Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина: Се вилоят ба эътирозҳои Киев пайваст


Дар 13-умин рӯзи эътирозҳои Украина сокинони минтақаҳои дигари кишвар ба Киев барои идомаи эьтисоб кашида мешаванд.

Виталий Клчко, раҳбари ҳизби мухолифи “Удар” аз украиниҳои саросари кишвар хост, ки ба Киев оянд, зеро дар “ин ҷо сарнавишти кишвар ҳал мешавад”. Вуруд ба бинои ҳукукмат ҳамчунон баста аст ва кормандони ҳукумат натавонистанд вориди дафтарҳои кории худ шаванд. Дар мусоҳибае бо Анна Райская, хабарнигори радиои Озодӣ дар Киев дар ибтидо пурсидам эътирозгарон дархостҳои худро дар ин рӯзҳо тағйир додаанд ва ё ҳамон дархости пешин боқӣ мондааст?

Райская: Дар оғоз мардум барои имзо нашудани мувофиқатномаи тиҷҷорӣ бо Аврупо эътироз мекарданд. Аммо баъд аз задухӯрди сахти донишҷӯён дар шоми якшанбе дар майдони “Истиқлол” хостҳои мардум тағйир ёфт. Ҳоло хостҳои онҳо сиёсӣ шудааст ва онҳо мегӯянд, ки бояд ҳукумат ва раиси ҷумҳур истеъфо диҳанд.

Озодӣ: Оё дар доираҳои ҳукуматӣ масъалаи ҷорӣ кардани вазъи изтирорӣ ё қуюди шабгардӣ дар Киев ё нуқоти дигари Украина баррасӣ мешавад?

Райская: Бале, тибқи гузоришҳо дар ин бора, ки дирӯз (1 декабр) дар назди раёсати ҷумҳурӣ задухӯрд шуда буд, дар ин бора матолибе ба нашр расидааст. Вале ҳам дирӯз ва ҳам имрӯз сухангӯи нахуствазири Украина гуфт, ки вазъ таҳти контроли давлат аст ва ҳеҷ зарурат барои ҷорӣ кардани вазъи изтирорӣ нест.

Озодӣ: Барномаи ояндаи мухолифон чӣ аст?

Райская: Дирӯз раҳбарони мухолифон барномаи сиёсии худро матраҳ карданд. Гуфтанд, ки аввалин кори онҳо эътироз дар назди биноҳои давлативу ҳукуматӣ мебошад. Аз ҳаводорони худ дар минтақаҳо даъват карданд, ки ба Кеив биёянд, зеро қарор аст, ки Киев маркази эътирозҳо бошад. Ҳамчунин аз мардуми кишвар хостанд, ки дар эътисобҳои сартосарӣ ширкат варзанд. 2 декабр се минтақаи Украина барои ширкат дар эътисоби сартосарӣ изҳори омодагӣ карданд. Эътисоб дар назди биноҳои давлатӣ идома дошт ва кормандони кобина натавонистанд барои идомаи кор ба дафтарҳои худ ворид шаванд. Хости аввали онҳо акнун канорагирии давлат аст ва мегӯянд, ки бояд парлумон ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи онҳо рай диҳад. Ин лоиҳаро мухолифон ҳафтаи гузашта ба парлумон фиристода буд. Ё дар сурати ғайр раиси ҷумҳур бо дастуре бояд ҳукуматро пароканда кунад. Ба гуфтаи онҳо, ин қадами аввал аст. Ҳамчунин ба тозагӣ эълон карданд, ки онҳо хостори раҳоии фаврии зиндониёни сиёсӣ мебошанд.
Пешбинии вазъ хеле душвор аст. Муовини нахуствазир эълон кард, ки ҳукумат истеъфо нахоҳад дод. Раиси парлумон ҳам аз мухолифон ва давлат хостааст, ки бо ҳам вориди музокира шаванд. Вай ҳамчунин гуфт, ки раиси ҷумҳури Украина аз ҳар тасмими парлумон ҳимоят хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG