Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Украина интихоботи пешазмуҳлат баргузор мешавад


Раисҷумҳури Украина Виктор Янукович эълон кард, ки дар кишвараш интихоботи зудҳангоми президентӣ баргузор мешавад ва сарқонуни соли 2004 барқарор мешавад.

Раисҷумҳури Украина Виктор Янукович ҳамчунин гуфт, ҳукумат ва мухолифон ба созиш расиданд, ки дар кишвар Ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис дода шавад.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", ин музокирот дар тамоми тӯли шаби гузашта бо ҳузури вазирони умури хориҷии Фаронса, Олмон, Лаҳистон, раҳбарони мухолифон ва шахси Виктор Янукович баргузор шуд.

Дар идомаи ин баёния омадааст, ки зӯҳри имрӯз, ҷумъа ба вақти маҳаллӣ ин тавофуқнома, ки ҷузъиёти он эълом нашудааст, ба имзо хоҳад расид. Иттиҳодияи Аврупо ва мухолифони давлати Украина нисбат ба ин хабар вокунише нишон надодаанд.

Вазири Фаронса Лоурент Фабиус рӯзи гузашта ин музокиротро "хеле сахт" номида буд. Вай ҳамроҳ бо ҳамтоҳои олмонӣ ва лаҳистонии худ субҳи 20-уми феврал вориди Киев шуд, то гуфтушуниди ҳукумат ва мухолифонро роҳандозӣ кунад. Баъд аз дидор бо сарони мухолифон вазири корҳои хориҷии Лаҳистон ё Полша Радослав Сикорскӣ гуфт, тарафҳо сари тарҳи пешниҳодии ҳалли буҳрон ба пешрафт даст ёфтаанд. Ин тарҳ аз ҷумла таъсиси ҳукумати муваққатиро низ дар назар дорад. Ин вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтушуниди худро бо тарафҳо рӯзи 21 феврал низ идома хоҳанд дод. Дар ин байн, ба иттилои хабаргузориҳо порлумони Украина ба қароре омад, ки ҳамаи боздоштшудаҳо озод ва истифода аз силоҳ манъ гардад.

Вазорати ҳифзи сиҳати Украина ҳалокати 77 нафар ба асари хушунатҳо дар Киев сар аз рӯзи 18 февралро тайид кард. Дафтари матбуоти вазорат рӯзи ҷумъа, 21 феврал, хабар дод, ки то субҳ 577 нафар аз осебдидидагон ба табибон муроҷиат карданд, 369 тани онҳо ба бемористон интиқол ёфтанд. Аммо мухолифини ҳукумат мегӯянд, ки теъдоди қурбониён хело бештар аз арқоми расмист.

Таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо

Ҳамзамон бо музокиирот Иттиҳоди Аврупо аз фишор низ истифода мекунад. Вазирони умури хориҷии он нисбати мақомоти Украина, ки масъули хушунатҳои ахир ва истифодаи зиёдаравонаи нерӯ шумурда мешаванд, таҳрим эълом доштанд. Таҳримҳои зидди мақомоти Украина шоми панҷшанбе дар ҷаласаи изтирории вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Бруссел ба тасвиб расиданд. Бино бар онҳо сафари мансабдорони ҳукумати Украина ба кишварҳои эътилоф манъ ва дороии онҳо дар қаламрави иттиҳод ҳабс мешавад. Ҳамчунин воридоти таҷҳизоти зидди ошӯб ба ин кившар маҳдуд мегардад. Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, 20 мансабдори украиниро, ки масъули хушунатҳои ҳафтаи ахири ин кишвар ба шумор мераванд, аз ҳаққи сафар ба Амрико маҳрум кардааст.

Эълони таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо баъд аз гуфтушуниди беҳосили намояндагони ин иттиҳод бо раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович ба миён омад. Пештар сарвазири Олмон Ангела Меркел аз Янукович даъват кард, миёнаравии Олмон ва Иттиҳоди Аврупоро барои ҳалли осоиштаи низоъ қабул кунад. Вале, зоҳиран, ин даъват беҷавоб монд.

Видеои ваҳшатовари қатлҳо дар Киев

Шабакаи телевизонии Белсат дар шабакаи Ютюб навори видеоии такондиҳандаеро нашр кард, ки лаҳзаҳои бо истифода аз силоҳҳои ҷангӣ куштани мардуми мусаллаҳ танҳо бо сипарро дар кӯчаҳои пойтахти Украина намоиш медиҳад.

Бино ба хабарҳо, бо вуҷуди эълони "оташбас" даргириҳо байни пулис ва эътирозгарон дар маркази Киев рӯзи 20 феврал ҳам идома дошт. Гуфта мешавад, аз майдони истиқлол имрӯз боз 17 ҷасад пайдо кардаанд. шумори кушташудаҳо то рӯзи 20 феврал 26 нафар гуфта мешуд.

Навори Белсат аз кӯчаҳои Киевро инҷо тамошо бинед:




Аврупо ё Маскав? Ҷустуҷӯи миёнарав дар Украина

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 20 феврал дар як тамоси телефонӣ аз раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович даъват кард, кумаки Иттиҳодияи Аврупо, Олмон ва кишварҳои дигар барои баргузории музокирот байни давлат ва мухолифинашро бипазирад. Сухангӯи Меркел дар баёнияе гуфт, "бозӣ бо вақт ба оташи низоъ равғани бештар мерезад ва хатарҳои ғайричашмдоште дорад." Меркел ҳамчунин аз ҳарду тарафи низоъи Украина хостааст, аз истифодаи хушунат билофосила даст бардошта, оташбасеро, ки шаби чоршанбе тавофуқ шудааст, риоя кунанд.

Рӯзи 20 феврал ҳамчунин аз Маскав хабар расид, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳомии ҳуқуқ Владимир Лукинро ба хотири миёнаравӣ байни давлат ва мухолифини Украина ба Киев мефиристад. Ин тасмим баъди гуфтугӯи телефонии Путин бо Янукович эълон шуд. Бино ба хабарҳо, миёнарав аз Русияро Янукович хостааст.


Вазирони хориҷаи Фаронса, Лаҳистон(Полша) ва Олмон низ рӯзи 20 феврал қабл аз нишасти Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел, ки шоми панҷашанбе вазъи Украинаро баррасӣ мекунад, ба Киев сафар карда, бо Виктор Янукович мулоқот кардаанд. Интизор меравад, дар Брюссел масъалаи ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи Украина баррасӣ шавад.

Рӯзи 20 феврал кафили вазири умури дохилаи Украина Виталий Захарченко баъди ду рӯзи даргириҳо дар кӯчаҳои Киев хабар дод, ки пулисро бо силоҳҳои ҷангӣ мусаллаҳ мекунанд. Захарченко гуфт, тибқи қонун чунин фармон додааст. Ӯ аз "ифротгароён" хост, то силоҳҳои худро ба замин гузоранд.



17 кушта баъди даргириҳои нав дар Киев

Бино ба хабарҳо, рӯзи 20 феврал баъди даргириҳо байни эътирозгарон ва нирӯҳои пулис дар майдони Истиқлоли Киев боз дастикам 17 тан ҷасад пайдо кардаанд.

Аз Киев дар бораи ҳалокати шумори бештари мардум дар даргириҳои рӯзи панҷшанбе гузориш мерасад.Бино ба хабарҳо, рӯзи 20 феврал баъди даргириҳо байни эътирозгарон ва нирӯҳои пулис дар майдони Истиқлоли Киев боз дастикам 17 тан ҷасад пайдо кардаанд.

Вазорати тандурустии Украина ҳалокати 7 нафар, бо шумули 2 афсари пулисро то ин соат тасдиқ кардааст. Ин вазорат мегӯяд, аз аввали ҳафта дар Киев 35 нафар ҷон бохта, садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Бо вуҷуди эълони оташбас, субҳи 20 феврал дар пойтахти Украина даргириҳои нав байни эътирозгарон ва пулис рух додаанд. Эътирозгарон дар майдони Истиқлол дар маркази Киев алайҳи нирӯҳои пулис сангу коктейлҳои Молотов ҳаво додаанд. Пулис ба навбаи худ алайҳи онҳо аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода бурдааст.

Варзишгарони украинӣ тарки Сочи мекунанд

Дар пайи даргириҳои хунин дар кӯчаҳои Киев бархе варзигарони украинӣ тасмим гирифтаанд, ки Олимпиадаи Сочиро пеш аз мӯҳлат тарк гӯянд.Кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯзи 20 феврал гуфт, раҳбари Кумитаи олимпии Украина Сергей Бубка бар ин бовар аст, ки варзигарони украинӣ бояд дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи бимонанд, вале ба тамоми варзишкорон имкон додааст, ки худ шахсан тасмим бигиранд.

Богдана Магтсотска

Богдана Магтсотска

Сухангӯи Кумитаи байналмилалии олимпӣ Марк Адамс гуфт, "бархе" варзишкорони Украина барои бозгашт ба ватан тасмим гирифтаанд, вале шумори дақиқи онҳо ҳанӯз маълум нест. Бино ба хабарҳо, дар байни онҳое ки алакай тарки Сочи кардаанд, лижарон Богдана Матсотска ва падари ӯ, ки мураббиаш ҳам ҳаст, мебошад. Ин падару духтар аз мухолифин ҳаводорӣ мекарданд.

Богдана Матсотска ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, "ба далели рӯйдодҳои баде, ки дар пойтахти Украинаи ман, дар майдони истиқлол мегузаранд, тасмим гирифтам, ки дар мусобиқоти слалом - сабқати дӯстдоштаам- ширкат накунам. Дӯстони ман ҳама онҷо, дар майдонанд."

Рӯзи чоршанбе Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва мақомоти олимпии Украина ба варзишкорон аз ин кишвар машварат доданд, ки дар бозувони худ ба ёди қурбониёни хунрезиҳои Киев лентаҳои сиёҳ набанданд.

Шаҳрдори Киев ба нишони эътироз аз ҳизби ҳоким рафт

Шаҳрдори Киев имрӯз эълон кард, ки ба нишони эътироз ба "хунрезиҳо" аз ҳизби ҳокими минтақаҳои раисиҷумҳур Виктор Янукович хориҷ мешавад. Шаҳрдори Киев Владимир Макеенко рӯзи 20 феврал эълон кард, ки ба далели "хунрезиҳо" аз ҳизби ҳокими минтақаҳои раисиҷумҳур Виктор Янукович хориҷ мешавад. Макеенко, ки ба ҳайси кафили шаҳрдори пойтахти Украина кор мекард, дар изҳороташ рӯйдодҳои Киевро "фоҷиаи мардуми Украина" номид ва гуфт, барои хатми хунрезӣ шахсан ба анҷоми ҳар коре омода ҳаст ва аз ҷумла тайёр аст, то масъулияти шахсӣ дар Киевро ба дӯш бигирад.

Янукович Макеенкоро дар поёни моҳи январ шаҳрдори Киев таъин карда буд. Шаҳрдори қаблии Киев ба далели судури амри саркӯби эътирозҳои зиддидавлатӣ дар майдони Истиқлол дар таърихи 30 ноябр барканор шуда буд.


Даргириҳо рӯзи панҷшанбе дар ҳоле дубора авҷ гирифтанд, ки раисиҷумҳури Украина ва раҳбарони мухолифин субҳи 20 феврал аз расидан ба тавофуқ дар мавриди “оташбас” ва оғози музокирот хабар доданд.

Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович дар сомонаи интернетиаш дар бораи расидан ба тавофуқ баъд аз музокироти шаби чоршанбе бо 3 раҳбари асосии мухолифин дар Киев хабар дод. Раҳбари мухолифин Арсений Ятсенюк, ки низ дар ин нишаст ширкат дошт, дар як баёния дар сомонаи интернетии ҳизбаш –Баткившина – гуфт: “Ҳамла ба майдони Истиқлол, ки мақомот барои имрӯз ба нақша гирифта буданд, рух нахоҳад дод.”

Дар хунрезиҳои ин ҳафта, ки аз лиҳози шиддат аз оғози эътирозҳои алайҳи давлати Янукович дар поёни моҳи ноябр собиқа надошт, дастикам 26 нафар кушта шуданд. Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳо бо онки ҳазорон эътирозгар дар майдони Истиқлоли Киев боқӣ мемонанд, шаби гузашта дар кӯчаҳои Киев оромӣ ба назар мерасид.

Бахши украинии Радиои Озодӣ пахши мустақимаш аз майдони Истиқлоли Киев - маркази эътирозҳои 3 моҳи охирро идома медиҳад. Ҷараёни ҳодисот дар ин майдон аз ин нишонӣ дар Ютюб қобили тамошост:




Эълони тавофуқ байни давлат ва мухолифини Украина дар пешорӯи нишасти вижаи Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба вазъи Украина садо дод. Ин нишаст имрӯз, 20 феврал, дар Брюссел доир мешавад.



Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки бо сафаре дар Мексика қарор дорад, аз хабарҳои расида дар бораи оташбас дар Украина муҳтотона истиқбол кард: “Мо, албатта, хабарҳо дар бораи оташбас байни давлат ва мухолифинро мешунавем. Агар ин оташбас ҷорӣ шавад, ин метавонад ба тарафҳо барои ҳалли сулҳомези ихтилофот фазоеро муҳайё гардонад. Ва дар оянда мо ҳамчунин тамоми кореро, ки аз дастамон меояд, барои ҳимоят аз украиниҳо дар роҳи расидан ба ҳалли сулҳомез ва расидагӣ ба орзуҳои мардуми Украина барои бунёди як демократияву қавиву ваҳдатсоз, ки бо ҷомиаи байналмилалӣ ҳамоиши тамом дошта бошад, хоҳем кард.”

Қаблан вазорати хориҷаи Амрико расман эълон карда буд, ки ироаи раводиди сафар ба ин кишвар барои 20 мақоми аршади Украина манъ шудааст. Вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи хушунатҳо дар Украина ҳамроҳ бо Иттиҳодияи Аврупо рӯи иқдомоти бештаре алайҳи Киев хоҳад андешид.

Артиш дахолат накунад!

Рӯзи чоршанбе раҳбарони НАТО аз нирӯҳои мусаллаҳи Украина даъват карданд, ки ба ин буҳрон дахолат накунанд. НАТО Киевро ҳушдор дод, ки дар сурати дахолати артиш дар буҳрони сиёсӣ равобиташ бо ин эътилофи низомӣ зери суол қарор хоҳад гирифт. Дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен дар як баёния гуфт: “Ман шадидан аз давлати Украина даъват мекунам, ки аз хушунатҳои бештар худдорӣ кунад. Агар низомиҳо алайҳи мухолифин дастбакор шаванд, равобити Украина бо НАТО осеби ҷиддӣ хоҳад дид.”

Рӯзи чоршанбе раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович фармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи кишварашро барканор кард. Янукович гуфт, фармондеҳи ситоди кулли артиш Володимир Заманаро барканор ва ба ҷояш Юрий Илин, фармондеҳи флоти Украинаро таъин кардааст.

Якименко (аз чап) дар ҳузури Янукович. 10.01.2013

Якименко (аз чап) дар ҳузури Янукович. 10.01.2013

Дар ин баёния далелҳои барканории Замана гуфта нашудааст, вале ин кор баъди он сурат гирифт, ки вазорати дифои Украина гуфт, нирӯҳои мусаллаҳ метавонанд дар амалиёти “зиддитеррор”, ки Хадамоти амният омода кардааст, ширкат кунанд. Бо эълони омодагиҳо ба маъракаи зидди террор, раҳбари Хадамоти амнияти Украина Олександр Якименко гуфт, тайи чанд рӯзи охир аз дасти нирӯҳои амниятӣ ҳудуди 1500 мил силоҳ ва 100 000 тир ғасб шуда, ба дасти “ҷинояткорон” уфтодааст.

Мавҷи ахири хушунат рӯзи 18 феврал, ҳамагӣ чанд рӯз баъди зоҳиран коҳиш ёфтани таниши байни давлат ва мухолифин ва иҷро шудани афви шартӣ ва раҳоии ҳамаи эътирозгароне, ки аз замони шурӯъи тазоҳурот дар даҳаи сеюми моҳи ноябр боздошт шуда буданд, мушоҳида мешавад. Се моҳ пеш Виктор Янукович аз имзои паймони ҳамгироии бештар бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашида, бо Русия ҷиҳати дарёфти 15 миллиард доллар кумаки молӣ қарордод баст. Ин самтгирии давлати ӯ наҳзати аз замони “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004 бесобиқаи эътирозиро дар саросари Украина ба вуҷуд овард. Ин эътирозҳо инак 3 моҳ боз идома доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG