Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ахиран ҳукми худ дар нисбати як парвандаи пурсару садоро содир кард. Ҳукми додгоҳ ин буд, ки се ҷавони сокини деҳаи Ёли ҷамоати ба номи Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) дар муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир, убури ғайриқонунии марзи Афғонистон ва ҳам ба гарави қочоқбарон мондани яке аз дӯстонашон гунаҳгор дониста мешаванд. Додгоҳи ноҳия ҳукм кард, ки Алишери Абдуҳафизи 18-сола, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 11 ва Раҳималии Шарифи 19-сола, донишҷӯи соли якуми Литсейи касбии хизмат ва туризм - сокинони деҳаи Ёл ба мӯҳлати 14 соз аз озодӣ маҳрум мешаванд. Нафари сеюм - Аҳмадшоҳ Шерови 18-сола, ки аз ҷониби дӯстонаш ба дасти қочоқбарон ба гарав супурда шуда буд, ба мӯҳлати 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Аз рӯи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки моҳи феврал дар хабаргузории "Ховар" нашр шуд, дар як ҳодисаи моҳи январи соли ҷорӣ баъди боздошти ду гумонбари аввал ва ба ҳангоми тафтишот аз дохили пинҳонгоҳи махсуси воқеъ дар мавзеи «Дашти ришқа»-и деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод се халта маводи мухаддир бо 55 бастаи дорои бӯйи махсус ошкор карда шуд. Ҳаҷми куллии маводи мусодирашудаи мухаддир аз 17 килограмм афюн ва 15 ҳашиш иборат будааст.​ Тафтишот гуфт, ки боздоштшудаҳо бо як қочоқчии афғон Назрихудо валади Паҳлавондарё созиши ҷиноятӣ баста, бар ивази маводи мухаддир рафиқ ва ҳамдеҳаи худ Аҳмадшоҳ Шеровро ба нашъаҷаллобони афғон ба гарав гузоштанд. Аҳмадшоҳ Шеров баъдан дар як амалиёти ниҳодҳои қудратӣ аз дасти қочоқчиён озод шуд.

Абдуҳафиз Шеров, падари Аҳмадшоҳ Шеров рӯзи панҷшанбеи 16-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ маҳкум ба зиндон шудани писарашро тасдиқ кард ва гуфт, ки додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин писари ӯро ба мӯҳлати 6 сол барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз озодӣ маҳрум кард. Ҷаноби Шеров афзуд, ки ҳоло писараш ҷазоро дар муассисаи ислоҳии ноболиғон пушти сар мекунад.

"Аз дасташон ҳамон вақт маводи нашъадор дарёфт карданд, барои ҳамин нисбати фарзанди ман додгоҳи ноҳия 6 ва нисбати ҳамроҳонаш 14-солӣ ҳукм баровард. Ҳоло фарзанди ман ҷазои гирифтаашро дар зиндони ноболиғон пушти сар карда истодааст, аммо ҳамроҳонаш бошад дар боздоштгоҳи №1 қарор доранд. Агар дар дасташон маводи мухаддир ёфт намешуд, онҳо озод мешуданд", - гуфт мусоҳиби мо.

Яке аз ширкатдорони мурофиаи додгоҳӣ, сокини деҳаи Ёл гуфт, ки ин ҷавонҳо даст ба қочоқи нашъа задани худро дар додгоҳ иқрор кардаанд. Содиқ, як сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Дар додгоҳ худашон гуфтанд, ки мо ин корро кардем. Ҳама ҳайрон шуд, ки ин ҷавонон ингуна набуданд, аммо чӣ хел ба ин роҳ рафтанд."

Абдулҳафиз Шеров, падари Алишер дар шарҳи чигуна ба дасти қочоқбарони афғон супурдани писарашро чунин гуфт: "Субҳи 9 январ ҷиянам Аҳмадшоҳ ҳамроҳи Раҳималӣ омад, ки ба кӯҳ барои ҷамъоварии ҳезум меравем. Алишер хоб буд ва ман гуфтам, ки ӯро бедор накунанд. Онҳо пинҳонӣ аз ман табарро гирифта, ба ҷангал рафтаанд. То нимашаб писарам наомад ва саҳар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ огоҳ карданд, ки сарбозон писар ва ҷияну ҳамдеҳаатонро боздошт кардаанд."

Дар он вақт замон мақомот гуфта буданд, ки Аҳмадшоҳ ва Раҳималӣ дар боздошт қарор дошта, алайҳи онҳо ва инчунин Назрихудо валади Паҳлавондарё - шаҳрванди Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Алишери Абдуҳафиз хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи Ёл ва Раҳималии Шариф донишҷӯи Литсейи касбии хизмат ва туризми ноҳияи Шӯрообод мебошанд.

Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) яке аз ноҳияҳои марзии ҷануби Тоҷикистон бо Афғонистон аст, ки мавориди зиёди интиқол ва қочоқи маводи мухаддир аз тариқи ин минтақа ба мушоҳида расидааст. Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1400 километр марзи муштарак дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG