Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аёдати сафири Тоҷикистон аз захмиҳои садамаи метрои Маскав


Имомиддин Сатторов дар бемористони рақами 7
Имомиддин Сатторов дар бемористони рақами 7

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов рӯзи 16 июл дар ду бемористони Маскав аз тоҷиконе, ки дар садамаи дирӯзаи метро ҷароҳат бардоштанд, аёдат кард. Дар ин фалокат ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва 4 тоҷик захмӣ шудаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов рӯзи 16 июл дар бемористонҳои рақами 7 ва 36-уми Маскав аз аҳволи шаҳрвандони тоҷике, ки дар садамаи як рӯз пеши метрои Маскав захмӣ шудаанд, аёдат кард. Дар ин садама дастикам 23 нафар, бо шумули 2 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар байни захмиҳо низ 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки сафирро дар ҷараёни аёдати захмиёни тоҷик ҳамроҳӣ мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ибтидо дар бемористони рақами 64 аз Мӯъминшо Муносибшоев, ки вазъаш хеле сангин гуфта мешавад, аёдат ва бо табибони ӯ ҳам мулоқот кардаанд. Ба гуфтаи Эгамзод, Муносибшоев аз ноҳияи сар ва камараш ҷароҳат бардоштааст, вале табибон гуфтаанд, ки ӯ ниёз ба ҷарроҳӣ надорад ва ба ҳаёташ таҳдиде вуҷуд надорад. Муносибшоев 59 сол дошта, аз Бадахшон барои мардикорӣ ба Маскав омадааст.

Насимхон Мавлонов
Насимхон Мавлонов

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин аз Насимхон Мавлонов, сокини 19-солаи ноҳияи Хоҷамастони вилояти Хатлон дар бемористони рақами 7 аёдат кардааст. Ба гуфтаи сухангӯи сафорат, вазъи Насимхон беҳтар буда, ӯро аз вазнинхона ба ҳуҷраи умумӣ гузарондаанд. Аммо тавре Муҳаммади Эгамзод гуфт, Насимхон ҳанӯз дарак надорад, ки дар садамаи метро бародари ӯ Бахтиёр Мавлонов ҳалок шудааст.

Дар садамаи метрои Маскав ду тоҷик ҳам ҷон бохтаанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳалокати ду шаҳрванди 25-солаи тоҷик дар садамаи субҳи 15 июли метрои Маскавро тасдиқ кард. Вазъи се шаҳрванди дигари дар ин садама ҷароҳатбардоштаи Тоҷикистон вазнин гуфта мешавад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 16 июл хабар дод, ки дар садамаи метрио Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони сафорат баъди тафтиши сардхонаҳо дар бемористонҳои Маскав мушаххас кардаанд, ки ду қурбонии ин фоҷиа аз Тоҷикистонанд. Сафорат исми ин ду тоҷики кушташударо нашр кардааст:

Ҳаитов Бӯрӣ Абдуҷалилович, санаи таваллудаш - 21 декабри соли 1989,

Мавлонов Бахтиёр Қурбонович, санаи таваллудаш - 17 октябри соли 1989.

Гуфта мешавад, ҷасадҳои ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар мурдахонаи воқеъ дар Тарний проезд қарор доранд.

Дар ҳоли ҳозир, дар бемористонҳои Маскав боз 4 шаҳрванди дигари Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Вазъи 2 нафари онҳо - Мӯъминшо Муносибшоеви 59-сола ва Далер Қурбонов, ки 36 сол доштааст - вазнин гуфта мешавад.

Мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон шоми 15 июл гуфта буданд, ки вазъи Зафарбек Сайфуллоев, ки дар ин садама захмҳои сабуктар бардоштааст, беҳтар ба назар мерасад. Зафарбек Сайфуллоев дар садамаи метро аз китфаш ҷароҳат бардоштааст.

Субҳи 15 июл як қатори метрои Маскав дар роҳи байни истгоҳҳои "Славянский булвар" ва "Парк Победи" аз релс берун шуд. Дар натиҷаи ин садама 23 нафар ҳалок ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуданд. Расонаҳои Русия мегӯянд, 11 нафар аз кушташудагон шаҳрвандони хориҷианд. Мақомоти Русия мегӯянд, ин садама ғолибан як фалокати фаннист ва кадом далели амали террористӣ дар ин замина мушоҳида намешавад. Рӯзи 16 июл дар пойтахти Русия ба ёди қурбониёни ин фалокат мотами саросарӣ эълон шудааст.

Барқияи таслияти Раҳмон ба Путин

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садамаи пурқурбонии метрои Маскав ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия номаи таслият фиристодааст. Дар ин барқия аз ҷумла гуфта мешавад: «Муҳтарам Владимир Владимирович, Аз хабари фоҷеъа дар метрои Москва, ки дар натиҷаи он қурбониҳои ҷонӣ ва захмӣ шудани одамони бисер ба вуқӯъ пайваст, сахт ғамгинам. Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам, ки тасаллияти самимии моро ба ақрабо ва пайвандони фавтидагон, ҳамчунин таманнои ба зудӣ сиҳатёбиро ба ҳамаи ҷабрдидагон бирасонед».

XS
SM
MD
LG