Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порошенко: Пирӯзӣ дар Словянск нуқтаи чархиш аст


Сарбозони Украина дар Словянск

Сарбозони Украина дар Словянск

Раисиҷумҳури Украина аз шаҳри Словянск берун кардани ҷангиёнро "нуқтаи чархиш" дар набарди артиши Украина бо ҷудоиталабони тарафдори Русия номид. Ҷудоиталабон аммо мегӯянд, ҳанӯз шикаст нахӯрдаанд.

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко пешрафти нирӯҳои давлатиро, ки ҷангиёни ҷудоиталабро аз пойгоҳи асосиашон дар шаҳри Словянск берун карданд, “нуқтаи чархиш” дар ҷанг алайҳи ҷудоиталабони рӯ ба Русия номид. Вале Порошенко дар паёми шоми 5 июлаш гуфт, тасарруфи Словянску шаҳрҳои атрофи он ҳанӯз “пирӯзии комил нест” ва амалиёти артиш ба манзури “озод кардани вилоятҳои Донетску Луҳанск идома хоҳад ёфт.”

Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк ба мақомоти давлатӣ амр дод, то ҳарчӣ зудтар фаъолияти пулису додгоҳ ва низоми тиббиву беҳдоштиро дар минтақаҳои озодшуда ба роҳ монанд.

Парчами Украина рӯзи 5 июл дар маркази шаҳрҳои Словянску Краматорск – ду пойгоҳи умдаи ҷудоиталабон дар вилояти Донетск – афрохта шуд ва ҷангиён ба самти Донетск, маркази вилоят, ва Ҳорливка ақиб нишастанд.

Ҷудоиталабон аммо мегӯянд, хуруҷи онҳо аз Словянску Краматорск баа маънои шикаст нест, балки танҳо тағйири сангар аст. Шаҳрдори Луҳанск Владимир Павленко гуфтааст, ҷангиён баъди чанд рӯзи тӯбпборону ҳамлаҳои ҳавоӣ маҷбур шуданд, ки ин ду нуқтаи стратегиро тарк кунанд. Андрей Пургин, яке аз раҳбарони ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” гуфт, “муқовимати мо шикаст нахӯрдааст.” Ӯ ба Интерфакс гуфт, ҷудоиталабон танҳо ба хотири мардуми мулкӣ тарки ин ду шаҳр кардаанд.

Парчами Украина - дар Словянск ва Краматорск

Нирӯҳои давлатии Украина рӯзи 5 июл дар маркази шаҳри Словянски вилояти Донетск, ки беш аз 3 моҳ боз таҳти тасарруфи ҷудоиталабони рӯ ба Русия қарор дошт, парчами давлатии Украинаро барафроштанд. Ба дунбол гузориш расид, ки нирӯҳои давлатӣ вориди Краматорск - яке дигар аз пойгоҳҳои умдаи ҷудоиталабон дар шарқи Украина - шуданд.

Ҷудоиталабон аммо мегӯянд, ки ин ақибнишинӣ не, балки “тағйири сангар” буд. Манобеи наздик ба ҷудоталабон мегӯянд, ки нирӯҳои онҳо ҳамин тавр шаҳри Краматорск, воқеъ дар тақрибан 10-километрии Словянскро низ тарк гуфта, нирӯҳои худро дар маркази вилояти Донетск ва маҳаллаву шаҳракҳои атрофи он ҷамъ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, дар Словянску Краматорск гурӯҳҳои диверсиониро ба ҷо гузоштаанд, ки ба ҷангҳои чирикӣ алайҳи нирӯҳои Украина идома хоҳанд дод.

Телевизионҳои давлатии Русия ҳатто аз дасти ҷудоиталабон рафтани Словянску Краматорскро як "дастовард"-и дигари ҷудоиталабон тафсир мекунанд ва аз он ситоиш мекунанд, ки онҳо моҳирона худро аз муҷҳосира берун овардаандва гӯё нирӯҳои давлатии Украина пеши роҳи фирори ҷудоиталабонро гирифта натавонистаанд.

Аммо ҷониби Украина мегӯяд, тасарруфи Словянск дар пайи ҷангҳои шадиди шаби ҷумъа ба шанбе муяссар шуд. Бино ба хабарҳо, ҷудоиталабон дар ин набардҳо дастикам 5 тонку зиреҳпӯш ва чандин нафар аз нирӯҳои худро аз даст дода, маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд.

Валерий Гелетей

Валерий Гелетей

Тасарруфи Словянск то имрӯз бузургтарин комёбии амалиёти густардаи зиддитеррор аст, ки нирӯҳои Украина алайҳи ҷудоиталабони рӯ ба Маскав дар вилоятҳои шарқии бо Русия ҳаммарзи Донетску Луҳанск ҳанӯз 15 апрел оғоз карда буданд.

Аз тарафи дигар, ин пешравии нирӯҳои Украина ҳамагӣ як рӯз баъд аз вазири дифоъ таъин шудани Валерий Гелетей иттифоқ уфтод. Геретей дар як изҳороте ки дар сомонаи раисиҷумҳури Украина нашр шуд, шахсан ба раисиҷумҳур Петро Порошенко гузориш дод, ки парчами Украинаро дар маркази Словянск, бар боми бинои Шӯрои шаҳрӣ, ки 3 моҳ боз ба ситоди ҷудоиталабон табдил ёфта буд, афрохтанд.

“Стрелок”

“Стрелок”

Вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков қаблан хабар дод, ки аксари чирикиҳои тарафдори Русия ва фармондеҳи аршади онҳо Игор Стрелков (Гиркин), мулаққаб ба “Стрелок”, Словянскро тарк кардаанд. Словянск, яке аз марказҳои саноатии минтақаи ошӯбзадаи Донбасс бо 120 000 аҳолиаш аз 6 апрел таҳти назорати ҷудоиталабон қарор дошт. Тавре Аваков дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ҷудоиталабон ба самти Горливка, тақрибан 30-километрии ҷанубушарқи Словянск, ки аксаран таҳти назорати чирикиҳост, ақиб менишинанд.

Дар Украина бар ин боваранд, ки фармондеҳи ҷудоиталабони Словянск Игор Стрелков сарҳанги нирӯҳои разведка(таҷассус)-и низомии Русия аст. Ин идора бо номи ГРУ – идораи марказии таҷассусии артиши Русия маъруф аст. Ҳам Стрелков ва ҳам Маскав ҳар навъ даст доштани ГРУ дар ошӯбҳои ахири шарқи Украинаро рад мекунанд. Ин дар ҳолест ки Ғарб низ иддао дорад, ки Маскав ин ошӯбҳоро ба ҳадафи бадном кардани раҳбарони рӯ ба Аврупое, ки дар Украина ба қудрат расидаанд, таъмини пулу силоҳ мекунад, то назораташ бар вилоятҳои умдатан русзабони шарқи Украинаро нигоҳ бидорад.

Харитаи нуқтаҳои доғи шарқи Украина

Харитаи нуқтаҳои доғи шарқи Украина

Украина баъди суқути ҳукумати раисиҷумҳури рӯ ба Маскаваш Виктор Янукович дар поёни моҳи феврал ба вартаи бӯҳрони амиқи сиёсие фурӯ рафт, ки дар шарқи ин кишвар ба низои мусаллаҳона печидааст. Баъди дар Украина ба қудрат расидани нирӯҳои ғарбгаро Русия дар моҳи март нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол карда, бо баргузории як райъпурсӣ ин вилоятро бо шаҳри Севастопол ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.

Ба дунбол аз моҳи апрел, нирӯҳои ҷудоиталаби тарафдори Русия дар вилоятҳои Луҳанску Донестк сар бароварда, чандин шаҳр дар ин ду вилояти умдатан русзабон, бо шумули марказҳои маъмурии ҳарду вилоятро тасарруф карданд. Ҳукумати Украина аз 15 апрел алайҳи ҷудоиталабон дар ин ду вилоят “амалиёти зиддитеррор”-и густардаеро ба роҳ андохтааст, вале ин амалиёт то кунун чандон комёб нашудааст.

Ҷудоиталабон рӯзи 11 май бо баргузории райъпурсиҳо дар ин ду вилоят ҳатто аз таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” хабар доданд ва ҳоло талош доранд, ҳарду минтақаи ҷудоиталабро дар як даавлати худхондае бо номи “Новороссия” муттаҳид кунанд. Дар Донетску Луҳанск тақрибан 6,5 миллион нафар, ё тақрибан 15 дарсади аҳолии Украина ба сар мебарад. Қариб нисфи онҳо русзабонанд.

Дар Киев ва дар Ғарб бар ин боваранд, ки ҷунбишҳои ҷудоиталаби русзабонҳо дар шарқи Украина аз сӯи Русия таъмини молӣ ва раҳнамоӣ мешаванд. Маскав инро рад мекунад, вале мегӯяд, аз ҳуқуқи русзабонҳо дар Украина ҳамчунон ҳимоят хоҳад кард. Амрикову Аврупо ба далели дахолатҳояш дар умури Украина аз моҳи март ба ин тараф алайҳи Русия се бастаи таҳримот ҷорӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG