Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати "Евровидение" дар Киев баргузор мешавад


Овозхони украинӣ Ҷамола
Овозхони украинӣ Ҷамола

Иттиҳоди радио ва телевизиони Аврпуо гуфт, ки сабқати байналмилалии "Евровидение - 2017" дар Киев, пойтахти Украина, баргузор мешавад. Буҷаи ин маърака 650 миллион гривен муайян шудааст, ки ҳудудан аз се ду ҳиссаи онро Украина пардохт мекунад.

Қаблан нашрияи олмонии Bild хабар дод, ки ташкилкунандаҳои сабқати "Евровидение" бинобар мушкили молӣ ба Русия кӯчондани ин маъракаро аз эҳтимол дур намедонанд. Аммо ин хабар ҳам аз ҷониби Иттиҳоди радио ва телевизиони Аврупо ва ҳам аз тарафи Вазорати молияи Украина рад шуд.

Киев моҳи сентябр ҳамчун макони баргузории сабқати "Евровидение" интихоб шуд. Манотиқи дигаре мисли Лвов, Днепр, Харков ва Херсон низ баргузории ин сабқатро дар қаламравҳояшон дархост карда буданд.

Дар бахши ниҳоии сабқати "Евровидение-2016", ки 14 май дар Стокҳолм баргузор шуд, овозхони Украина Ҷамола пирӯзӣ ба даст овард. Аз рӯи қоида сабқати соли дигар дар кишваре баргузор мешавад, ки овозхонаш ғолиб омадааст.

XS
SM
MD
LG