Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар мусобиқа оид ба футбол барои Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» ду пирӯзӣ ба даст овард.

Ин мусобиқа, ки рӯзи 7-уми феврал дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд шурӯъ шуд, то 23-юми феврал идома хоҳад кард.

Дар ин мусобиқа бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар Қайроққум ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, ширкат мекунанд.

Барои ҷоизаи асосӣ се даста аз Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан, инчунин, се тим аз Қазоқистон – «Жетису»-и Талдиқӯрғон, «Оқтеппа»-и Оқтеппа ва «Қизилҷар»-и Петропавловск ширкат меварзанд.

Дастаҳои «Жетису» ва «Оқтеппа», ки дар премйер-лигаи Қазоқистон бозӣ мекунанд, ба Қайроққум ҳайатҳои дувуми худро мефиристанд. Тими «Қизилҷар», ки соли гузашта дар мусобиқоти лигаи аввали Қазоқистон ҷойи севумро соҳиб шуда буд, шояд бо ҳайати асосиаш бозӣ кунад.

Ҷоми «Баҳористон» рӯзи 7-уми феврал бо бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Хайр» шурӯъ шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби бузурги 3-0 ба фоидаи «Истиқлол» хотима ёфт.

Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон». Даври 1-ум


«Истиқлол» - «Хайр» - 3:0
Голҳо:
Дилшод Восиев, 63 – аз пеналтӣ (1:0). Дэвид Мауто, 68 (2:0). Дэвид Мауто, 79 (3:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Силванус Эванс (Алишер Тӯйчиев, 46), Наим Улмасов, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Нуриддин Давронов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Виллер Соуза Оливейра (Ҷаҳонгир Эргашев, 46), Аҳтам Назаров (Дилшод Восиев, 46), Алишер Сафаров (Ромиш Ҷалилов, 46), Комил Саидов (Хуршед Маҳмудов, 46), Жосимар Насименто (Дэвид Мауто, 46).


«Хайр» (Ваҳат): Анатолий Старушенко, Фурӯғ Қодиров, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Идибек Ҳабибуллоев, Парвиз Ҳамидов (Манучеҳр Аҳмадов, 64), Мӯҳсин Абдуғаффоров (Ҷаҳонзеб Хайров, 46), Алишер Улмасов, Маҳмадалӣ Содиқов, Фирӯз Шамсиев, Меҳроҷиддин Музаффаров (Исроил Идиев, 79), Мирзобек Мирзоев.


Огоҳонида шуданд: Ҷаҳонгир Ҷалилов («Истиқлол»), Идибек Ҳабибуллоев, Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
7 феврал. Қайроққум. Варзишгоҳи «Баҳористон».

Дар бозии дувуми Ҷоми «Баҳористон», ки рӯзи 10-уми феврал баргузор шуд, «Истиқлол» бар дастаи нави лигаи олӣ – «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бо ҳисоби бузурги 4-1 ғалаба кард.

«Далерон-Ӯротеппа» - «Истиқлол» - 1:4
Голҳо: Дилшод Восиев, 13 (0:1). Дилшод Восиев, 37 (0:2). Ҷаҳонгир Эргашев, 62 (0:3). Алия Силла, 82 (1:3). Дэвид Мауто, 84 (1:4).
Дилшод Восиев дар дақиқаи 7-ум тӯбро аз пеналтӣ ба тири дарвоза зад.

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев (Силванус Эванс, 46), Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов (Эраҷ Раҷабов, 21), Аҳтам Назаров (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 46), Дэвид Мауто, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Виллер Соуза Оливейра, 46), Дилшод Восиев (Жосимар Насименто, 46), Комил Саидов (Ҷаҳонгир Эргашев, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (Алишер Сафаров, 46).

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан): Матвей Постников, Сӯҳроб Мансуров, Алия Силла, Диловар Бойқузиев, Бахтиёр Абдураҳмонов (Фаридун Расулов, 34), Илҳом Иброҳимов (Шаҳбоз Бобоҷонов, 24), Шӯҳрат Баротов, Айём Амонов, Меҳрулло Бобоев, Абдураҳмон Қурбонов, Аъзам Ҳусейнов (Баҳром Аҳмадҷонов, 54).
Огоҳонида шуд: Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).
10 феврал. Қайроққум. Варзишгоҳи «Баҳористон».

Тақвими бозиҳои Ҷоми «Баҳористон»

7-уми феврал (ҷумъа)
«Истиқлол» - «Хайр» - 3-0

10-уми феврал (душанбе)
«Далерон-Ӯротеппа» - «Истиқлол» -1-4

12-уми феврал (чоршанбе)
12.00 – «Хайр» - «Далерон-Ӯротеппа»
14.00 – «Истиқлол» - «Оқтеппа»

14-уми феврал (ҷумъа)
12.00 – «Қизилҷар» - «Истиқлол»
14.00 – «Оқтеппа» - «Хайр»

16-уми феврал (якшанбе)
12.00 – «Хайр» - «Қизилҷар»
14.00 – «Далерон-Ӯротеппа» - «Оқтеппа»

17-уми феврал (душанбе)
14.00 – «Истиқлол» - «Жетису»

18 –уми феврал (сешанбе)
12.00 – «Жетису» - «Хайр»
14.00 – «Оқтеппа» - «Қизилҷар»

19-уми феврал (чоршанбе)
14.00 – «Қизилҷар» - «Далерон-Ӯротеппа»

21-уми феврал (ҷумъа)
14.00 – «Далерон-Ӯротеппа» - «Жетису»

22-юми феврал (шанбе)
12.00 – «Оқтеппа» - «Жетису»

23-юми феврал (душанбе)
14.00 – «Жетису» - «Қизилҷар»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG