Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯсии ду ноболиғ сокинони "Гипрозем"-ро ҳайратзада кард


Зумради 15-сола
Зумради 15-сола

Дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе "тӯйи арӯсӣ"-и духтари 15-сола ва навраси 13-сола баргузор шудааст.

Чанд рӯз аст, ки сӯҳбати аксар сокинони шаҳраки низомии пойтахт, мавсум ба "Гипрозем", дар атрофи як тӯйи ғайриодӣ мечархад. Бархе агар бо нақли ин қисса гиребони тавба бигиранд, иддае дигар мегӯянд, бо дидани тӯи арӯси 15-сола ва домоди 13-сола ба даҳшат омадаанд.

Як сокини ин шаҳрак, ки худро Мурод муаррифӣ кард ва шоҳиди бевоситаи ҳамин маросими хурсандӣ буд, мегӯяд, пас аз тамошои чунин манзара то ҳанӯз ба худ наомадааст. Ин мусоҳиби мо гуфт, "Шумо бовар мекунед, аввал ба ин кӯдак фатта (либоси арӯсӣ)-и дароз пӯшондаанд. Баъд аз чанде куртаи тоҷикӣ пӯшиду аз ҳамон дурӣ таъзимкунон аз назди мардум гузаронданд. Рақсу бозиро намегӯед, падару модараш боз фахркунон рақс мекарданд. Тӯйро дар як ошхона гузаронданд ва то 10-и шаб хурсандӣ доштанд. Ҳатто одам чӣ гуфтанашро ҳам намедонад."

Аммо ба нақли шоҳидони ин маросим, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Душанбе дар ҳоле аз ин издивоҷ пешгирӣ карданд, ки навхонадорон мехостанд дар маркази шаҳри Душанбе бар Парчами миллӣ гул гузоранд ва баъдан ба саёҳати шаҳр бароянд. Модари Зумради 15-сола мегӯяд, чун аз боздошти "навхонадорон" дарак ёфт, дарҳол барои озод кардани онҳо шитофт. Ӯ чунин қисса мекунад, "ба мо хабар доданд, ки домоду арӯсро ба шӯъбаи милиса бурдаанд. Рафтам, ки духтарам бо ҳамон фаттааш дар "отдел" (шӯъбаи милиса) аст. Гуфтанд, ки арӯсу домод ноболиғанд. Гиряву зорӣ кардам, гуфтам, ки бо қарз тӯяшонро доир кардам. То ҳанӯз аз ҳамсояҳо 400 доллар қарздорам. Ман медонистам, ки духтарам хурд аст, лекин ҳарду онҳо гуфтанд, ки агар тӯяшонро накунам худро мекушанд. Маҷбур шудам розӣ шавам. Ба ман гуфтанд, ки бояд ҷарима супорам, вале ман пул надорам. Худам ва шавҳарам ҷое кор намекунем, зиндагиямон бе ин ҳам вазнин аст."

Модари Зумрад гуфт, онҳо 10 соли пеш аз Кӯлоб ба шаҳри Душанбе кӯчидаанд ва дар шароити баде ба сар мебаранд. Духтарашро низ ба гуфтаи худаш ӯ аз ночорӣ ва аз тарси он ки бероҳа нашавад, ба шавҳар додааст. Ба гуфтаи ӯ, барои барпо кардани маросими тӯй ҳамсояҳо кӯмак кардаанд.

Зумрад, ки ҳамсолонаш дар синфи 9-ум таҳсил мекунанд, дар сӯҳбат бо мо гуфт, боре ҳам пушти мизи мактаб нанишаставу ҳарферо намешиносад. Вай бо Суннатуллои 13-сола дар бозори Қурғонтеппа шинос шуда, ҳамдигарро дӯст доштаанд ва қарор карданд бо ҳам издивоҷ кунанд. Аммо ба гуфтаи Зумрад, модари "домод", ки ба ин тӯй мухолиф будааст, аз қазия хабардор шуда, шавҳаршавандаи ӯро бо ҷанҷол раҳо кардаву ба зодгоҳаш Қӯрғонтеппа бурдааст.

Зумрад мегӯяд, "тӯямон хуб гузашт. Дар тӯи мо аз тарафи домод танҳо апааш иштирок дошт. Лекин рӯзи баъд хушдоманам ба хона омада, бо мо ҷанҷол бардошт ва гуфт, ба писари ноболиғаш шавҳар кардаам. Ман медонам, ки ҳоло хурд ҳастам, чун шароит надоштем, мактаб нарафтам. Барои ёд гирифтани дӯзандагӣ ҳам пул надорем."

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигор Аъзамшоҳи Ширговадӣ, ки бевоиста шоҳиди баргузории маросими хонадоршавии ин ду ноболиғ будааст, бо таассуф мегӯяд, ҳар нафаре, ки номус дорад, наметавонад дар қиболи чунин ҳодисаҳо хомӯширо ихтиёр кунад. Ин хабарнигори тоҷик мегӯяд, "ҳар нафаре, ки ин ҳодисаро мешунавад барояш даҳшат аст, аммо ин воқеият аст. Вақте мебинӣ домод на бештар аз 1-у ним метр қад дорад, ҳар як марди бономусро сар то по ларза фаро мегирад, ки ҷомеаи мо то кадом ҳад пойин омадааст."

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон издивоҷ аз синни 18-солагӣ иҷозат дода шудааст. Дар сурати нақзи қавонин волидайн тибқи моддаи 168-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷарима хоҳанд шуд ва ё то 5 сол ба маҳкама кашида мешаванд.

Қиёмиддин Миралиев, сардори шӯъбаи сиёсати иҷтимоии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, дар шакли ҷарима таъин кардани ҷазо як роҳи хуби ҳалли масъала мебошад. Ӯ гуфт, "зеро дар шароити имрӯзае, ки шаҳрвандон дар кишвар доранд ва бо назардошти маърифавти нокомили ҳуқуқии онҳо амалисозии ҷазоҳои сахт аз ҳадди имкон дур аст. Зеро имрӯз бояд бо назрдошти мафкураи аҳли ҷомеа ҷазоҳои ҳаммонандро тарҳрезӣ намуд. Чун дар давлатҳои рушдкарда низ бо вуҷуди баланд будани дараҷаи маърифтанокии мардум чунин навъи ҷазоҳо маъмул гардидаанд. Фикр намекунам, таъини ҷарима ба чунин волидайн сабук аст."

Ба гуфтаи Қиёмиддин Миралиев, дар сурате ки волидайн барои издивоҷи бармаҳали фаразандон такроран муосидат мекунанд, ин ҷинояти вазнин хоҳад шуд ва онҳо ба маҳкама кашида мешаванд. Аммо соҳибназарон мегӯянд, таъини танҳо ҷарима ба чунин волидайн метавонад баръакс барои бештар шудани чунин издивоҷҳо мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG