Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Зелёнка" ҳамчун силоҳи нав дар майдонҳои Украина ( ВИДЕО)


“Зелёнка”, ё ҳамон маводи тиббӣ, ки шаҳрвандони кишварҳои собиқ шӯравӣ аз соли 1950 ба ин тараф захмҳои хурду резаи худро бо он табобат мекунанд, акнун ба як силоҳи муҳими майдонҳои Украина табдил шудааст.

Арсений Ятсенюк, раиси оппозитсиюнии “Баткивщина” ё «Ватан» 12-уми феврал, рӯзе, ки ба Харков сафар кард ва мехост бо нахуствазири собиқи ин кишвар Юлия Тимошенко мулоқот кунад, куртаи сафеди оҳарӣ ба бар карда буд. Аммо ин интихоб иштибоҳ буд. Ҷуфте дар ҷода ба Ятсенюк ва ноиби ӯ Александр Турчинов ҳуҷум кард ва шишаҳои ҳамин “Зелёнка”-и машҳурро ба сару тани онҳо рехт.



Зелёнкаи машҳур, ки солҳо боз захму зангори украиниҳоро шифо мебахшид, акнун ба як силоҳи ғайрикушандаи нируманд табдил шуда ба қурбониҳои худ шакли “зомбӣ” ё ранги мурдаи аз гӯр беруншударо медиҳад. Ҷонибдорони ҳукумати Украина, махсусан ҷавонон борҳо ин дорӯи антисептикро ҳамчун силоҳ бар зидди намонядагони шинохтаи мухолифин ва эътирозгарон истифода кардаанд.



Ҳуҷумҳои “зелёнкагӣ” он қадар маъмулӣ шудаанд, ки раҳбарони мухолифон низ роҳи бархӯрд бо онро ёд гирифтанд. Ятсенюк, ки тарафи рости чеҳрааш комилан ранголуд шуда буд, бидуни онки рӯяшро тоза кунад, бо табассум бо хабарнигорон сӯҳбат мекард. Юрий Лутсенко, собиқ вазири умури дохилии замони Юлия Тимошенко, ки бо иттиҳоми сиёсӣ зиндонӣ ва соли гузашта афв шуда буд, низ дар охири моҳи декабр, замоне, ки се мард ва як зан ба рӯи тадаи мардум зеленка пошиданд, оромона суханрониашро дар Харков идома дод.


”Зелеёнка” он қадар “сенсатсия” кард, ки ҳатто телевизиони Украина дар бораи ҳуҷум ба собиқ вазири дохилӣ Лутсенко хабари вежа пахш кард, аз ҳамсари журналисти Лутсенко ёдовар шуд ва гуфт, ки камераҳо низ олудаи “зеленка” буданд.

Ба назар мерасад, ки ҳуҷуми антисептикҳо бештар ба намояндагони ҷиноҳи “Баткивщина» равона шудааст. Яке аз осебдидаҳои “зелёнка” Александр Кириш, узви ин ҷиноҳ дар ҳоле мавриди ҳуҷум қарор гирифт, ки соли 2012 дар ҳамин Харков маъракаи интихоботи парлумонӣ пеш мебурд. Моеъи антисептик ба чашмаш расид ва ӯро ба бемористон бурданд.

Силоҳи нав аз ҳама бештар ба вакили мудофеи Юлия Тимошенко зарба задааст. Ин моеъи табобатӣ ӯро борҳо сабз кардааст. Онҳое, ки аз ин силоҳ истифода кардаанд, маъмулан ҷазои ҷиддӣ намегиранд ва танҳо ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттҳам мешаванд.



Аммо ба назар мерасад ин моеъи сабз гоҳо метавонад аломати таҳдидҳои ҷиддитар бошад.

Димитрий Булатов, яке аз фаъолони “Автомайдон”, ки ба гуфтаи худаш ӯро ба муддати беш аз як ҳафта рабуданд ва шиканҷа доданд, мегӯяд, қабл аз рабуда шуданаш бозичаҳои олуда ба зелеёнкаро дар ҳавлиаш пайдо кардааст. Булатов се писар дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG