Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузкашӣ дар ҷамоати Қаҳрамон бо кордзанӣ анҷом ёфт


Дар як занозанӣ дар ҷараёни як сабқати бузкашӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ 2 нафар ҷароҳат бардошта, як ҷавонро дастгир кардаанд.

Дар як сабқати бузкашӣ дар ҷануби Тоҷикистон миёни ду гурӯҳ кордкашӣ ба амал омад ва ду нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ин сабқатро, ба гуфтаи мақомот, рӯзи якшанбеи 8 феврал Муҳаммадҷон Саидов, як сокини сарватманди ҷамоати Қаҳрамони ҳамин ноҳия созмон додааст ва дар он “човандозҳо”-и минтақаи Кӯлоб ширкат карданд. Ду нафаре, ки дар ҷараёни бозӣ захм бардоштанд, ҳаводорони бузкашҳои мухталиф будаанд.

Шоҳзамон Давлатов, муовини сардори идораи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 12 феврал бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар замони муҳориба ду бузкаш ҳамдигарро бо қамчин мезананд. Аз ҳамин сабаб миёни ҷавонони деҳаи Сайроби ҷамоати Панҷоб ва ҷамоати Қаҳрамон муноқиша ба амал омада, Наврӯзи Шарифбек, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати Панҷоб Муҳаббатшо Ширинов, сокини ҷамоати Қаҳрамонро захмӣ мекунад.”

Ба гуфтаи ин мақоми умури дохила, алайҳи Наврӯзи Шарифбек бар асоси қисми аввали моддаи 110-уми Кодекси ҷиноӣ (зарар расонидан ба саломатӣ) парванда боз шуда, ҳоло ӯ дар боздошт будааст. Аммо алайҳи соҳиби маърака Муҳаммадҷон Саидов , бар асоси моддаи 481-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ( риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо) парванда тартиб дода, ба додгоҳ фиристодаанд.

Масъулони кумитаи дин ва танзими расму оинҳо дар ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯянд, сабқати бузкашие, ки ба занозанӣ печид, бидуни иҷозаи ин ниҳод ва ғайриқонунӣ сурат гирфтааст. Зафархон Қиматов, раиси бахши дин ва танзими расму оинҳо дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мусобиқаи бузкашӣ танҳо дар рӯзҳои ҷашну идҳои расмӣ иҷоза дода шуда ва ташаббускорони ин иқдом қабл аз баргузорӣ бояд ризоияти мақомотро ба даст оранд.

Ба гуфтаи ҷаноби Қиматов, бар пояи қонун дар сурати бидуни мувофиқа бо мақомоти маҳал баргузор кардани сабқати бузкашӣ созмондиҳандагони он то 4 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Онҳое, ки сабқати ахири бузкаширо дар ноҳияи Ҳамадонӣ бургузор карданд, ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ҷаноби Қиматов афзуд, «бе мувофиқаи мо ба мардум буз додаст. Аз ин рӯ, мо нисбати Саидов Муҳаммадҷон парвандаи маъмурӣ таҳия намудем. Дар ҷараёни ин мусобиқа бояд намояндаҳои тиб, мақомоти умури дохилӣ бошанд, то ба ҳар ҳарҷу марҷ роҳ дода нашавад. Аммо азбаски ғайриқонунӣ буд, ба чунин ҳодиса овард.»

Икром ном сокини ҷамоати Қаҳрамон, ки шоҳиди бузкашӣ ва занозанӣ будааст, ҷараёни онро ба Озодӣ чунин қисса кард: “Ин ҳодиса ҳангоми бузкашӣ шуд. Аввал човандозон ба ҳам бархӯрданд ва баъдан иддае аз тамошобинон ба ин моҷаро пайвастанд ва бо ҳамдигар занозанӣ карданд. Чун баъзе аз онҳо корд доштанд, дар ниҳоят ду нафар захмӣ шуданд ва ба бемористон афтиданд.”

Пайвандон ва ҷавонони ҷароҳатбардошта аз изҳори назар дар бораи ин ҳодиса худдорӣ карданд. Аммо ба гуфтаи Икром, дар ин мусобиқаи бузкашӣ, милисаҳо низ ҳузур доштанд, аммо чун издиҳом аз ду тараф якбора ба ҳам дарафтоданд, дигар пулис ҳам натавонист пеши роҳи онҳоро бигирад.

Бузкашӣ сабқатест, ки дар он гурӯҳе аз ҷавонон ва ҳатто калонсолон барои аз дасти ҳариф гирифтану ба ҷойи таъиншуда расондани бузи сарбурида рақобат мекунанд. Дар ин сабқат нафаре пирӯз мешавад, ки аз миёни издиҳоми бузурги човандозон бузро бигирад ва онро ба марра бирасонад.

Маросими бузкашӣ дар минтақаи Кӯлоб аз қадим вуҷуд доштааст ва ва ҳатто дар даврони Шӯравӣ низ ҳамчун як навъи бозии варзишӣ пазируфта мешуд. Ин сабқат дар чанд соли ахир умдатан дар чашну маросимҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла хатнасӯри кӯдакон ва ҷашнҳои Наврӯзу иди Истиқлол бештар аз сӯи афроди доро ва соҳибкорон роҳандозӣ мешавад ва тӯҳфаҳои гаронарзише ба ғолибони ин мусобиқа эҳдо мегардад. Баъзан ба сабқатҳои бузкашӣ ҳатто човандозони маъруф аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон низ даъват мешаванд.

Аммо иддае аз афроди доро низ гаҳ-гоҳе довталабона дар маҳалли худ мусобиқаи бузкашӣ барпо мекунанд.

XS
SM
MD
LG