Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев дархости истирдоди Абдуллоҷоновро дастрас кард


Абдумалик Абдуллоҷонов ва вакили дифоъ Андрей Федур дар додгоҳ. 7 феврали соли 2013, Украина
Абдумалик Абдуллоҷонов ва вакили дифоъ Андрей Федур дар додгоҳ. 7 феврали соли 2013, Украина

Додситонии кулли Украина гуфт, ки рӯзи 18 феврал дархости расмии Тоҷикистон барои истирдоди Абдумалик Абдуллоҷоновро дастрас кардааст.

Маргарита Велкова, як масъули дафтари матбуоти додситонии кулли Украина гуфт, ки бастаи санадҳо “нисфирӯзии душанбе” аз номи Додситонии кулии Тоҷикистон дастрас шуда мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Тибқи муқаррароти Украина, ҳоло бояд шахсияти нафари муттаҳам, гузаштаи ӯ ва эҳтимоли аз ҷониби ӯ содир шудани ҷиноят дар қаламрави кишвари боздоштшуда, яъне Украина омӯхта шавад. Баъди он бояд додгоҳи истирдоди нафари гумонбар баргузор шавад, ки сарнавишти ӯро ҳал мекунад.


  • Аз рӯи қарори Додситонии кулли Тоҷикистон аз соли 2007, Абдуллоҷонов дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад ва боздошти ӯ, тавре медонед, бо тақозои полиси байналмилалии Интерпол сурат гирифт. Тоҷикистон, ки як узви полиси байналмилалӣ аст, ҳоло дархост ва тамоми санадҳои заруриро бо талаби истирдоди Абдуллоҷонов ба мо ирсол кардааст, - шарҳ дод хонум Велкова.

Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ нахуствазири Тоҷикистон рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи Борисполи Украина ҳангоми фуруд омадан дар қаламрави ин кишвар боздошт шуд ва рӯзи 7 феврал, бо қарори додгоҳ, барои муваққат ба мӯҳлати 40 рӯз дастгир гардид. Тибқи қонунҳои Украина, дар ин муддат мақомоти Тоҷикистон бояд санадҳои заруриро дар мавриди гунаҳгор будани ӯ ва дархости истирдоди муттаҳам пешниҳод кунанд, ки тибқи он, додгоҳ қарори боздошти истирдодии ӯро содир мекунад. Дар пай, нафари муттаҳам ба Тоҷикистон таслим мешавад.

Худи Абдуллоҷонов мегӯяд, ки боздошти ӯ “як иштибоҳ” аст, ба он хотир, ки ӯ, ба унвони як паноҳандаи сиёсии ИМА ва шахси таҳти ҳимояи СММ, набояд ба Тоҷикистон истирдод шавад. Дар Тоҷикистон Абдуллоҷоновро дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштор ва терроризм, айбдор мекунанд. Як манбаи дигар дар додситонии Украина ба радиои Озодӣ гуфт, ки Абдумалик Абдуллоҷонов барои ҷиноятҳои “дар солҳои 1994, 1996, 1998” айбдор мешавад. “Соли 1999 дар ғайбаш ӯро барои содир кардани як қатор ҷиноятҳо, тасарруфи молу мулки ғайр бо сӯиистифода аз мансаб, талош барои ғасби ҳокимият бо роҳи зӯроварӣ, диверсия ё тахрибкорӣ, бандитизм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва ғайра айбдор карданд. Ва ин танҳо бахше аз иттиҳомотест, ки Тоҷикистон Абдуллоҷоновро дар он муттаҳам мекунад”, гуфт ин манбаи Озодӣ дар додситонии кулли Украина.

Дафтари вакили дифои Абдуллоҷонов дар сӯҳбат бо Озодӣ аз шаҳри Киев гуфт, ки дар бораи дастрас шудани санадҳои Тоҷикистон аз ҷониби додситонии кулли Украина хабар доранд ва ин хабар ба худи Абдуллоҷонов, ки дар як боздоштгоҳи шаҳри Киев ба сар мебарад, расонда шудааст. "Вакили дифоъ ҳоло бо ӯ мулоқот дорад ва баъди ин мулоқот мо мефаҳмем, ки вокуниши онҳо чист", гуфт як масъули гурӯҳи дифоии собиқ нахуствазири Тоҷикистон.


Ҳуқуқшиносони украинӣ мегӯянд, ки дар сурати боздошти истирдодии Абдуллоҷонов, боз ҳам маълум нест, ки дар кадом мӯҳлат ӯ ба Тоҷикистон истирдод мешавад, ба он хотир, ки шахси гумонбар ҳақ дорад аз болои тасмимҳои дар ҳақи ӯ гирифташуда ба додгоҳҳои зинаи болоӣ шикоят кунад. “Ин як марҳилаи дуру дароз аст ва на танҳо аз қонунҳои Украина, балки аз созишномаҳои байналмилалӣ ва ҳам байнидавлатии ду кишвар вобаста аст", мегӯянд ҳуқуқшиносони украинӣ.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG