Пайвандҳои дастрасӣ

Ду бародари соҳибкор аз Файзобод, ки пас аз баҳси давомдори додгоҳӣ тавонистанд пирӯз оянд, ба ин боваранд, ки агар дигар соҳибкорон низ ҳуқуқи худро донанд, метавонанд монеаҳои пешрӯи худро бартараф кунанд.

Бародарони соҳибкор Мавлавӣ ва Бахтиёр Нуралиевҳо баъди 2 соли баҳсу кашмакашҳои додгоҳӣ, тоза роҳат ба кори савдо ва ба зиндагии маъмулӣ баргаштанд. Як мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар бозори "Аҳмад шариф"-и ноҳияи Файзобод, ягона манбаи даромади ду бародари ҳарду серфарзанд аст. Барои ин мағоза онҳо ду сол мубориза бурданд. Ду соле ки бо ҳама харҷу хароҷот ва саргардониҳо барои ин соҳибкорон, ба гуфтаи худашон, ба 20 сол баробар буд. Онҳо рӯзи 23 ноябри соли равон дар баҳси доманадори додгоҳӣ пирӯз шуданд, ва барои худ собит карданд, ки ҳанӯз ҳақиқат вуҷуд дорад.

Бахтиёр ва Мавлавӣ дар бозори “Аҳмад шариф” дар ноҳияи Файзобод, ба фурӯши масолеҳи сохтмонӣ машғуланд. Бахтиёр мегӯяд: “Соли 2001 ин заминро харида, мағоза бунёд кардем, аммо соҳибони бозор намегузоштанд кор кунем. Бозор аслан рӯзҳои якшанбе кор мекунад ва ҳамин як рӯз ҳам онҳо дар назди мағозаҳо мошину одам гузошта, монеи кори мо мешуданд. Сабаб ҳам ин аст, ки мо ҳаққи моликияти худро талаб кардем. Соҳибони бозор аз мо пул гирифтанд, вале мағозаҳоро ба номи мо ҳуҷҷат накарданд, аз мо ҳар моҳ иҷрорапулӣ мегирифтанд."

Ҳамроҳ бо бародарон 3 соҳибкори дигар ҳам барои дарёфти ҳаққи моликият ба ин баҳс шарик буданд. Ҳар яке дар ин мубориза, тақрибан 20 ҳазор сомон, 300 рӯз ва ҳазорҳои соати худро пушти дари додгоҳ сарф кардаанд. Сиҳатии худро дар ин роҳ аз даст доданд, аммо пас нагаштанд.

Бахтиёр Нуралиев мегӯяд, дӯстону наздиконаш ҳамеша ба ӯ тавсия медоданд, то аз роҳаш баргардад ва талошҳояш беҳуда аст: “Даҳҳо бор ба ман гуфтанд, ки ин кор оқибат надорад. Аз принсип гард, худам сахт азоб кашидам. Аз бонкҳо қарздор будам, бояд кор мекардам, қарз месупурдам, андози давлатро месупурдам ва ҳам аз пайи ҷамъоварии далел барои додгоҳ мешудам. Бовар мекунед, шабҳо хоб намекардам ва фақат фикр мекардам, ки чӣ кор кунам.”

Аммо ин ҳама заҳматҳо, ба гуфтаи соҳибкорон, барҳадар нарафт ва пирӯзӣ дар додгоҳ онҳоро аз супурдани иҷораву чекпулӣ ва чандин дарди сари дигар озод хоҳад кард. Додхоҳиву муборизаҳои соҳибкорон ҳамчунин боис шуд, ду гектар замини бозор баъди қариб ду даҳсола ба давлат баргардонида шавад. Ҳарчанд соҳибони бозор ҳоло ба ин осонӣ даст бардоштанӣ нестанд ва мегӯянд фаъолияти онҳо дар диораи қонун аст.

Собир Аҳмадов, раиси бозори «Аҳмад Шариф» рӯзи 27 уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бозори мо бозори қонунӣ аст, қарори ҳукумати ноҳия дар ин маврид ҳаст. Агар фаъолияти мо ғайриқонунӣ мебуд, мо тӯли ин 18 сол чӣ тавр фаъолият мекардем? Ягон қисми бозор ба касе фурӯхта нашудааст ва соҳибкорон ҳам гурӯҳе ҳастанд, ки мехоҳанд моликияти моро аз худ кунанд.”

Бино ба маълумоти Кумитаи андози Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар беш аз 155 000 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Талошҳои бародарони соҳибкор барои осон кардани тиҷорати худ ва пирӯзии онҳо дар додгоҳ дар ҳолест, ки мушкилоту монеаҳои мавҷуда дар роҳи соҳибкорӣ феълан тоҷиронро дар кишвар дилсарду ноумед сохтааст.

Танҳо дар 9 моҳи соли равон 20 ҳазор соҳибкор бино бар мушкилоте, чун гаронии молиёт, монеа ва тафтишҳои батакрори мақомоти давлатӣ, тарки фаъолият кардаанд.

Вале Собир Вазир, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, “як принсипи соҳибкорӣ ин риск ё хавф аст. Соҳибкор ҳамеша ба баҳсу мушкилот рӯ ба рӯ мешавад ва агар вай аз ин хафву паёмадҳои он дуруст огоҳ бошад ва аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ бархӯрдор бошад, ҳатман комёб мешавад.”

Бародарони соҳибкор Бахтиёр ва Мавлавӣ, ки баъди ду соли талошу мубориза ба ҳадаф расиданд, ба ин боваранд, ки агар соҳибкорон аз ҳаққи худ огоҳ бошанд ва барои он талош кунанд, ҳатман роҳи берун омадан аз мушкилу монеаҳоро пайдо хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG