Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 шаҳрванди Тоҷикистон дар Нангарҳори Афғонистон


Мақомоти амниятии Афғонистон аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шарқи он кишвар хабар доданд, ки қасди пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро доштанд.

Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон рӯзи 13-уми июл эълон кард, ки як гурӯҳи чаҳорнафарии толибон ва чаҳор узви гурӯҳи "Давлати исломӣ", аз ҷумла, ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар вилояти Нангарҳор боздошт карданд.

Дар хабари дафтари расонаҳои Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон гуфта мешавад, ки ин ду шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи Бати Кути вилояти Нангарҳор ҳамроҳ бо ду сокини вилояти Парвон боздошт шудаанд.

Ин манбаъ аз шаҳрвандони Тоҷикистон Эҳсонуллоҳ Тураев ва Осим Довудӣ ном бурдааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин афрод тасмим доштанд, то дар вулусволии Ачини вилояти Нангарҳор ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" бипайванданд, аммо аз сӯи нерӯҳои амниятии Афғонистон боздошт шудаанд.

Эҳсонуллоҳ Тураев дар навори видеоие, ки нашр шудааст, мегӯяд, шахсе бо номи Сайфулло тариқи интенет онҳоро барои "ҷиҳод" алайҳи нерӯҳои ғарбӣ дар Афғонистон даъват кардааст ва онҳо ин даъвати ӯро пазируфта ва озими Афғонистон шуданд. Осим Довудӣ ҳам дар ин навори нашркардаи Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, ки якҷо бо Эҳсонуллоҳ ба Кобул рафтанд ва сипас озими Нангарҳор шуданд ва дар инҷо ба дасти нерӯҳои амниятии афғон афтоданд.

Мақомоти тоҷик то ба ҳол дар мавриди боздошти ин ду шаҳрванди Тоҷикистон изҳори назар накардаанд. Аммо дар гузашта, чандин мавориди боздошт ва ё кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Афғонистон аз сӯи мақомоти он кишвар таъйид шуда буд. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта дар даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии афғон ва Толибон дар вулусволиҳои Роғистон ва Дарвози вилояти Бадахшон чанд ҷангии тоҷик кушта шуданд.

Аз як сол ба ин сӯ гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шарқи Афғонистон ҳузури густурда пайдо карда ва гуфта мешавад, ҷангҷӯёни ин созмони тундгарои бархоста аз Ховари Миёна дар ҳоли ҳозир бештар дар вилояти Нангарҳор ва дигар манотиқи шарқи Афғонистон хеле фаъоланд. Нерӯҳои парокандае аз ин созмон дар ҷануб ва шимоли Афғонистон, аз ҷумла, дар вилоятҳои Ғазнӣ, Зобул, Кунар ва Бадахшон ҳам зуҳур кардаанд.

"Давлати исломӣ" соли гузашта бо роҳандозии як радиое бо номи“Садои Хилофат” ба забонҳои дарӣ ва пашту ахбори ин гурӯҳи тундравро пахш мекард. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ситезаҷӯён радиоро барои ҷалби ҷонибдорон истифода мебурданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, саркӯб шудани “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ ҳазорон ҷангҷӯи ин гурӯҳи тундравро маҷбур ба ҷустуҷӯи ҷабҳаҳои нав мекунад ва яке аз самтҳои ҷаззоб барои онҳо Афғонистони ҷангзада боқӣ мемонад.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла, бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд. Ин гурӯҳ, ки бино ба ҳисобҳо, то 20 000 ҷангҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои мухталифро зери парчами сиёҳаш дар Сурияву Ироқ ҷамъ овардааст, дар ҳоли ҳозир яке аз хатарноктарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон дониста мешавад.

“Давлати исломӣ” масъулияти як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла, масъулияти ҳамлаҳои моҳи ноябри Порисро, ки 130 кушта ба ҷо гузошт ва ҳамлаҳои рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва метрои Брюсселро, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар шуд, ба зимма гирифтааст. Кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони араб зери раҳбарии ИМА эътилоферо ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 ба ин сӯ мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумораи шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба ҳисоби онҳо, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба гурӯҳҳои тундрав ва асосан ба “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шудаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ хабар расидааст.

XS
SM
MD
LG