Пайвандҳои дастрасӣ

Пешсафии эътилофи Порошенко ва ҳизби Ятсенюк дар Украина (ВИДЕО)


Натиҷаҳои экзит-поллҳо дар Украина

Натиҷаҳои экзит-поллҳо дар Украина

Натиҷаҳои экзит-поллҳо дар Украина аз пешсафии эътилофи раисиҷумҳур Петро Порошенко ва ҳизби сарвазир Арсений Ятсенюк дар интихобот пеш аз мӯҳлати порлумон ин кишвар дарак медиҳанд.

Дар Украина раъйдиҳӣ барои интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумони ин кишвар анҷом ёфт. Натиҷаҳои экзит-поллҳо аз бартарии қобили мулоҳизаи ътилофи раисиҷумҳур Петро Порошенко ва ҳизби сарвазир Арсений Ятсенюк аломат медиҳанд. Ҷои сеюмро ғайриинтизор иттиҳодияи "Самопомич"-и Андрей Садовой ба даст овардааст.

Бар асоси натиҷаҳои экзит-полли миллӣ, ҳизби "Эътилофи Петро Порошенко"-и раисиҷумҳури Украина бо касби 23 дарсади оро пешсаф аст.Ҷабҳаи мардумии сарвазири Украина Арсений Ятсенюк бо 21,3 фоиз дар ҷои дувум қарор гирифтааст.

Эътилофи "Самопомич" ба таври ғайриинтизор 13, 2 фоизи овозҳоро ба худ ихтисос медиҳадю "Эътилофи мухолифин", ки дар заминаи ҳизби минтақаҳои ҳамагӣ як сол пеш дар Украина ҳоким таъсис ёфт, 7,6 дарсад, ҳизби қавмгарои "Свобода" 6,3 фоиз, ҳизби радикалии сиёсатмадори дигари қавмгаро Олеҳ Ляшко ва ҳизби Баткившинаи сарвазири собиқ Юлия Тимошенко 5,6 фоиз раъй ба даст меоранд.

Натиҷаҳои ду экзит-полли дигар низ нишон медиҳанд, ки ҳамин 7 ҳизбу эътилоф тақрибан бо чунин натиҷаҳо садди 5-дарсадиро убур карда, ба ҳайати ояндаи Верховни Рада - порлумони Украина роҳ меёбанд.

Интихоботи "ғайринавбатӣ" дар Украина

Интизор меравад, ин маърака ҳаракати Украина ба сӯи Ғарбро ниҳоӣ кунад. Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ба ин далел интихоботи рӯзи 26 октябрро "таърихӣ" номидааст.

Порошенко рӯзи 26 октябр баъд аз раъй додан дар яке аз қитъаҳои овоздиҳӣ дар Киев гуфт, ин маърака "интиқоли қудрат"-ро, ки бо суқути ҳукумати рӯ ба Маскави президенти пешин Виктор Янукович оғоз ёфт, ниҳоӣ мекунад. Янукович моҳи феврали соли 2014, баъди 3 моҳи эътирозҳои беист дар маркази пойтахт, шаҳри Киев, ва гӯшаҳои дигари Украина барканор шуд ва ба Русия паноҳ бурд.

Порошенко изҳори умед кард, ки ӯ тавони ташкили "як эътилофи қавии демократии рӯ ба Аврупо ва рӯ ба Украина"-ро хоҳад дошт.

Порошенко қаблан дар паёми интихобиаш аз интихобкунандагон хост, порлумонеро интихоб кунанд, ки "ислоҳталаб бошад, на фасодзада, рӯ ба Аврупо бошад, на тарафдори Шӯравӣ."

Юлия Тимошенко, сарвазири собиқи Украина рӯзи 26 октябр дар зодгоҳаш - шаҳри Днепропетровск - раъй дод. Аммо нуфузи "маликаи газ"-и собиқ ҳоло ба гунае нест, ки дар солҳои пеш ва ҳизби "Баткившина"-и ӯ баъди аз даст додани шахсиятҳои калидиаш, назири сарвазир Арсений Ятсенюк, талош дорад, то ҳадди ақал садди 5-дарсадиро гузашта, ба порлумон роҳ ёбад.

Барои ширкат дар ин маърака ҳудуди 36,5 миллион нафар сабти ном шудаанд, вале беш аз 4 миллиони онҳо дар вилоятҳои шарқии Донетску Луҳанск, дар қисматҳое ба сар мебаранд, ки таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Маскав қарор доранд. Ҷудоиталабон баргузории интихоботи порлумонии Украинаро дар манотиқи таҳти назорати худ иҷозат намедиҳанд. Мақомот мегӯянд, дар ин ду вилояти ошӯбзада аз 32 ҳавза 15 ҳавзааш фаъолият карда наметавонанд. Ба ин далел, 27 курсӣ аз 450 курсии Верховни Рада- порлумони Украина - холӣ хоҳанд монд.

Порошенко дар Краматорск

Порошенко дар Краматорск

Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳур Петро Порошенко дар рӯзи интихобот бо як сафари ғайриинтизор ба минтақаи ошӯбзадаи Донбасс, ки вилоятҳои Донетску Луҳанскро дар бар мегирад, сафар кардааст.

Порошенко дар саҳифаи расмиаш дар Твиттер хабар дод, ки "Ман ба Донбасс расидам." Ӯ аксашро ҳангоми мулоқот бо мардум дар як қитъаи овоздиҳӣ дар шаҳри Краматорск нашр кардааст. Ин шаҳр дар минтақае ҷойгир шудааст, ки 7 моҳ яке аз ҷабҳаҳои ҷанги нирӯҳои давлатӣ бо ҷудоиталабон буду ҳоло таҳти назорати Киев қарор дорад.

Ҳамсари ӯ Марина Порошенко дар Киев ба хабарнигорон гуфт, президент "барои назорати ҷараёни интихобот сафар кардааст." Дафтари Порошенко гуфт, ки ӯ барои раъй додан ба пойтахт бар хоҳад гашт. Бино ба назарсанҷиҳо, эътилофи Петро Порошенко метавонад шумори бештарини курсиҳо дар порлумони ояндаро ба даст биорад.

Ҷабҳаи мардумӣ - ҳизби нави сарвазир Арсений Ятсенюк ва чанд мақоми дигари баландпояи Украина - низ интизор меравад, дар қатори бархе аҳзоби қавмгаро, бо шумули ҳизби радикалии Олеҳ Ляшко ба Верховни Рада роҳ биёбад. Ляшко рӯзи 24 октябр гуфт, ба хотири ислоҳоти радикалӣ ва тағйири радикалии вазъ ба порлумон меравад.

Барои бори аввал аз замони касби истиқлоли Украина баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳизби коммунист дар ин кишвар зоҳиран наметавонад садди 5-фоизӣ барои роҳ ёфтан ба ҳайати порлумони ояндаро убур кунад.

Ҳизби минтақаҳои рӯ ба Русия, ки ҳамагӣ 10 моҳ пеш аксари курсиҳои порлумони Украинаро дар назорат дошт, низ дар ҳайати ояндаи Верховни Рада нахоҳад буд. Аксари тарафдорони ин ҳизб, тавре интизор меравад, раъйи худро ба Эътилофи нави мухолифин, ки аксари аъзои ҳизби Янукович баъди тарки ҳизби минтақаҳо ба он пайвастаанд, бидиҳанд.

Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки аксари украиниҳо аз ислоҳоти иқтисодиву демократӣ ва мубориза бо фасод, ки дар ниҳоят пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупоро ба ҳадаф доранд, пуштибонӣ мекунанд. Аммо низоъ дар шарқи Украина рӯи интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумонаш соя андохтааст.

Донетск, 24 октябр

Донетск, 24 октябр

Оташбаси моҳи сентябр эълоншуда ба ҷангҳо асосан нуқта гузошт, вале даргириҳои пароканда бо ҳалокати афрод аз миёни чӣ нирӯҳои давлатӣ, чӣ чирикиҳо ва чӣ мардуми мулкӣ ҳар рӯз идома дорад. Танҳо аз 24 октябр ба ин тараф, ба гуфтаи сухангӯи мақомоти низомии Украина, 10 сарбози ин кишвар дар даргириҳо дар Донетску Луҳанск ҷароҳат бардоштаанд.

Тайи 7 моҳи ҷангҳо дар шарқи Украина беш аз 3700 нафар ҷон бохта, садҳо ҳазори дигар бехонавудар шуданд.

Раҳбарони худхондаи "ҳукумат"-ҳои рӯ ба Маскави Донетску Луҳанск мегӯянд, онҳо рӯзи 2 ноябр бо баргузории интихоботҳои алоҳида порлумонҳои ба ном "Ҷумҳурии мардумии Луҳанск" ва "Ҷумҳурии мардумии Донетск"-ро интихоб хоҳанд кард. Киев, Амрико ва кишварҳои дигар ин интихоботҳоро ғайриқонунӣ хонда, гуфтаанд, натиҷаҳояшонро эътироф намекунанд.

XS
SM
MD
LG