Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Комроншоҳ ва Муҳаммадмурод ба Бразилия мераванд


Комроншоҳи Устопириён.

Комроншоҳи Устопириён.

Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия мушарраф шуданд.

Дар ин бора дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар дода шудааст. Бар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи ин созмони байналмилалӣ нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 ҷудочии ҷаҳон бо 1292 имтиёз дар мақоми 11-ум қарор дорад. Вай ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 роҳ ёфтааст.

Дар вазни то 90 кило Машу Бакер аз Ҷопон бо 2496 имтиёз дар мақоми аввал аст. Донгҳан Гвак аз Кореяи Ҷанубӣ бо 2340 имтиёз дар мақоми дувум ва Варлам Липартелиани аз Гурҷистон бо 2192 имтиёз дар мақоми севум мебошанд. Инчунин ба қатори даҳгонаи беҳтарин инҳо шомиланд: 4. Кристан Тот (Маҷористон, 2134 имтиёз), 5. Маркус Найман (Шветсия, 1753), 6. Ноел Ван Т Энд (Нидерланд, 1668), 7. Кирилл Денисов (Русия, 1620), 8. Александр Иддир (Фаронса, 1358), 9. Отгонбаатар Лхагвасурен (Муғулистон, 1352), 10. Аслей Гонсалес (Куба, 1320).

Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бошад, дар рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ дар вазни беш аз 100 кило дар байни 188 нафар бо 377 имтиёз дар зинаи 48-ум ҷой гирифтааст. Ӯ бо квотаи қитъавӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудааст.

Дар вазни беш аз 100 кило Тедди Ринер аз Фаронса бо 3150 имтиёз дар мақоми аввал аст. Ҳисаёшӣ Ҳарасава аз Ҷопон бо 2580 имтиёз дар ҷойи дувум ва Якив Хаммо аз Украина бо 1978 имтийз дар ҷойи севуманд.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов

​Дар Олимпиадаи Рио-2016 дар риштаи ҷудо аз ҳама бештар гуштигирони Ҷопон, Бразилия ва Фаронса – 14-нафарӣ - иштирок мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар ин намуд аз ҳамаи кишварҳои собиқи шӯравӣ варзишгарон ба Бразилия мераванд. Ба ҷуз ду нафар аз Тоҷикистон, аз Русия ҳамагӣ 11 нафар (7 мард ва 4 зан), Гурҷистон - 8 нафар (7 мард ва 1 квота), Узбакистон - 8 нафар (6 мард ва 2 квота), Украина - 7 нафар (3 мард, 3 зан ва 1 квота), Озарбойҷон - 7 нафар (4 мард, 2 зан ва 1 квота), Қазоқистон - 5 нафар (3 мард, 1 зан ва 1 квота), Беларус - 3 нафар (1 мард, 1 зан ва 1 квота), Қирғизистон - 2 нафар (1 мард ва 1 квота), Туркманистон - 2 нафар (1 зан ва 1 квота), Латвия - 2 нафар (1 мард ва 1 квота), Арманистон - 2 нафар (1 мард ва 1 квота), Эстония - 1 нафар (квота), Молдова - 1 нафар (квота) ва Литва - 1 нафар (квота) дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, дар байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатро ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 гурзандози машҳур Дилшод Назаров ба даст овардааст. Ҳамин тариқ то имрӯз се варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи навбатӣ мушарраф шудаанд.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба Тоҷикистон дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ихтисос дода мешавад. Инчунин дар намуди гуштии озод низ як квотаи минтақавӣ дар назар аст. Варзишгарони мо боз дар ду мусобиқаи квалификатсионӣ оид ба варзиши сабук барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд.”

Ба иттилои ҷаноби Раҷабалиев охирин мусобиқае, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон барои роҳхатҳои олимпӣ талош хоҳанд кард, ин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон аст, ки аз 14-ум то 26-уми июн дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – барпо мегардад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон қариб дар ҳамаи вазнҳо намояндаи худро дорад, ки дар миёни онҳо муштзанҳои маъруфи кишвар Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов ҳастанд, ки таҷрибаи ширкат дар бозиҳои олимпиро доранд. Дар вазнҳои сангин аз он ҷумла, 91 кг, ки Ҷаҳон Қурбонов қувваозмоӣ хоҳад кард, танҳо ғолиб соҳиби роҳхати олимпӣ мешавад. Дар вазнҳои сабуку миёна муштзанҳое, ки ҷойҳои аз якум то панҷумро мегиранд, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиади Рио-2016 мушарраф хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG