Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду зани тоҷик дар Афғонистон паноҳанда шудаанд


Гулнисо, модари яке аз ду зани тоҷик

Гулнисо, модари яке аз ду зани тоҷик

Ду зани тоҷик дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаққи паноҳандагӣ ба даст овардаанд.

Онҳо ду соли пеш ҳамроҳ бо шаҳрвандони Давлати исломии Афғонистон, ки мақомот онҳоро дар қочоқи маводи мухаддир гумонбар медонанд, , пинҳонӣ аз тариқи марзи Шӯрообод ба Афғонистон рафта будаанд.

Гулнисо, модари яке аз ин духтарон ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳе пеш духтараш бо ӯ тамос гирифта, гуфтааст, дигар ба ватан баргашта наметавонад, зеро ҳангоми бозгашт ӯро зиндонӣ мекунанд. Ин зан мегӯяд: «Духтарам гуфт, ки виза бигир, маро хабаргирӣ биё, ки ман дигар омада наметавонам. Лекин ман гуфтам, ки агар модаратро бихоҳӣ биё, нахоҳӣ, таваккалат бар Худо.»

Мавлавӣ Абдулмаъруфи Росих, сухангӯи волии Бадахшон дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ паноҳанда шудани ин ду зани тоҷикро тасдиқ кард. Ӯ ин мавзӯъро зиёд шарҳ надод ва танҳо гуфт, ҳоло ин занҳо дар ҳудуди вилояти Бадахшони Афғонистон зиндагӣ доранд. «Ин ду нафар хонумҳои тоҷикӣ дар вулусволии Сарибозор издивоҷ карда буданд. Феълан инҳо дар Сарибозор дар қарияи Довуданд,» - афзуд оқои Росих.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон ин ду занро дар ҳамкорӣ бо қочоқичён ва убури ғайриқонунии марзи давлатӣ гумонбар медонанд. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ гуфт, ин ду зан аз ҷумлаи 8 зане ҳаст, ки се соли пеш барои робитаи шаҳвонӣ бо қочоқчиён дар Шӯрообод боздошт шуда буданд. Додгоҳ онҳоро аз якуним то се сол равонаи зиндон кард, аммо бар асоси қонуни афв пас аз 6 моҳ аз зиндон раҳо шуданд.

Ин ду зан, ба гуфтаи мақомот, пас аз раҳо шудан дубора бо қочоқчиён, ки дар мавзеъҳои душворназорати Шӯрообод ғайриқонунӣ ба сар мебурданд, робита барқарор мекунанд ва ҳамроҳи онҳо ба Афғонистон мераванд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин ду зан мӯътоди маводи мухаддир шудаанд ва маҳз ҳамин омил онҳоро бо қочоқчиён наздик карда буд.

Талоши мо барои тамос бо худи ин ду зан натиҷа надод, зеро ба зангҳои телефонии мо посух намедоданд. Аммо Гулниссо, модари яке аз ин духтарон мегӯяд, ба ҳар сурат бояд духтари ӯ ба ватан баргардад: «Дер-дер телефон мекунад. Нигоҳ дорем, ки боз аз Худои олам чӣ мешавад? Як бор занг зад, гуфт, ки мехоҳад баргардад, аммо наметавонад. Ду рӯзи баъд занг зад ва гуфт, ки зиндагиаш ҳоло хуб асту омадан намехоҳад. Метарсад, ки агар биояд, боздошташ мекунанд. Гуфтам, ки биё корат надоранд, аммо метарсид. Лекин хоҳиши ман ҳамин аст, ки баргардад.»

Се соли пеш ҳангоми боздошт наздикони ин занҳо ба Созмони ҷаҳонии муҳоҷират муроҷиат карда буданд, то фарзандонашон ҳамчун қурбонии хариду фурӯш эътироф шаванд, аммо пас аз таҳқиқ коршиносони ин созмон ба хулосае расиданд, ки онҳо хариду фурӯш нашудаанд, балки ихтиёран ба Афғонистон рафтаанд.

Ин ду зан аз марзи Шӯрообод, ки бинобар иқлими печидаи ҷуғрофиаш дуруст назорат намешавад, қаламрави Тоҷикистонро тарк кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG