Пайвандҳои дастрасӣ

Тӯйи "М" ва "Д" - ду ҳамҷинсгарои тоҷик (ВИДЕО)


"Дилшод" ҳангоми сӯҳбат бо Озодӣ

"Дилшод" ҳангоми сӯҳбат бо Озодӣ

Ду ҳамҷинсгарои тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ахиран дар як манзил дар Душанбе тӯйи арӯсиашонро барпо кардаанд. Вале "М" ва "Д" мегӯянд, аз тарси таъқиб зиндагии муштараки худро ба дигарон ошкор намекунанд.

Дар маросими арӯсии ду ҷавони тоҷик, ки дар ҳуҷраи сохтмони бисёртабақаи канори Душанбе ду моҳ пеш барпо шуд, гулчини меҳмонҳо даъват шуданд. На, масъала дар қонуни танзим набуд, балки ба ҳуввияти шаҳу арӯс бадастгӣ дошт: ҳардуи онҳо мард ва ҳамҷинсгаро буданд..

Домоду арӯс 24 -25-сола буда, никоҳ ё ЗАГС накарданд, чун қонунҳои Тоҷикистон ба издивоҷи ҳамҷинсгароён иҷозат намедиҳад. Аммо эътирофи зану шавҳарии "М" ва "Д" (бо хоҳиши худи ҷавонҳо ба ҷои исми воқеии онҳо ин ду рамзро гузоштем - Озодӣ) дар шоҳидии як гурӯҳи хурди ҳаммаслакон ва дӯстонашон сурат гирифт. Ҳоло ин оилаи ҷавон, ки дар он “Д” нақши шавҳар ва “М” нақши ҳамсарро бозӣ мекунанд, дар як хонаи иҷора дар Душанбе зиндагиашонро барпо кардаанд.

“Д” лаҳзаи ошиқ шуданаш ба “М”-ро дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори Озодӣ чунин тасвир кард: «Издивоҷи мо замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ду ҳафта қабл аз он дар як тарабхонаи пойтахт бо як ҷавоне вохӯрдам, ки дили маро бурд. Давоми ду ҳафта бо ҳам ишқварзӣ кардем. Ва ман тасмим гирифтам, ки бояд бо ӯ хонадор шавам. Ҳамин гуна ҳам шуд. Ҳарчанд мо никоҳ ва ЗАГС, ки ин дар Тоҷикистон номумкин аст, надорем, лекин зиндагии орому осуда дорем».

“Д” мегӯяд, ки дар 12-солагӣ эҳсос кардааст, ки аз ҳамсолони дигараш фарқ дорад. Ӯ мегӯяд, ки ҳамеша ба ҷинси мард майл дошт ва занҳо таваҷҷуҳи ӯро ҷалб намекарданд. “Д” мегӯяд, бо вуҷуди ихтилофҳову дилсардиҳо дар хонаводаи волидонаш, намехоҳад чизеро дар зиндагии хусусиаш тағйир диҳад.

Ба фарқ аз “Д”, саргузаштҳои “М” аз кӯдакӣ сангинтару шигифтангезанд. Ӯро ба ҳангоми таваллуд падараш, ки дар зиндон будааст, эътироф накард ва ҳамеша ошкоро дар баробари дигар фарзандони хона таҳқиру маломат мекард. Ӯ мегӯяд, азбаски аз хурдӣ «феъли духтарона» доштааст, мавриди таваҷҷӯҳи шаҳвонии баъзе мардони кӯча қарор дошт ва нахустин бор ҳам дар 14-солагӣ мавриди таҷовузи як тоҷири хориҷӣ қарор гирифт.

“М” саргузашташро чунин қисса кард: «Падарам як умр маро мезад, ба мактаб рафтан намегузошт. Мегуфт, рафтори ту занакӣ аст ва агар мактаб равӣ, бачаҳо туро масхара мекунанд. Падарам иҷозат намедод, ки дар баробари апаву хоҳаронам ман ҳам аз як дастурхон нон хӯрад. Баъд падарам занакбоз шуд, ҳар хел фоҳишаҳоро ба хона меовард. Шароити зиндагии мо ҳам бад шуд ва ман ҳамроҳ бо модарам дар бозори Шоҳмансур ба фурӯши молҳои чакана машғул шудам. Ман эҳсос мекардам, ки бо духтарҳо муносибат карда наметавонистам. Ҳаминтавр шуд, ки ман борҳо аз сӯи тоҷирони афғон таҷовуз шудам ва баъдан худам ба ин одат кардам. Кӯшиш мекардам, ки баъди як мард, марди дигареро пайдо кунам, ки пули бисёр дорад. Худамро мисли духтарҳо рангу бор мекардам. Баъдан ба марказҳои дилхушӣ мерафтам, онҷо рақс мекардаму аз сӯи мардҳои хоҳишманди пули калон ҳам ба даст меовардам. 14 соли умрам ҳаминхел гузашт. Акнун ҳоло бо “Дилшод” издивоҷ кардем.»

«Шабнам», як ҷавони дигари ҳамҷинсгаро, ки дар ҷашни арӯсии ин ду ҷавон ширкат кардааст мегӯяд, онҳо ҳам орзуву ҳавас доранд ва ҳақ доранд тӯю базми рақсу бозӣ барпо кунанд. Шабнам гуфт, базми арӯсии “Д” ва “М” «хеле хуб гузашт.» Аммо онҳо мегӯянд, ба далоили амниятӣ ягон акс ё навори ин базми арӯсиро нашр намекунанд, чунки масъалаи равобити наздики ҳамҷинсҳо дар Тоҷикистон, як кишвари суннатии мусалмонӣ, ҳамоно табу боқӣ мемонад.

Аз ин хотир, мегӯянд ҳамҷинсгароён, ҷамъияти кӯчаки онҳо дар Душанбе дар маконҳои махсусе гирди ҳам меоянд. Ин маконҳо аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ бунёд шудааст. Яке аз онҳо марказ ё паноҳгоҳи вижаест, ки барои кӯмак ва таъмини риояи ҳуқуқи ҳамҷинсгароҳо бунёд шудааст.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch дар гузориши солонааш мегӯяд, ки ҳарчанд ҳамҷинсгароӣ сар аз соли 1998 дар Тоҷикистон ҷиноят шумурда намешавад, гейҳо, лесбиянкаҳо, хуносоҳо ва афроди монанди онҳо таҳти фишор буда, чанд мавриди хушунати пулис зидди онҳо низ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамҷинсгароён шадидан осебпазиранд, зеро аз фош шудани майли ҷинсии худ дар оила ва ҷои кор метарсанд. Як пажӯҳиши зери назари СММ дар чанд соли пеш шумори эҳтимолии ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистонро дар ҳудуди 7000 нафар тахмин зада буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG