Пайвандҳои дастрасӣ

Асрори қатли қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон ва хоҳари ӯ дар Кобул


Яке аз ду нафари кушташуда дар Кобул қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дар вазнбардории қудратӣ ва дигари хоҳари ӯ будааст.

Аҷсоди ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро ахиран аз зери хок берун кашида, мавриди ташхиси додгоҳӣ қарор додаанд. Дар додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба далели тоза шурӯъ шудани тафтишот наметавонанд тафсилоти ҳодисаро ба миён гузоранд.

Ончӣ то ҳоло ошкор шудааст, ин аст, ки ҷасади Светлана Коверзяковаи 29-сола ва бародараш Борис Коверзякови 21- сола ҳанӯз рӯзи 28 август аз Кобул ба Душанбе интиқол ёфтааст. Рӯзи дигараш ҷанозаи онҳо ба хок супорида шуда, аммо 2-юми сентябр бо амри додситонии кул онҳоро дигарбора аз хок берун оварда, мавриди ташхис қарор додаанд. Маълум шудааст, ки ҳарду бо силоҳи оташфишон кушта шудаанд.



Бино бар фарзияи асосӣ, Светлана, ки бо марди афғон издивоҷ карда буд, ахиран хостори талоқ шуда, барои талаби ҳаққи молии худ ба Кобул сафар кардааст.

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ин кушторро мармуз номид ва гуфт, ки ҳанӯз мақомоти амниятии Кобул қотил ва дастандаркорони ин кушторро ошкор накардаанд ва дар ҳоли боздошти онҳо аз сӯи дастгоҳҳои адлӣ муҷозот хоҳанд шуд.


Абдулғафури Орзу

Абдулғафури Орзу

Оқои Орзу ҳодисаро чунин тавзеҳ дод: “Ин хонуми тоҷик бо як шаҳрванди Афғонистон издивоҷ карда, бо бародараш ба Кобул сафар мекунад. Он чӣ ҳоло ба мо маълум аст, модари ин мақтулон омада буд ва дар даст коғази ЗАГС - и онҳоро дошт, ки тибқи он, дар замони муқовимат дар Тоҷикистон издивоҷ кардаанд. Дар ин никоҳнома омадааст, ки шавҳараш воқеан шаҳрванди Афғонистон аст, аммо инки чаро ба Кобул сафар мекунад, бино ба маълумоти консулии сафорати мо, он зан навиштааст, ки бо бародараш барои анҷоми корҳои иҷтимоии худ сафар мекунад.”

Дар сӯҳбат бо мо дӯстони мақтулон иброз доштанд, ки бародару хоҳарро ҳамчун Светлана Ризозода ва Багир Ризозода, ба номи падарашон мешиносанд. Дар маълумотҳои расмӣ ҳарду бекор зикр шудаанд, аммо Багир дар клуби “Регулянт” – и Душанбе машқи вазнбардорӣ мекард ва се карат қаҳрамони Тоҷикистон ҳам будааст.

Олим Парпиев, муовини раиси Федератсияи вазнбардорӣ ё пауерлифтинги Тоҷикистон Багирро як варзишкори умедбахш унвон карда, гуфт: “Ӯ пауерлифтери хеле хуб буд. Шогирди ману Толеъ Холназаров буд. Светлана ҳам аз рӯи шунидам машқ мекард, аммо ман надидаам. Аммо Багир бо мо буд ва хеле афсӯс мехӯрем, ки сарнавишташ чунин анҷомид.”

Дар як тамоси телефонӣ бо Озодӣ сарвари раёсати ҷиноии пулиси шаҳри Кобул генерал Муҳаммад Зоҳир гуфт, дарвоқеъ хонуми тоҷик гӯё аз шавҳари худ ҷудо шуда, ба Кобул омадааст, то ҳақталабӣ кунад. Вай афзуд, ҳоло шавҳари ин зан таҳти таъқиб аст ва аз сӯи пулис ҷустуҷӯ мешавад.

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, агар масъала ҳақталабӣ буд, хонум мебоист аввал ба мақомоти Тоҷикистон ва ё сафорати Афғонистон муроҷиат мекард, чун тариқи қонунҳои дунявиву шариатии ҳарду кишвар ӯ ҳуқуқ дошт, ки ҳаққи худро аз шавҳараш биситонад.

Сафири Афғонистон ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки аз никоҳи шаҳрвандони кишвараш бо шаҳрвандони Тоҷикистон сафоратро низ дар ҷараён гузоранд, то дар чунин ҳолатҳо мушкили муайян кардани шахсият аз байн равад. Вай афзуд, имкон дорад, ки афроди нолоиқ ва ҷинояткор ҳам ба ин корҳо даст бизананд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG