Пайвандҳои дастрасӣ

Украина бегаз намемонад. Ҳадди ақал дар зимистон


Чанбар дар дасти "Газпром" аст, ки лӯлаашро кушояд ба тарафи Украина ё ...

Чанбар дар дасти "Газпром" аст, ки лӯлаашро кушояд ба тарафи Украина ё ...

Украина дастикам дар ин фасли зимистон бегаз намемонад - чунин аст як натиҷаи асосии музокироти мақомоти энержии Русияву Украина ва Иттиҳодияи Аврупо дар Берлин.

Иттиҳодияи Аврупо, Украина ва Русия дар бораи ҳалли муваққати масъалаи интиқоли газ ба Украина ва Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқи муваққате даст ёфтанд, ки метавонад аз камбуди газ дар Украинаву Иттиҳодияи Аврупо дар зимистони соли ҷорӣ пешгирӣ кунад.

Гюнтер Оттингер - кумиссари Иттиҳодияи Аврупо дар умури энержӣ рӯзи 26 сентябр дар Берлин баъд аз мулоқоти сеҷониба гуфт, Украина то охири моҳи октябр бояд 2 миллиард доллар ба Русия пардохт кунад. Як миллиарду як миллиони дигар бояд то поёни сол пардохт шавад.

Оттингер, ки бо Александр Новак - вазири энержии Русия ва Юрий Продан - вазири энержӣ ва саноати ангишти Украина музокира анҷом дод, гуфт, ки ба бовари Иттиҳодияи Аврупо, ин ҳалли муваққат қобили қабул аст ва заминаи интиқоли газ то баҳори соли ояндаро фароҳам меорад: “Ман бовар дорам, ки ин ҳалли қобили қабул аст. Аслан ин чунин маъно дорад: Украина муваззаф шудааст, ки худаш нархи газро ба маблағи 2 миллиард евро ба шарикони русиаш то поёни моҳи октябр пардохт кунад. Кумиссиюн аз Сандуқи байналмилалии пул пешакӣ замонат мегирад.”

Музокирот дар Берлин

Музокирот дар Берлин

Оттингер афзуд, ҳам мақомоти Украина ва ҳам мақомоти Русия ин қарордоди пешниҳодиро бо ҳукуматҳои худ баррасӣ хоҳанд кард. Бо вуҷуди ин Юрий Продан - вазири энержӣ ва саноати ангишти Украина гуфт, ки то ҳол дар бораи нархи газ бо Русия мувофиқа ҳосил нашудааст.

Андрей Коболев - раиси ширкати давлатии “Нафтогаз”-и Украина қавл дод, ки барои таъйини нархҳо бо Маскав муборизаро идома медиҳад, зеро иддао дар бораи миллиардҳо доллар қарздор будани Украина аз пули газ танҳо иддаои Маскав аст. Коболев дар сафҳаи Facebook-и худ навиштааст, ки “ягон то ҳол тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст ва ягон қарордод имзо нашудааст.”

Аз сӯи дигар, рӯзи 27 сентябр Александр Новак - вазири энержии Русия ба шабакаи телевизионии Россия-24 гуфт, ки се ҷониб, яъне Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва Украина бори дигар рӯзҳои 2-3 октябр барои ҳалли масоили мавриди баҳс бо ҳам мулоқот хоҳанд кард.

Навбати газ дар роҳи байни Донетску Луҳанск

Навбати газ дар роҳи байни Донетску Луҳанск

Агар бар асоси қарордоди пешниҳодӣ Маскав то поёни моҳи октябр 2 миллиард долларро бигирад ва барои ҳар 1000 метри мукааб пешакӣ 385 долларӣ пардохт шавад, Русия бояд 5 миллиард метри мукааб газ ба Украина интиқол диҳад. Вале Продан мегӯяд, ки Украина то ҳол ба нархи 385-долларӣ мухолиф аст, зеро он аз нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва нархе, ки Иттиҳодияи Аврупо ба “Газпром”-и Русия пардохт мекунад, боз ҳам бештар мебошад.

Русия дар пайи суқути ҳукумати рӯ ба Маскави Виктор Янукович ва рӯи кор омадани ҳукумати рӯ ба Аврупо дар Украина аз баҳори соли равон нархи газашро барои Украина ба маротиб боло бурд ва барои ҳар 1000 метри мукаабаш қариб 500 доллар хост. Ин дар ҳоле буд, ки “Газпром” барои газаш аз кишварҳои аврупоие, ки дар фосилаи хеле дуртар аз Украина ҷойгиранд, ҳаққи камтар мегирад. Киев ба ин далел нархи хостаи Маскавро “ғоратгарона” номид ва гуфт, ба ҳеҷ сурат, ба ин фишори Русия тан нахоҳад дод.

Иттиҳодияи Аврупо барои ҳалли бӯҳрони энержии Русия ҳатто роҳҳои таъмини ин кишвар бо газ аз ҳисоби бозпас фиристодани он аз Аврупоро, ки назар ба нархи таҳмилкардаи “Газпром” арзонтар меуфтод, баррасӣ мекард. Аз ҷумла қарор буд, ки Украина дар сурати забон наёфтанаш бо “Газпром” аз ҳисоби реверси газ аз амборҳои ворқеъ дар қаламрави Словакия бо газ таъмин шавад.

Музокироти ахир дар Берлин умедеро зинда кардааст, ки Украина бо 46 миллион аҳолиаш бегаз намемонад. Дасти кам дар ин фасли сармо, ки алакай дари Аврупоро кам-кам кӯфта истодааст.

XS
SM
MD
LG