Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷудоихоҳони Украина аз Луҳанск ақибнишинӣ кардаанд


Нерӯҳои Украина як идораи пулисро аз дасти ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар шарқи он кишвар гирифтаанд.

Мақомоти артиши Украина мегӯянд, ки нируҳои ҳукуматии ин кишвар 17-уми август шӯъбаи пулиси шаҳри Луҳанскро ба контроли худ даровардаанд. Аз моҳи апрел то ҳол ин идораи пулис дар дасти шӯришёни ҷонибдори Русия буд. Луҳанск дар наздикии марз бо Русия ҷойгир аст.

Андрий Лисенко-сухангӯи артиши Украина гуфт, дар давоми 24 соати гузашта аз Русия ба хоки Украина силоҳу ҷангафзорҳои нави Русия ворид шудааст ва се системаи мушакии Град низ аз ҷумлаи онҳо мебошад. Пештар аз ин низомиёни Украина гузориш доданд, ки шӯришиёни ҷонибдори Русия як ҳавопаймои ҷангиро дар Луҳанск задаанд. Халабон аз ҳавопаймо паридааст ва низомиёни Украина вайро наҷот додаанд.

Дар ҳамин ҳол масъалаи вуруди корвони кӯмаки Русия ба Украина то ҳол комилан ҳал нашудааст. Салиби Сурх эълон кардааст, ки баъд аз тавофуқоти мақомоти марзбонӣ ва гумрукии Русияву Украина ба тафтиши нахустин гурӯҳи мошинҳои ёрии башарии Русия оғоз мекунанд.

Дар хориҷ низ талошҳо барои қатъи даргириҳо дар шарқи Украина давом дорад. Дар ҳоле, ки задухӯрд миёни нируҳои ҳукуматии Украина ва шӯришиён дар шарқи ин кишвар қатъ нашудааст, вазирони корҳои хориҷаи чаҳор кишвар, Украинаву Русия ва Олмону Фаронса дар Берлин роҳҳои қатъи ин ҷангро баррасӣ мекунанд.

Франк-Вплтер Штайнмайер - вазири корҳои хориҷии Олмон изҳори умед кард, ки ин музокирот ба даргириҳо дар шарқи Украина бояд хотима гузорад. Штайнмайер гуфт, қатъи даргириҳо заминаро барои “ёрии фавриву зарурӣ” ба минтақа фароҳам меорад.

Фаронса мегӯяд, ки ин музокирот метавонад, нахустин қадам барои фароҳам овардани заминаи мулоқоти рӯ ба рӯи раисони ҷумҳури Украинаву Русия бошад. Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса аз Русия хост, ки ба тамомияти арзии Украина эҳтиром гузорад ва аз фаъолиятҳои низомӣ худдорӣ кунад.

Дар остонаи ин мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи чаҳор кишвар Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина хабар дод, ки 16 август нируҳои ҳукуматӣ Жданивкаро дар 40 километрии шимоли шарқи шаҳри Донетск ба назорати худ даровардаанд. Вале то ҳол манобеи мустақил ин хабарро таъйид накардаанд.

Хабаргузории ҷудоихоҳон бо номи “Новороссия” дар бораи даргириҳо дар Жданивка гузориш надодааст, вале гуфтааст, ки дар чанд шаҳраки атрофи Донетск садои тирандозӣ ба гӯш расидааст ва чанд нафар аз аҳолии маҳаллӣ кушта шудаанд.

15 август Александр Захарченко-нахуствазири ҷумҳурии худхондаи Донетск гуфт, ки дар рӯзҳои наздик ба кӯмаки ҷудоихоҳон 150 зиреҳпӯш ва 1200 нафар хоҳанд расид, ки дар Русия машқ дидаанд.

Дар ҳамин ҳол, Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина зимни як гуфтугӯи телефонӣ бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон аз вай даъват кард, ки ҳафтаи оянда аз Украина боздид кунад. Порошенко гуфтааст, ки дар ҷараёни ин боздид ҳар ду ҷониб масъалаҳои мавриди алоқаи Украинаву Олмонро баррасӣ хоҳанд кард. Порошенко изҳори умед кардааст, ки дар ҷаласаи Шӯрои Аврупо 30 август ба вазъи Украина таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Порошенко гуфтааст, ки мехоҳад дар ин ҷаласа суханронӣ кунад ва раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро аз вазъи Украина огаҳ созад.

XS
SM
MD
LG