русия дар наздикии постгоҳи марзии Гуково таъмин шудааст.

Рӯзи гузашта хабаргузории Итар-Тасс бо такя ба сухангӯи неруҳои марзбони Русия Василий Малаев аз бозгашти 192 сарбози украинӣ ба воситаи гузаргоҳи марзии Весело -Вознесенска ба Украина хабар дод. Ин бар иловаи 180 сарбози дигар аст, ки гуфта мешавад рӯзи 4-уми август аз гузаргоҳи марзии Матвеев Курган ба Украина баргаштанд. Дар ҳамин рӯз 438 сарбози украинӣ, ки дар муҳосираи нерӯҳои ҷудоиталабҳо қарор гирифта буданд, аз ноилоҷӣ ба қаламрави Русия гузаштанд.

Баъзе гузоришҳо мегӯянд, ки тиру лавозимоти ҷангии сарбозҳои украинӣ дар ҷараёни даргириҳо тамом шуд, вале ба хабарҳои дигар сарбозонро гулӯлаборон аз қаламрави Русия ноилоҷ кард. Аммо ин сарбозон гузоришҳои матбуоти Русияро рад кард, ки мегӯяд, аскарони Украина ба Русия фирор кардаанд ва намехоҳанд ба Украина баргарданд. Якчанд нафари онҳо аз номи худ ва сарбозони дигар гуфтанд, ки мехоҳанд, ба ватан баргарданд. Агар хабари бозгашти аскарон ба Украина дуруст бошад, дар ин сурат 65-70 нафари дигар дар қаламарави Русия боқӣ мондаанд.

Фармондеҳи нерӯҳои Украина Андрей Ҳрашченко мегӯяд, ки Хадамоти Амнияти Русия барои истихдом ва ё ба тарафи худ кашидани аскарону афсарони марзбони Украина талош кардааст. Ӯ мегӯяд, ки дар робита ба ба гузаштани сарбозони украинӣ ба қаламрави Украина эҳсоси махлут дорад. “Онҳо дар тули ду моҳ мардонавор ҷангиданд ва натоиҷаш ҳам бад набуд”- гуфт ин фармондеҳ ва афзӯад“ аз як тараф ман онҳоро ба хотири гузаштан ба қаламрави Русия гунаҳкор мекунам, аз тарафи дигар эътироф мекунанм, ки онҳо дар набардҳои шадид ҷангидаанд.”

Андрей Ҳрашченко баъзе фармондеҳони бригадаҳои низомиро, ки амри гузаштан ба қаламрави Русияро содир кардаанд, гунаҳкор шумурд ва ин амалро “ҷиноят” унвон кард.

Дар ҳамин ҳол мақомоти шаҳри Донетск гуфтаанд, ки дар пайи гулӯлаборони шаби гузашта ва ҳуҷуми нерӯҳои ҳукуматӣ ба пойгоҳи ҷудоиталабҳо, дастикам се нафар кушата ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд. Шӯрои шаҳри Донетск рӯзи 7-уми август дар сомонаи расмиаш навишт,ки якчанд бинои маҳаллаҳои маскунӣ дар фосилаи 7 километр аз маркази шаҳр хароб шудаанд. Хабарнигорони Ожонсии Франс Пресс (AFP) низ мегӯяд, ки наздикиҳои саҳари 7-уми август садои таркиши гулӯлаҳо дар макази Донетск низ ба гӯш мерасид.

XS
SM
MD
LG