Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги ду ҷавони тоҷик дар Русия


Саҳифаи Исломиддин Бадриддинов дар "Одноклассники"

Саҳифаи Исломиддин Бадриддинов дар "Одноклассники"

Рӯзи 28 март ҷанозаи боз ду ҷавони тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд. Ин муҳоҷирони ҷавонмарг яке 23 ва дувумӣ 19 сол доштанд.

Риштаи умри боз ду ҷавони тоҷик дар мусофират канда шуд. Ҷанозаи ҳарду муҳоҷири ҷавонмаргро рӯзи 28 март бо ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе фиристоданд.

Исломиддин Бадриддинови 23-сола аз рустои Комсомоли ноҳияи Ҳисор дар як коргоҳи дарсозӣ дар шаҳри Клини вилояти Маскав, воқеъ дар 95-километрии шимолуғарби пойтахти Русия кор мекард. Рӯзи 26 март Исломиддин ба идораи коргоҳ сар зад, ки маошашро бигирад. Аз тақдири бади Исломиддин, дуруст дар ҳамон лаҳзае ки навбати маошгирии ӯ расид, ғоратгарони мусаллаҳ вориди идора шуданд.

Исломиддин 20 ҳазор рубл, муодили зери 300 доллар, маоши моҳонааш дар даст талош кардааст, ки худро аз чанги ғоратгарон вораҳонад. Ӯ туфангчаи дасти яке аз ҳамлагаронро аз дасташ зада, ба самти дар фирор кард. Вале ҳамлагари дувум пеши роҳашро гирифт ва бо корд ба қалбаш зад. Исломиддин аз ин зарба ҷон дод. Бригадири онҳо Шаҳбоз, ки низ аз рустои Комсомоли ноҳияи Ҳисор будааст, аз ноҳияи китфаш ҷароҳат бардошт, вале зинда монд.

Нусратуллоҳ Бадриддинов, амаки Исломиддин, ки худ дар вилояти Маскав кор мекунад ва барои ба Ватан фиристодани ҷанозаи ҷиянаш ба Клин омадааст, рӯзи 28 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бо як лаҳни гиряолуд гуфт, Исломиддин аз ин дунё номурод рафт: “17-сола буд, ки баробари хатми мактаб ба Русия коркунӣ омад. Умри кӯтоҳи ҷавониаш гӯё ҳаминҷо гузашт. Гоҳе мерафту меомад ба Ватан. Падару модараш мехостанд ӯро хонадор кунанд, вале гуфт, аввал бояд хонаамро бисозам. Замин харид, хона андохт. Худаш як соли охир инҷо кор мекарду сохтмони хонааш дар Ватан ҳанӯз идома дорад. Бояд ҳамин тирамоҳ мерафту зан мегирифт ва ҳам дар хонаи наваш бурёкӯбон мекард. Аммо насибаш набудааст.”

Исломиддин Бадриддинов ҳамагӣ як соат пеш аз марги худ бори охир ба саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” даромада, акси аввали саҳифаашро нав кардааст. Амаки ӯ Нусратуллоҳ мегӯяд: “Амри тақдирро бубин, ки акси ҷавонеро гузоштааст, ки дар пушташ чандин корд задаанд. Ва навиштааст, ки "А сколько у тебя было друзей№" (“Бигӯ, ки чанд дӯст доштӣ?”) Ва ҳамагӣ баъди як соат худи ӯро бо зарби корд куштанд. Касе ин қиссаро шунавад, гиребон мегирад.”

Исломиддин Бадриддинов

Исломиддин Бадриддинов

Наздикони Исломиддин мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, ки ба коргоҳи онҳо кӣ ҳамла кардааст. Ин коргоҳ машғули сохтани дарҳои оҳанин буд ва рӯзи шанбе 400 ҳазор рубл, муодили ҳудуди 5700 доллари амрикоӣ, маоши 18 коргари тоҷики ин корхонаро оварда буданд. Бовар меравад, ки ғоратгарон дониста ва зоҳиран бо роҳнамоии кадоме махсус дар рӯзи маошгирии муҳоҷирони тоҷик ба ин коргоҳ ҳамла кардаанд.

Каримҷон Ёров, раҳбари ҷамъияти “ЭтМос”, яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки тоза аз шаҳри Клин баргаштааст, ба Озодӣ гуфт, “имрӯз ҷанозаи ду ҷавони тоҷикро ба Душанбе фиристодем. Ҳарду ҷавонҳое, ки ҳанӯз ҳатто издивоҷ накардаанд, ҷавонҳое ки ҷавониашон дар ғурбат гузашт ва аз сад гул як гулашон ҳам ношукуфта аз дунё рафтанд.”

Ҷавони дувуме, ки ҷанозаашро ба Тоҷикистон фиристоданд, аз шаҳри Қӯрғонтеппа буда, ҳамагӣ 19 сол дошт ва дар шаҳри Электростали вилояти Маскав, воқеъ дар 60-километрии шарқи пойтахти Русия дар як корхонаи коркарди партовҳо кор мекард. Ин ҷавон майдони назди тарозуи корхонаро тоза мекард, вале як ронанда баъди кашидани бораш ӯро надида, мошинро ба рӯяш рондааст.

Каримҷон Ёров мегӯяд, ин ҷавон танҳо ба хотири инки дар мавсими даъвати баҳорӣ ба “облава” наафтад ва ба хидмати ҳарбӣ роҳиаш накунанд, дар Электростал монда буд. Наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ мехост ду моҳ баъд, ки даъвати баҳорӣ ба анҷом расид, ба Қӯрғонтеппа баргардад ва арӯсӣ кунад. Аммо марги муфоҷо дар 5000 километр дурӣ аз Ватан риштаи умрашро канд.

Бино ба оморҳо, ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба далелҳои мухталиф тарки дунё мекунанд. Бархе ба иллати беморӣ, бархе дар натиҷаи фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор ё дар садамаҳои нақлиётӣ ва бархе ҳам, мисли Исломиддин Бадриддинов, бо марги иҷборӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG