Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни "бозии бузург" дар Украина наздик аст?


Коршиносон мегӯянд, панҷ сабабе мавҷуд аст, ки шояд ду рӯзи оянда вазъро дар Украина комилан тағйир диҳанд.

Пешгӯӣ кардани натиҷаҳои низоъ дар Украина ғайримумкин ба назар мерасад. Аммо сафари қарибулвуқӯи садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба Киев умедҳоеро дар дилҳо зинда карданд, ки шояд роҳи ҳалли бунбасти миёни Украинву Русия пайдо шавад ва ҷанги хунин дар Донбас оқибат поён ёбад.

Қарор аст, ки хонум Ангела Меркел рӯзҳои шанбеву якшанбе дар Киев бо мақомоти Украина дидору гуфтугӯ кунад. Коршиносон мегӯянд, ки айни ҳол панҷ сабабе мавҷуд аст, ки шояд ду рӯзи оянда вазъро дар Украина комилан тағйир диҳанд.

Олмон барои ҳалли бӯҳрон дасту остин бармезанад

Аз ин пеш – баъд аз шурӯи задухӯрдҳо миёни нерӯҳои давлатии Украина ва ҷудоихоҳони рустабор мансабдорони зиёди ғарбӣ, ба шумули нахуствазири Канада Стивен Ҳарпер, нойиби раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден, Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен аллакай ба Киев сафар карда буданд. Аммо хонум Меркел, ки кишвари дорои бузургтарин иқтисоди Аврупоро раҳбарӣ мекунад, дар садри баҳсҳои сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо аст ва бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин робитаҳои хело хуби корӣ дорад, метавонад назар ба дигар ҳамтоҳояш дар Иттиҳодияи Аврупо дар ин қазия нақши муассиртар дошта бошад. Сафари хонум Меркел бо даъвати раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко баъд аз таваҷҷуҳи начандон зиёди Иттиҳодияи Аврупо ба масоили Украина барои Киев хело муҳим ба назар мерасад.

Сафар дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки Ангела Меркел рӯзи 18 август дар суханроние дар Рига, дар робита ба мувозинати ноустувор миёни манфитҳои Шарқу Ғарб, бори дигар ба ҳамлаи ҷавобии НАТО ба ҳама гуна таҷовузи Русия ба кишварҳои Балтика ва Лаҳистон таъкид кард, аммо ҳузури доимии НАТО дар минтақаро баъид донист.

Бархе аз нашрияҳо навиштаанд, садри аъзам ба Киев бо тарҳе меояд, ки аз ҳама ҷонибҳо гузаштро тақозо дорад. Аз ҷумла, дар як матлаби рӯзномаи «The Independent” гуфта шудааст, ки бар пояи ин тарҳ нимҷазираи Қрим дар ихтиёри Русия мемонад ва аммо дар ивази ин Кремл бояд аз пуштибонии Донбасс даст бардорад ва барои имзои созиши дарозмуддати хариду фурӯши газ розӣ шавад. Тарҳи пешниҳодии хонум Меркел ҳамчунин дахолати Маскав ба ҳамоиши Киев бо Иттиҳодияи Аврупоро манъ кардааст. Киев, дар навбати худ, ӯҳдадор мешавад, ки ба НАТО шомил нахоҳад шуд. То куҷо дуруст будани ин гузориш аз сӯи манбаъҳои мутақил таъийд нашудааст.

Таърих гувоҳ аст….

Сафари Меркел бо ду санаи таърихии дигар мувофиқ меояд. 23 август аз имзои созишномаи Молотов-Риббентроп дар бораи худдорӣ аз ҳамла ба ҳамдигар миёни Олмони нозӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ 75 сол мегузарад. Ин санади махфӣ роҳ барои аз сӯи Маскав замима шудани кишварҳои соҳили Балтик ва бахше аз минтақаҳои Руминия, Лаҳистон ва Финляндияро ҳамвор кард. Як рӯз баъд – 24 август солгарди навбатии қабули эъломияи истиқлолияти Украина аз Иттиҳоди Шӯравӣ таври маъмул бо баргузории паради низомӣ таҷлил хоҳад шуд.

Порошенко ва Путин боз рӯ ба рӯ мешаванд

Дафъаи гузашта ин ду нафар моҳи июн бо ҳам вохӯрданд – он вақт дар Фаронса, ҳангоми таҷлил аз 70-солагии вуруд ба Нормандия, Путин ва Порошенко ба раҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам пайвастанд. Сӯҳбати онҳо кӯтоҳ буд, Меркел бошад бештар ҳарф зад, аммо натиҷаи андак ба даст овард. Акнун ин ду раҳбар бояд бори дигар рӯзи 26 август дар Минск рӯ ба рӯ шаванд – ҳамроҳ бо ҳайати Иттиҳодияи Аврупо таҳти раёсати раиси бахши сиёсати берунаи Иттиҳодия Кэтрин Эштон ва ду ҳампаймони асосии минтақаии Путин – раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ва раҳбри Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Мансабдорон аз ҳама ҷонибҳо дар бораи рӯзномаи мулоқот ҳарфҳои умумӣ гуфтанд, яъне масоили энерҷӣ, ниёзмандиҳои башарӣ ва «мушкилоти густурдаи сиёсӣ баррасӣ хоҳанд шуд ва кафолате мавҷуд нест, ки Порошенко ва Путин мулоқоти рӯ ба рӯ дошта бошанд.

Аммо мансабдорони украинӣ, аз ҷумла, Валерий Чалий, ёвари Порошенко, ишора намуд, ки «як харитаи роҳи возеҳи дипломатӣ» дар ҳоли таҳия шудан аст ва он ба ҷонибҳо имкон медиҳад, ки дар бораи ҳаракат аз ҷанг сӯи сулҳу оштӣ ҳарф зананд.

Маҷрои низомӣ тағйир мехӯрад?

Табъи мансабдорони украинӣ каме болида ба назар мерасад, аммо ин на ба дастовардҳо дар дипломатия, балки бештар ба комёбиҳо дар майдони набард дар шарқи кишвар рабт мегирад. Артиши Украина дар ҳафтаҳои аввали задухӯрдҳо дар моҳҳои апрелу май як нерӯи ноозмуда ба чашм мерасид. Бо истифода аз ин, ҷужоихоҳони пуштибони Маскав, ки ҳадс зада мешавад аз Русия нерӯву силоҳи зиёде дарёфт карданд, ба зудӣ бахши аъзами Донбассро ишғол карда, дар он ҷо ҳукуматҳои худро таъсис доданд ва раҳбарии онҳоро гумоштаҳои рустаборе, ки қаблан дар минтақаҳои ҷудоихоҳе чун Соҳили Днестр ва Абахозистон фаъолият мекарданд, бар ӯҳда гирифтанд. Онҳо ду шаҳри бузург – Луҳанск ва Донетскро таҳти назорат қарор доданд. Ҷудоихоҳон дар задухӯрдҳо аз мушакҳои «замин-ҳаво» ба хотири нобудсозии ҳавопаймоҳои украинӣ истифода мекарданд ва ҳадс зада мешавад, ки маҳз онҳо ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Малайзия бо 298 сарнишину халабонро ба замин сарозер намуданд. Ин иштибоҳи бузург Путинро барои пуштибонияш аз ошӯбгарон мавриди накӯҳиши ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор дод.

Ҳафтаҳои ахир нерӯҳои украинӣ аз ҷиҳати стратегӣ пешрафт доранд ва аз саддҳои ҷудоихоҳон гузашта онҳоро аз атрофи Донетск ва Луҳанск дур меандозанд. Албатта, поёни ҷанг наздик нест - аз майдони даргириҳо иттилои зидуннақиз мерасад. Хушунат дар мантақа бо баҳои ҷони одамони зиёде идома дорад – айни ҳол дар рӯйхати қурбониён беш аз 2800 сокини осоишта ва мусаллаҳони ду тараф сабт шудааст. Ҳатто агар нерӯҳои ҷудоихоҳон шикаст хӯрда минтақаро тарк намоянд, барои Киев вилоятҳои харобшуда ва мардуми озордида боқӣ хоҳанд монд.

Маскав ҳанӯз интихоб дорад

Чанде пеш ба назар мерасид, ки Маскав аз манфиати бардоштааш дар маъракаи Украина, ба вижа, дар Қрим ҳаловат мебарад ва аз он сархуш аст, ки қаламрави ҷанубии Русияро дубора ба ҳайаташ баргардонидааст. Аммо ҷанг сархуширо зуд бартараф кард. Ба дубмоли ҳадсу гумон дар мавриди даст доштанаш дар суқути ҳавопаймои малайзиягӣ, Кремл ба чанд шикасти молиявӣ мувоҷеҳ шуд. Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико алайҳи Русия бархе аз пуштибонҳои сармоядори Кремлро хашмгин карданд, ибтикори «ватандӯстона»-и Путин – манъи вуруди маводи озуқа аз кишварҳои ғарбӣ боиси боло рафтани қиммати ин мавод дар Русия шуд ва мушкилоти сангини бахши кишоварзии Русияро урён кард. Раисиҷумҳури Русия талош мекунад, ки аз ҳама норозигиҳои дохилӣ ҷилавгирӣ кунад.

Бештари нозирон ҳадс мезананд, ки Кремл дар бораи омодагияш барои даст бардоштан аз Украина паём медиҳад ва як намунаи ин ба гуфтаи онҳо, аз раҳбарии Донбасс канор рафтани раҳбарони ҷудоихоҳоне чун Игор Стрелков, зимнан, зодаи Маскав аст, ки дар Донбасс чун ҷосусони Кремл амал мекарданд.

Владимир Путин ҳафтаи гузашта дар як суханронии ғайриинтизор хело ороми худ дар Қрим ба ҳаққи Русия барои илҳоқи қаламрави пешини худ таъкид кард ва аммо паём дод, ки бо ҳамин феҳристи талошҳои империёвияш поён ёфтааст.

Бидуни шак, ба коҳиши вазъ умед бастан ҳоло барвақт аст. Аммо созише, ки дар он даъвои Маскав барои Қрим ба таври қонунӣ қонеъ мешавад, ба Путин имкон медиҳад, ки ҳамчун қаҳрамон ба хона баргардад, ҳарчанд ӯ он вақт Украинаро комилан аз даст медиҳад.

XS
SM
MD
LG