Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоимдодов: Тоҷикистон кӯр-кӯрона вориди созмонҳои иқтисодиву сиёсӣ намешавад


Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳанӯз пешниҳоди ворид шудан ба узвияти созмонҳои ҳамкориҳои АвруОсиёро меомӯзад ва тасмими ниҳоӣ дар ин замина гирифта нашудааст. Дар як сӯҳбат бо хабаргузории БелТа дар остонаи шурӯъи рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Беларус, ки моҳи ноябр баргузор мешавад, Қоимдодов ба ин оҷонс сӯҳбати ихтисосӣ додааст. Аз ҷумла, ӯ гуфтааст, ки “кишварҳо бояд муттаҳид шаванд, вале ин кор бояд бо назардошти манфиатҳои онҳо сурат гирад”. Вай гуфтааст, ки “ба узвияти созмонҳо кӯр-кӯрона шомил шуда намешавад ва ҳар кишвар бояд чунин тасмимро бо назардошти манфиатҳои иқтисодиву сиёсии худ бигирад”. Вай гуфтааст, барои шомил шудан ба як созмони иқтисодӣ кишвар “бояд дорои пойгоҳи боэътимоди иқтисодӣ бошад. Агар мо ҳоло ҳама тарруфаҳои гумрукиро бардорем, ки ба будҷаи кишвар даромад медиҳанд, фардо мо ин пулҳоро аз куҷо пайдо мекунем?”, гуфтааст Қоимдодов. Вай гуфтааст, ки ин масъала вақт мехоҳад.

Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё иқтисодҳои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистонро муттаҳид мекунад.

XS
SM
MD
LG