Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Якбора ду модар - барои Заррагули чормоҳа


Заррагул дар Парваришгоҳи якуми Душанбе
Заррагул дар Парваришгоҳи якуми Душанбе

Ду корманди дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо иқдом кардаанд, яке аз чаҳор кӯдаки зиндаятими тоҷикро, ки ҳафтаи гузашта тавассути сафорат аз Маскав ба Душанбе интиқол ёфт, ба фарзандхонӣ бигиранд.

Мухбира Мардонова ва Наргис Хидирова -- ду корманди дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе тасмим гирифтаанд, яке аз “чоргонаи маскавӣ”-ро, ки модаронашон баъд аз таваллуд дар муҳоҷират аз онҳо даст кашидаанд, ба фарзандхонӣ бигиранд.

Мухбира Мардонова баъд аз нашри матлаби Радиои Озодӣ дар бораи ин чор кӯдаки зиндаятими тоҷик, ки ҳафтаи гузашта бо мусоидати сафорати Тоҷикистон ба Душанбе интиқол ёфта, ҳоло дар Парваришгоҳи рақами 1-и пойтахт нигоҳдорӣ мешаванд, бо мо дар тамос шуд. Ӯ хоҳиш кард, дар ин кори хайр ба онҳо кумак кунем.

Мухбира Мардонова гуфт, ӯву дугонааш одамони сарватманд нестанд, вале аз рӯи дилсӯзӣ ва ба хотири он ки ояндаи ин кӯдакон табоҳ нашавад, тасмим гирифтаанд, ҳадди ақалл яке аз онҳоро ба ҳайси фарзанди худ бузург кунанд: “Ин тасмими мо ҷиддист, фақат ба шарте ки яке аз онҳоро диҳанд. Мо зиёд мехоҳем, кӯдаки чормоҳаеро, ки Заррагул ном дорад, бигирем. Чӣ қадар ба навозишу меҳрубонӣ, чӣ қадар ба модар ниёз дорад ин кӯдак. Мехоҳем, тамоми кор аз рӯи қонун сурат гирад ва ӯ ба фарзандии мо дарояд. Мо ба ин кор омодаем ва ҳоло шитоб дорем, ки зудтар ба он ҷо бирасем. Метарсем, оё ба мо навбат мерасида бошад, ё алакай онҳоро касе гирифтааст?”

Чаҳор тифлак – Аннаву Лилия ва Мадинаву Заррагул, ки бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳафтаи гузашта ба Душанбе оварда шуданд ва ҳоло дар Парваришгоҳи рақами 1-и Душанбе нигоҳ дошта мешаванд , ҳанӯз намедонанд, ки модаронашон аз онҳо даст кашидаанд. Ҳангоми боздиди мо аз утоқи ин кӯдакон дар парваришгоҳ Лилия ва Анна талош мекарданд, то ба по рост шаванд, аммо Мадина дар даст бозичае бо худ хандида, бозӣ мекард ва Заррагул ба ҷуз дасту по задану табассум кори дигаре ҳанӯз аз дасташ намеомад.

Аз миёни ин “чаҳоргонаи маскавӣ” Заррагул хурдтарин аст, ки ҳамагӣ чаҳор моҳ дорад. Бузургтарини онҳо – Анна 10-моҳа аст. Лилия ва Мадина, яке наздик ба 8 моҳ ва дигаре шаш моҳ доранд. Ин тифлонро парасторон дар Русия ҳангоми пур кардани шаҳодатномаи таваллуд ҳамин гуна ба сари худ ном гузоштаанд.

Ба гуфтаи мақомот, модари се тан аз ин тифлакон расман дархост навишта, аз фарзандони худ ва ҳуқуқи модарӣ даст кашидаанд. Аммо Заррагулро модараш партофта рафтааст.

XS
SM
MD
LG