Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни таркишҳои Волгоградро ба хок супурданд (ВИДЕО)


Намози ҷанозаи ду шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 3-юми январ дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 3-уми январ дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҷасади ин ду шаҳрванди Тоҷикистон тавассути хатсайри рақами 622-и ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикэйр" ба ватан оварда шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағоева, масъулони Хадамоти муҳоҷират ва хешу наздиконашон ҳузур доштанд.



Аз ин қабл, сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки ҷасадҳои Раҳмоналӣ Ғозиев ва Тошпӯлод Назаров, ки дар таркиши рӯзи 29 декабр дар Волгоград кушта шуданд, рӯзи 2 январ соати 14:10 ба вақти Маскав ба пойтахти Русия оварда шуда, шаби 2 январ тавассути хаттсайри Маскав -Душанбе ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Бино ба иттилоъияи сафорат, сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев низ ба хотири шахсан пешвоз гирифтани ҷасадҳои ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ва назикони онҳо ба фурудгоҳ рафтааст.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 2-уми январ ба радиои Озодӣ гуфт, дар мулоқоте, ки намояндаи Хадамоти муҳоҷират Нусратулло Исматов бо раиси шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии ҳукумати вилояти Волгорад Татяна Молчанова доштааст, зикр карда шудааст, ки ҳукумати Русия ҳамчун зарари маънавӣ ба хонаводаҳои кушташудаҳо 2 миллион рублӣ кумак хоҳад кард.

Татяна Молчанова ба намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, ки 1 миллион рубл аз ҷониби ҳукумати Русия ва 1 миллиони дигар аз ҳисоби ҳукумати вилояти Волгоград ёрӣ расонида шуда ва 80 ҳазор рубл алакай ба падару модари Тошпӯлод Назаров ва Раҳмоналӣ Ғозиев дода шудааст.




«Ҳоло намояндаи Хадамот ва консулгарии Тоҷикистон ҳамроҳи як нафарӣ аз наздикони Тошпӯлод Назаров ва Раҳмоналӣ Ғозиев дар Волгоград мебошанд ва интизор меравад дар соати 14.00 (ба вақти Маскав) ҳавопаймо ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Маскав интиқол диҳад ва аз Маскав тариқи ширкати "Тоҷикэйр" ҷасадҳо тақрибан дар соати 23.00 ба вақти Маскав ба тарафи Душанбе ҳаракат хоҳад кард», гуфт Иброҳим Аҳмадов.

Изҳори ҳамдардии сафорати Русия

Сафорати Русия дар Душанбе ба наздикони ду шаҳрванди тоҷики дар таркишҳои ахири Волгоград кушташуда изҳори таслият ва ҳамдардӣ кардааст.
Сафорати Русия рӯзи 2 январ дар як номаи таслият дар робита ба кушта шудани ду шаҳрванди тоҷик дар таркишҳои ахири Волгоград аз ҷумла навиштааст, ки "сафорати Федеросиюни Русия ба хешону наздикони кушташудагон изҳори таслият ва ҳамдардии амиқ мекунад. Федеросиюни Русия фаъолияти террористиро дар ҳар навъи зуҳураш маҳкум мекунад ва чӣ дар сатҳи минтақа ва чӣ дар сатҳи ҷаҳон дар маркази талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо ин таҳдид қарор дорад."

Сафорати Русия дар идома бо изҳори сипос аз барқияи таслияти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои русаш Владимир Путин ҷиҳати "ҳамкории танготанг бо тамоми кишварҳои дунё, бо шумули Тоҷикистон, дар роҳи набард бо ин шарорат" изҳори омодагӣ кардааст.

Ин яке аз нахустин мавридҳои расмии изҳори таслияти мақомоти Русия дар робита ба ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ба шумор меравад. Раҳмоналӣ Ғозиев, сокини 42-солаи Душанбе, ва Тошпӯлод Назарови 54-сола аз ноҳияи Турсунзода бар асари таркиши маргталабонаи рӯзи 29 декабр дар вокзали роҳи оҳани Волгоград кушта шуданд.

Додарӯси Тошпӯлод Назаров ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ба тиҷорати мошинҳои дӯзандагӣ машғул буд ва замоне кушта шуд, ки баъди ба қатори Маскав - Душанбе бор кардани чанд мошини дӯзандагӣ писарашро ба истгоҳи мошинҳо фиристода, худ ба вокзал баргашт, ки "ҳаққ"-и милисаро бидиҳад.

Раҳмоналӣ Ғозиев дар ин таркиш ҷароҳатҳои вазнин бардошта, шаби 30 ба 31 декабр дар бемористон даргузашт.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба дунболи таркишҳои хунбори ахир дар Волгоград, ки мунҷар ба ҳалокати 34 нафар шуд, рӯзи 1-уми январ аз ин шаҳр боздид ва ҳамлаҳои пайдарпайи рӯзҳои 29 ва декабрромаҳкум кард.

Дар ду таркиши Волгоград, ки рӯзҳои 29 ва 30 декабр дар вокзали роҳи оҳан ва дар як троллейбуси мусофирбар рух доданд, 34 нафар, аз ҷумла 2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 60 нафар захмӣ шуданд.

Ҳукумати Русия ба аҳли хонаводаи онҳое, ки кушта шуданд, 1 миллион рубл ва ҳукумати вилояти Волгоград ҳамин қадари дигар кумак мекунанд. Ба афроде, ки дар ду таркиши Волгоград захмӣ шудаанд, 200 ҳазор рублӣ кумак мекунанд.


XS
SM
MD
LG