Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳувияти ду тоҷики ҳалокшуда дар Русия маълум шуд


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, ҳувияти ду тоҷики ҳалокшуда дар садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Брянск маълум шудааст.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Точикистон дар Русия рӯзи 10-уми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки сафорат ҳувияти ду муҳоҷири тоҷик, ки бар асари як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Брянски Русия ҳалок шудаву ду тани дигар ҷароҳатҳои сангин бардоштаанд, дақиқ кард. Муҳаммад Эгамзод гуфт, бино бар гуфти мақомоти пулиси шаҳри Брян ду тоҷикистонии ҷонбохта - Ғафурҷон Раҷабалиев, соли таваллудаш 1981 ва Шӯҳратҷон Соибов, соли таваллудаш 1976, будаанд.

Пулиси Брянск хабар додааст, ки мошини ВАЗ-2112 бо 4 шаҳрванди Тоҷикистон соати қариб 11-и рӯзи 9 феврал дар назди гардиши шаҳраки Алтуховои ноҳияи Навля ба самти муқобили роҳ баромада, бо мошини “Рено Меган” бо рақамҳои Молдова, бархӯрдааст. Дар натиҷа ду марди тоҷик ҷон бохта, ду ҳамсафари онҳо захмӣ шудаанд. Аз мошини “Рено” ронанда ва ҳамсараш низ ҷароҳат бардоштаанд, вале фарзандони ноболиғи онҳо дар ин садама осеб надидаанд.

Ҷасади ҳарду шаҳрванди Тоҷикистон баъд аз садама дар сардхонаи беморхонаи маҳаллаи Навляи вилояти Брянск оварда шудааст. Ду тоҷики дигар, ки дар ин садамаи нақлиётӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд, падару писар будаанд. Яке ронандаи ин автомошина Ҳайдарали Нурови 51-сола дар беморхонаи мазкур, дар шӯъбаи эҳёгарӣ ва писараш Отабек Нурови 21-сола, дар шӯъбаи осебшиносӣ қарор доштаанд.

Намояндаи пулиси Русия гуфтааст, ки эҳтимолан сабаби сар задани ин садамаи наклиётӣ, аз ҷониби ронанда - Отабек Нуров ба назар нагирифтани вазъи обу ҳаво ва риоя накардани суръати нақлиёт ва қоидаи ҳаракат бошад.

Ҷаноби Эгамзод гуфт, ки сафорат ин қазияи фоҷиаборро таҳти назорат гирифтааст ва давоми рӯз ҷузъиёти бештари онро дақиқ хоҳад кард. Ҳамчунин, дар асоси дастури сафири Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев масъулон муваззаф шудаанд масъалаҳои расондани кӯмаки ҳуқуқи ва ҳуҷҷатгузории шаҳрвандони моро ба роҳ монда, барои фиристодани ҷасади фавтидагон ба ватан мусоидат намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG