Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гул ва Зӯҳро – хирсҳои тоҷикӣ дар боғи ҷонварони чехӣ хона карданд


Гул ва Зӯҳро ҳоло дар карантин қарор доранд
Гул ва Зӯҳро ҳоло дар карантин қарор доранд

Ду хирси нохунсафеди 6 ва 16-сола бомуваффақият аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Чех расиданд.

Гулу Зӯҳро - ду хирси тоҷикӣ акнун танҳо намунаи нодири хирсҳои тиёншонӣ дар Аврупо ҳастанд, ки дар боғи ҷонварони чехӣ маскан гирифтанд. Иван Кубат, зоологи боғи ҷонварони «Оҳрада» дар шаҳри Ҳлубока над Влтавоу шахсан ба Душанбе рафта, дар паи саёҳати заминии 15-рӯзааш охири моҳи июл ниҳоят Гулу Зӯҳроро ҳамроҳаш ба Чехия овард.

Вай гуфт: «Мо 15 рӯз дар роҳ будем ва масофаи тӯлониеро аз шаҳри Душанбе то Ҳлубока над Влтавоу сипарӣ кардем. Ҳоли ҳарду хирси тоҷикӣ хеле хуб аст. Мо аз Тоҷикистон ҳаракат карда, тавассути хоки Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Литва ва Полша ниҳоят ба Чехия расидем. Албатта, дар роҳ баъзе мушкилот пеш омад.

Масалан, мо дар сарҳади Қазоқистон се рӯз дармондем, чунки санадҳое, ки мо доштем, то охир ба муқаррароти Иттиҳоди гумрукӣ мувофиқат намекард. Мо мунтазир мондем, ки иҷозати транзитии интиқоли хирсҳоро аз нав бигирем. Вале ин мушкил ҳам билохира ҳал шуд ва ҳоло ҳама чиз хуб аст», -- гуфт Кубат.

Як мушкили таҳияи санадҳои интиқоли хирсҳо аз Тоҷикистон ба Аврупо ин будааст, ки хирсҳои нохунсафед, ҳамчун навъҳои нодири ҷонварон, таҳти ҳимояти қонунҳои байналмилалӣ ва CITES – эъломияи тиҷорати байналмилалии навъҳои нодири ҷонварону наботот қарор доранд. Тоҷикистон зери ин санад имзо нагузоштааст ва аз ҳамин хотир, таҳияи санадҳои иҷозатдиҳандаи берунории хирсҳо то ду сол тӯл кашид.

​«Мушкил дар иҷозати Тоҷикистон неву, дар тарафи Аврупо буд, ки ҳал шуд», гуфт Кубат. Зимнан, ду хирси модаи тоҷикӣ акнун бо як хирси нари тиёншонӣ, ки аз ин пеш ба ин боғи ҷонварони чехӣ аз шаҳри Екатеринбург оварда шудааст, ҳамроҳ шуда, оилае барпо мекунанд. Дар сурати ба шароити зист унс гирифтани ҷонварон, эҳтимол дар оянда ин хирсҳо насли нави хирсбачаҳоро ба дунё оваранд. Вале ҳоло Гулу Зӯҳро дар ҳолати карантин ва ё муроқибати махсус қарор доранд. Давоми чаҳор ҳафта ҷонварон бояд ба муҳиту хонаи нав одат кунанд ва аз назорати тиббӣ гузаранд, то ки зиндагии баъдиашон дар ҷои нав бемушкил пеш равад.

Маъмурияти Боғи ҷонварони «Оҳрада» боифтихор мегӯяд, ки хирсҳои нав малламӯ буда, аз оилаи хирсҳои тиёншонӣ ҳастанд, намунаҳояшонро танҳо дар боғҳои ҷонварони Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, ва инак шаҳри Ҳлубока над Влтавоу пайдо кардан мумкин аст. Хирсҳои бӯри тиёншонӣ ё нохунсафед ба Китоби сурх ворид шуда, дар табиати ваҳшӣ ҳамчун хирсҳои дар ҳоли нобудшавӣ ёд мешаванд. Дар кӯҳҳои Помиру Осиёи Ҷанубӣ шумори умумии ин хирсҳо дар ҳудуди 200 сар гуфта мешавад. Хирсҳо ба Ҷумҳурии Чех бар ивази ду ҷуфт кенгуру оварда шуданд, ки моҳи июл ба Душанбе бо ҳавопаймо бурда шуданд. Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, як рӯз баъди ба Душанбе оварда шудани ҷонварони австралиягӣ, яке аз онҳо даргузашт.

Ду хирси тоҷикистонӣ муқими яке аз боғҳои ҳайвоноти Чехия шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Иван Кубат, ки дар он лаҳза дар Душанбе буд, дар бораи сабабҳои марги як кенгуру дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: «Мо ду ҷуфт кенгуруҳоро ба Тоҷикистон овардем. Яке аз онҳо баъди расидан ба ҷои нав, хеле тарсида буд. Худро ба ҳар ҷо мезад. Ниҳоят, ӯ худро ба симчӯби қафас зада кушт. Ингуна ҳодисаҳо дар ҳама боғҳо рух медиҳад ва ҳатто дар пешқадамтарин боғҳо ҳам», гуфт Кубат. Ҳоло дар боғи Душанбе як кенгуруи нар ва ду кенгуруи мода мондааст.

Азбаски кенгуруҳо дар шароити бисёрҳамсарӣ зиндагӣ мекунанд, мегӯяд ин зоологи чех, барпо кардани зиндагӣ барои ин се ҷонвар дар ҷои нав набояд мушкил шавад. Шароити зисти онҳо ҳам дар Душанбе мусоид аст, гуфт ӯ.

Иван Кубат гуфт, ҳарчанд ҳоло ҳеҷ нақшаи ҷиддии дигареро дар мавриди табдили ҷонварон бо Душанбе накашидаанд, вале дар оянда ӯ мехост аз Тоҷикистон ба Чехия морҳои нодир ва ё дигар ҷонварони, ба гуфтааш аз назари илми зоология ҷолибро биёрад. Дар Боғи вуҳуши шаҳри Ҳлубока над Влтавоу асосан ҷонварони аврупоӣ, осиёи шимолӣ, чинӣ ва аз қаламравҳои собиқи шӯравӣ гирдоварӣ шудааст, ки шуморашон ба садҳо адад мерасад.

XS
SM
MD
LG