Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду ҷавонзан дар ноҳияи Ҳисор, ки яке соҳиби кӯдаки навзоду дигаре ҳомиладор ҳаст, барои ғорати хазинадори яке аз макотиби ноҳия муттаҳам мешаванд.

Тибқи иттилои тафтишот, ду ҷавонзан дар ноҳияи Ҳисор ба Бобоназар Игамбердиев, омӯзгор ва хазиндори мактаби рақами 61-и ноҳия Ҳисор дарафтода, 19 ҳазор сомонии ӯро ба яғмо бурдаанд.

Бобоназар Игамбердиев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 28-уми ноябр, пас аз гирифтани маоши кормандони мактаб аз бонк, дар яке аз ошхонаҳои маркази ноҳия ғизо мехӯрад ва пас аз ин ду духтари ҷавон, ки дар ҳамин ошхона ба ҳайси пешхизмат фаъолият доштаанд, аз пайи ӯ мешаванд. Ба нақли оқои Игамбердиев, духтарҳо аввал худро аз ҳамдеҳагони ӯ муаррифӣ карда, гуфтаанд, ки вазъи молиашон хуб нест ва хоҳиш мекунанд, ки барояшон ширинӣ бихарад:

«Хайр, розӣ шудам барои ҳарду ширинӣ харидам ва баъдан гуфтанд, ки муаллим мо ҳам тарафи шумо меравем, як таксӣ омаду наздамон истод ва онҳо ҳам ҳамроҳам дар як мошин савор шуданд ва дар роҳ як духтараш аз мошин берун шуда, гуфт ба хонааш меравад. Дигараш, ки гӯё ҳамдеҳаам буд, дар мошин монд ва якбора ба дигар самт ҳаракат кард. Аллакай пай бурдам, ки онҳо чӣ мақсаде доранд ва имкон ёфта аз мошин берун шудам. Духтар ҳам аз паси ман омад ва якбора садо баланд карда, дугонааш Ситораро ҷеғ зад. Духтари дигар ҳам аз куҷое якбора пайдо шуду аз пайи ман давиданд. Ба ҳамин ҳол маро ба як ҷӯе тела дода, салафани маблағҳоро аз дастам гирифта гурехтанд. Дигар ҳарчанд талош кардам натавонистам онҳоро пайдо кунам ва ба милиса муроҷиат намудам.»

Дар пайи ин ҳодиса фардои он рӯз, ба ҳайси гумонбар аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҳисор ду зани ҷавон, Шаҳноза Каримова ва Ситора Исмоилова, ки яке 22 ва дигаре 23 сол доштаанд, бодошт шуданд.

Одил Латипов, муфаттиши парвандаи мазкур, мегӯяд, нисбати духтарон ҳоло ягон ҷазо пешбинӣ нашудааст ва тафтишоти қазия идома дорад. Оқои Латипов мегӯяд, занони ҷавон яке соҳиби тифли навзод ва дигарӣ ҳомиладор аст.

Латипов илова намуд, ки «қисми маблағҳо аз ин духтарон дарёфт ва гирифта шуда, қисми дигар ҳоло дарёфт нагардидааст. Ҳоло маълум накардаем, ки ин духтарҳо дар қабл ҳам ҷиноят содир кардаанд ё на. Тафтиши ҳодиса идома дорад. Яке аз духтарон сокини деҳаи «Чанори сӯхтаи» ноҳияи Ҳисор ва дигарӣ зодаи вилояти Хатлон аст, аммо 10 сол боз дар Ҳисор оворагардӣ мекунад ва ҳарду ҳам дар ошхонаҳои ноҳия ба ҳайси пешхизмат кор мекунанд.»

Оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин ду зани ҷавон дар ноҳияи Ҳисор дар ҳолест, ки мақомоти пулис мегӯянд, дар ин авохир ҷинояткории занон аз ҷумла ҳамлаи занон ба мардон афзудааст. Одил Латипов, корманди шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ҳисор, мегӯяд, ӯ дар ҳамин охирҳо рӯйи парвандаи беш аз се ҳодисаи ҷинояткории занон кор бурдааст. Ба қавли ӯ ғолибан занон бо ҷурми қаллобӣ ва ғоратгарӣ боздошт мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG