Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лигаи қаҳрамонони Аврупо. "МЮ"-"Бавария" ва "Барселона"-"Атлетико"


Маросими қуръакашии марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми қаҳрамонони футболи Аврупо баргузор шуд ва ҳашт дастаи роҳёфта ба ин марҳила, рақибони худро шинохтанд. Бозии ниҳоии ин фасл дар Лисаббон баргузор хоҳад шуд.

Маросими қуръакашӣ рӯзи 21-уми март дар Шведсария баргузор шуд ва ду дастаи испаниёӣ --"Барселона" ва "Атлетико" ба ҳам рӯбарӯ шуданд. Як бозӣ аз марҳилаи ниманиҳоии фасли қабл, ҳамчунон финали рӯёӣ ва дроматикии соли 1999 дар Ню Камп, такрор шуд.

"Манчестер Юнайтед" ҳарифи "Бавария"-- қаҳрамони фасли гузаштаи ин сабқат шуд. Дар ҳоле, ки дастаи "Манчестер Юнайтед" вазъияти идеалӣ чун даврони мураббигарии Алекс Фаргюсонро надорад, "Бавария" бо раҳбарии Ҷосеп Гвардиола дар беҳтари вазъият қарор дорад ва яке аз хавфноктарин дастаҳои даҳ соли ахири футбол дар Аврупо табдил шудааст.

"Манчестер" ҳоло бо 18 имтиёзи камтар нисбат ба садрнишини ҷадвал "Челсӣ" дар раддаи ҳафтуми Лигаи бартари Англия қарор дорад. Ҳаводорони "Манчестер Юнайтед" беш аз ду даҳсола аст, ки чунин мавқеияти сахтро ба хотир оварда метавонанд. Аммо "Бавария" бо 23 имтиёз ихтилоф нисбат ба дастаи дувум, садрнишини "Бундес Лига"-и Олмон аст. Онҳо аз 25 бозӣ дар 23 то пирӯз шуда ва ду бозиро мусовӣ анҷом додаанд ва то ба ҳол шикаст нахӯрдаанд.

"Реал"-Мадрид дар ин марҳила бояд ба муқобили "Боруссия"-Дортмунд, ки дар фасли гузаштаи Лигаи қаҳрамонон мақоми дувумро касб карда буд, биравад. Мадридиҳо фасли гузашта дар марҳилаи ниманиҳоӣ аз сӯи ҳамин даста аз мусобиқа берун карда шуданд. Дортмуниҳо ҳоло ботаҷрибатар шуда ва пас аз расидан ба марҳилаи ниҳоӣ дар соли гузашта, ҳоло дар сар ҳавои қаҳрамониро доранд.

"Челсӣ" ки мизбонии бозии баргаштро ба ӯҳда дорад, бар асоси қуръакашӣ муқобили "ПСЖ"- Фаронса қарор мегирад. Рақибе, ки дар қиёс бо бақияи дастаҳо метавонад беҳтарин гузина қаламдод шавад. Обипӯшони Лондон бо Ҷозе Моуриню муддаии аслии қаҳрамони дар Лигаи бартари Англия ҳастанд. "ПСЖ" ҳам бо ихтилофи зиёд аз тими дувум, садри ҷадвали футболи Фаронсаро дар ихтиёр дорад.

Дар дидори пурраи испаниягӣ, "Барселона" бояд бо "Атлетико"-Мадрид рӯбарӯ шавад. Ҳар ду даста дар "Ла Лига"-и Испания рақобати танготанг доранд ва "Атлетико" бо 67 имтиёз дар раддаи дувум ва "Барселона" бо як имтиёз камтар, дар мақоми севуми ҷадвал қарор доранд.

Бозиҳои рафт дар рӯзҳои якум ва дувуми апрел ва дидорҳои бозгашт ҳам 8 ва 9-уми апрел ба анҷом хоҳанд расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG