Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷовуз ба номуси ду ҷавон равобити Саудӣ ва Эронро тиратар кард


Фурудгоҳи шаҳри Ҷидда. Акс аз бойгонӣ.

Фурудгоҳи шаҳри Ҷидда. Акс аз бойгонӣ.

Озори ҷинсии ду навҷавони эронӣ дар фурудгоҳи шаҳри Ҷидда аз ҷониби пулис, муносибатҳои бе ин ҳам печидаи Эрон ва Саудияро тиратар кард. Теҳрон сафари ҳаҷҷи зоирони худро қатъ намуд.

Пас аз интишори хабари озори ҷинсии ду навҷавони эронӣ дар фурудгоҳи шаҳри Ҷидда, Вазорати умури хориҷии Эрон кордори сафорати Арабистони Саудӣ дар Теҳронро даъват кард ва аз ӯ дар ин робита тавзеҳот хост. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ба хабарнигорон гуфтааст, ки вазорат эътирози шадиди худро ба кордори сафорати Арабистони Саудӣ дар Теҳрон расонидааст. Ду ҷавонмард ҳангоме ҳадафи озори ҷинсӣ қарор гирифтанд, ки аз ҳаҷҷи умра ба ватан бармегаштанд.

Марзия Афхам, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, ки бино бар иттилои консулгарии Эрон дар Ҷидда, масъулони Арабистони Саудӣ алайҳи муттаҳамони озори ҷинсии ҷавонмарди эронӣ дар он кишвар парванда боз кардаанд. Хонум Афхам ба хабарнигорон гуфтааст, ки вазорати умури хориҷии он кишвар дар мавриди ҳодисаи сӯистифодаи ҷинсӣ аз ду навҷавони эронӣ дар Арабистони Саудӣ иқдомоти худро аз тариқи ҳама каналҳои дипломатӣ то ба даст овардани натиҷа, ба таври давомдор ва ҷиддӣ идома хоҳад дод.

Хабаргузории ИСНА аз қавли хонум Афхам гуфтааст, ки масъулони Саудӣ дар мавриди ин ҳодиса изҳори ноҳинҷорӣ намуда, гуфтаанд, онҳое, ки даст ба чунин кор заданд, пас аз исботи ҷурм ба муҷозоти шаръӣ ва қонунӣ хоҳанд расид. Хабари боз шудани парванда зидди кормандони пулисро расонаҳои Саудӣ низ ба нашр расондаанд.

Дар ҳоле, ки равобити Теҳрон ва Риёз дар масоили гуногун, аз ҷумла таҳаввулоти Яман бо танишҳои гуногун ҳамроҳ будааст, интишори хабари озори ҷинсиии ба ду навҷавони эронӣ дар Арабистони Саудӣ, бо вокунишҳои густурда рӯбарӯ шудааст. Аз ҷумла гурӯҳе аз вакилони парлумони Эрон тарҳи як қонунерор омода кардаанд, ки ҳадафи он, лағви муваққатии сафари ҳаҷҷи умра аст.

Рӯзи 6-уми апрел муовини вазири хориҷии Эрон хабар дод, ки дар ҳафтаи дувуми таътилоти Наврӯз, ҳангоми бозрасии корвони умраи эронӣ, кормандони фурудгоҳи Ҷидда, ба баҳонаи машкук шудан ба ду ҷавонмарди эронӣ, онҳоро аз бақия ҷудо намуда ва ба номуси онҳо таҷовуз кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, хонаводаи ду навҷавони эронӣ, ки дар фурудгоҳи Ҷидда мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтаанд, дар гуфтугӯ бо вебсайти "Давлати баҳор" ин ҳодисаро шарҳ додаанд. Як узви хонаводаи қурбонии аввал дар бораи ин ҳодиса гуфтааст "корвони мо қарор буд, соати яки шаб аз фурудгоҳи Ҷидда ба сӯи Теҳрон парвоз кунад, дар ҳангоми бозрасӣ, маъмурони Саудӣ ду навҷавони эрониро ба баҳонаи бозрасии бештар аз корвон ҷудо ва ба утоқе мунтақил карданд. Сипас пулиси Арабистон дар утоқ аслиҳаи худро пушти сари қурбонии аввал қарор медиҳад ва ба форсӣ ба ӯ мегӯяд, фақат хомӯш бош ва ҳарф назан ва амали шайтонии худро анҷом медиҳад."

Ин узви хонаводаи навҷавони эронӣ дар идома гуфтааст, маъмурони Арабистони Саудӣ қурбонии аввалро ба берун мефиристанд. Аммо ба далели ваҳшатзадагӣ ва ҳайрати шадид ӯ чизе ба хонавода ва масъулони корвон намегӯяд. Дар ин ҳолат, кормандони пулиси Арабистон ба қурбонии дувум низ таҷовуз мекунанд ва сипас ӯро ба хориҷ аз утоқ мефиристанд. Қурбонии дувум аммо моҷароро барои хонавода ва масъулони корвон мегӯяд ва бо эътироз ва сару садои хонавода ва аъзои корвон, моҷаро даҳон ба даҳон мечархад ва зоирони эронӣ дар эътироз ба ин ҷиноят, аз савор шудан ба ҳавопаймо худдорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи аъзои хонаводаи қурбонии аввал, табиби қонунӣ дар ҷои ҳодиса ба баррасии вазъияти ду навҷавон пардохта ва озори ҷинсӣ ба онҳоро таъйид кардааст. Рӯшан нест, ин амали кормандони пулиси Саудӣ аз сари нафрати мазҳабӣ иттифоқ афтодааст ё таблиғоти зиддиэронӣ дар Саудия, вале бархе аз расонаҳои эронӣ гуфтаанд, чунин мавридҳо гоҳе дар гузашта низ иттифоқ афтода, аммо хабари онҳо пахш нагаштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG