Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси БДА баъди фош шудани зиндагии шоҳонааш истеъфо дод


Олександр Ершов аз рӯзи 4 апрели таъйин шуданаш ба мақоми раиси хадамоти Бозрасони автомобилии Украина, иҷрокунандаи ин вазифа буд.

Олександр Ершов баъди он номаи истеъфояшро ба вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков таслим кард, ки бахши Украинии радиои Озодӣ ва матбуоти дигар дар бораи зиндагии шоҳонаи ӯву аҳли хонаводааш таҳқиқоти худро анҷом доданд.

Аваков, ки дар бораи истеъфои раиси ГАИ дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод, гуфт, маълумоти дар матубот нашршударо таҳқиқ мекунад.

Президенти Украина Петро Порошенко ваъда дод, ки зидди фасод бо шадидтарин шева мубориза мебарад. Маҳз масъалаи фасоди домангир буд, ки мардуми норозӣ аз ҳукумати президенти собиқ Виктор Янукович дар Майдон ҷамъ омада, ӯро феврали соли 2014 ба тарки кишвар кардан водор намуданд.

Бахши Украинии радиоди Озодӣ мегӯяд, ки Ершов дар гузориши дороиҳои худ маълумоти пурраро дар бораи даромадҳои худ ва ҳам вуҷуди як вилларо дар беруни шаҳри Киев маълумот надодааст. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби дар бораи вилла хабар надоданаш ин будааст, ки гӯё ин манзил суроғаи расмӣ надорад. Вай журналистонро дар пахши матолиби интиқодӣ дар ҳақаш айбдор карда гуфтааст, ки матбуот барои нашри чунин мақолаҳо пул мегирад.

Дар гузашта аксар моликияту дороиҳои хонаводаи Ершов ба номи ҳамсараш сабт шудааст. Дар гузориши охирини худ ба мақомот дар бораи дороиҳову даромадаш ӯ навиштааст, ки моҳе на бештар аз 1000 евро пул дарёфт мекунад. Он замон ӯ раиси хадамоти бозрасони давлатӣ дар шаҳри Харкив будааст.

Айни замон, таҳқиқоти журналистии Бахши украинии радиои Озодӣ собит кардааст, ки Ершов, ҳамсараш Оксана ва ду духтараш Анастасия ва Дарина соҳиби мошинҳои шахсие ба қимати умумии 400 ҳазор доллар мебошанд. Вале соли 2013 Ершов гузориш додааст, ки танҳо соҳиби як мошин аст.

Ба фарқ аз падар, духтарони Ершов аз ҷомеа дороиҳои худ, аз ҷумла мошинҳои гаронашонро пинҳон намекунанд. Духтари калонии ӯ Анастасия, ки ҳамчун як тарроҳи либос ҳам ном баровардааст, дар як аксе дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм дар баробари мошини “Порше Каён” ҷилвагар шудааст.

Духтари хурдиаш Дарина дар акси соли 2013-аш дар баробари як мошини “Ренҷ Ровер” ҳувайдо шудааст, ки зоҳиран дар зодрӯзаш тақдим шудааст.

Анастасия Ершова

Анастасия Ершова

Ҳарду духтари раиси собиқи ГАИ сайру саёҳатро дӯст медоштаанд. Радиои Озодӣ ҳисоб кардааст, ки дар давоми шаш моҳи охир онҳо аз 9 кишвари ҷаҳон дидан ва аксу видеоҳои аз ин сафарҳо бардоштаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд. Ҳамчунин маълум шудааст, ки онҳо дар сафар кам андар кам аз бахши “economy class” истифода мекунанд. Аз рӯи аксҳо дидан мумкин аст, ки хоҳарон дар ҷазираҳои Сардиня, ИМА ва тафреҳгоҳҳои Фаронса истироҳат мекунанд.

Вале худи Ершов мегӯяд, ки духтаронаш зиндагии мустақил дошта, танҳо бо даромади худ рӯз мегузаронанд ва аз муваффақиятҳои шахсии худ баҳра мебаранд. “Ин кори худи онҳост, ман ба зиндагии онҳо дахолат намекунам”, гуфт Ершов дар сӯҳбат бо бахши Украинии радиои Озодӣ. Аваков Ершовро рӯзи 4 апрел ба мақоми иҷрокунандаи раиси ГАИ таъйин кард. Олександр Сиренко, раиси пешини ГАИ-и Украина баъди иттиҳомоти ӯ дар фасод ба истеъфо рафт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG