Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Украина мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаи ҷудоиталабони тарафдори Русия ба як чархболи низомӣ 13 аскару афсар, бо шумули як генерали артиш, кушта шуданд.

Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов гуфт, бар асари суқути як чархболи низомӣ аз тири ҷудоиталабони тарафдори Русия дар наздики шаҳри Словянск 14 афсари аскар, бо шумули як генерали артиши ин кишвар кушта шудаанд. Шаҳри Словянск аз аввалҳои апрел дар дасти ҷудоиталабон қарор дорад.

Олександр Турчинов рӯзи 29 май ба порлумони Украина гуфт, чархболи низомиро тавассути мушакандози зиддиҳавоии сохти Русия (ПТЗРК) задаанд.

Ин чархбол дар ҳоле суқут кард, ки аз канори шаҳри Слоянск рӯзи 29 май дар бораи даргириҳои шадид гузоришҳо ба даст мерасанд. Нирӯҳои давлатии Украина аз 15 апрел ба ин тараф талош доранд, то назорати шаҳр ва атрофи онро аз дасти ҷудоиталабон бигиранд. Вале ин амалиёт то ҳол чандон комёб нашудааст.

Ҷудоталабони тарафдори Русия, ки бахши аъзами вилоятҳои Донетску Луҳанск, бо шумули марказҳои маъмурии ин ҳарду вилояти умдатан русзабон дар шарқи Украинаро тасарруф кардаанд, бо эълони истиқлол ва таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳуриии мардумии Луҳанск” мехоҳанд ба гунаи Қрим аз Украина канда, ба Русия бипайванданд.

Вячеслав Пономарёв

Вячеслав Пономарёв

Рӯзи 29 май “шаҳрдор”-и худхондаи Словянск Вячеслав Пономарёв гуфт, 4 нозири САҲА, ки дар оғози ҳафта беномунишон шуданд, дар асорати ҷангиёни ӯ қарор доранд. Пономарёв ваъда дод, ки нозирони ғайринизомӣ ба зудӣ озод карда хоҳанд шуд. Вале ӯ боз ҳам иддао дорад, ки онҳо дар шарқи Украина ҷосусӣ мекарданд.

Рӯзи 28 май ҷудоиталабон ба казармаи нирӯҳои Горди миллии Украина дар Луҳанск ҳамла кардаанд. Ҳарду ҷониб мегӯянд, ки ин задухӯрд талафоти ҷонӣ ҳам дошт.

Бо ин ҳол, Петро Порошенко, барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии Украина, ки дар оғози моҳи июн расман ба курсӣ хоҳад нишаст, ваъда додааст, ки “амалиёти зиддитеррор”-ро идом адода, бӯҳрон дар шарқи кишварро ба зудӣ ба поён хоҳад овард. Порошенко ҳамчунин гуфт, омода аст, дар ҳафтаи оянда дар ҳошияи таҷлил аз солгарди 70-уми ифтитоҳи ҷабҳаи дуюм дар ҷанги дуюми ҷаҳон дар Фаронса бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин музокирот кунад. Ҳам Порошенко ва ҳам Путин ба ин маросим даъват шудаанд.

Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк рӯзи 28 май гуфт, агар Русия пуштибониаш аз ҷудоиталабонро қатъ кунад, бӯҳрон дар шарқи Украина “дар як ё ду ҳафта” тамом хоҳад шуд.

Петро Порошенко

Петро Порошенко

Русия ҳар навъ даст доштанаш дар ошӯбҳои ҷудоиталабона дар шарқи Украина ва ҳимоят аз ин чирикиҳои тарафдори Маскавро рад мекунад ва мегӯяд, ин чирикиҳо аз манфиатҳои мардуми русзабони сокини шарқи Украина дифоъ мекунанд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 29 май хостори “талошҳои бештар муассири миёнаравҳо” ба хотири хатми хушунатҳо дар вилоятҳои умдатан русзабони шарқи Украина шуд.

Украина баъд аз суқути ҳукумати рӯ ба Маскави Виктор Янукович дар моҳи феврал ба гирдоби бӯҳрони сиёсиву инак низомӣ фурӯ рафт. Русия дар моҳи март ба вилояти аксари аҳолиаш русзабони Қрими Украина нирӯ ворид кард ва бо баргузории як раъпурсӣ ин вилоятро ба қаламрави худ даровард. Аз оғози моҳи апрел ошӯбҳои ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои Донетску Луҳанск оғоз ёфт. Дар Киев ва ҳамин тавр дар Ғарб бар инанд, ки дар пушти ин ҳама ошӯбҳо Маскав истодааст, ки бо таҳрики ҷудоиталабон мехоҳад хостҳои худро ба Украина таҳмил ва шояд ҳатто вилоятҳои умдатан русзабони шарқ ва ҷануби Украинаро ба гунаи Қрим ба қаламрави худ ҳамроҳ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG