Пайвандҳои дастрасӣ

Кушта шудани 2 ҷангии тоҷик дар Кӯфоби ҳаммарз бо Дарвоз


Мақомоти амниятии вилояти Бадахшон бо нашри акси яке ҷангиёни тоҷик, номи ӯро Исо гуфтаанд.

Мақомоти амниятии вилояти Бадахшон бо нашри акси яке ҷангиёни тоҷик, номи ӯро Исо гуфтаанд.

Дар амалиёти нерӯҳои амниятии афғон алайҳи Толибон дар вулусволии Кӯфоби Бадахшон ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, ду ҷангии тоҷик кушта шудаанд.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки нерӯҳои пулис дар амалиёти вижа алайҳи Толибон дар минтақаи Харши вулусволии Кӯфоб, ду ҷангии тоҷикро куштаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Бадахшони Афғонистон, амалиёт алайҳи гурӯҳи Толибон дар ин минтақа рӯзи 1-уми июл сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи ин амалиёт чаҳор нафари ин гурӯҳ ба шумули Атоуллоҳ, муовини фармондеҳи Толибон дар ин минтақа боздошт шуда ва 2 тани дигар, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, дар задухӯрдҳо кушта шуданд. Мақомоти амниятии вилояти Бадахшон бо нашри акси яке аз ҷангиёни тоҷик, номи ӯро Исо гуфтаанд.

Вулусволии Кӯфоб яке аз ноҳияҳои чаҳоргонаи Дарвози Афғонистон аст ва бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад. Дар гузашта вулусволиҳои дигари Бадахшон чун Вардуҷ, Ҷирм, Аргу, Карон ва Минҷон, Роғ, Кишм, Юмгон ва дигар минтақаҳо маҳаллӣ даргириҳои мухолифони ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои давлатӣ буданд ва минтақаи Дарвози Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, аз амнтарин бахшҳои ин вилоят ба шумор мерафт.

Давоми як соли ахир ин барои бори дувум аст, ки Толибон дар Дарвоз аз ҳузури худ хабар медиҳанд ва бо нерӯҳои давлатии афғон даргир мешаванд. Дар моҳи августи соли гузашта низ дар Кӯфоб миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибони маҳаллӣ даргирӣ сурат гирифта буд.

Вилояти Бадахшон, ки дар чанд соли гузашта аз амнтарин минтақаҳои Афғонистон ба шумор мерафт, ҳоло ба майдони фаъолияти густурдаи Толибон табдил шуда ва ноамниҳо аз минтақа ба минтақаи дигар доманаи худро васеъ мекунад ва Толибон дар инҷо дар ҳоли густариши нуфузи худ ҳастанд.

Ба иттилои мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон аз чанд рӯз ба ин тараф дар минтақаи Роғистони ҳаммарз бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) миёни нерӯҳои афғон ва гурӯҳи Толибон ҷангҳои шадид идома дорад. Мақомот аз Кобул ва дигар вилоятҳои шимолӣ барои набард бо Толибон ба Роғистон садҳои нерӯи изофӣ фиристодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG