Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду паҳлавони тоҷик дар Гран-прии дзюдо дар Олмон


Паҳлавонони тоҷик Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи пурнуфузи Гран-прии дзюдо дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон ширкат хоҳанд кард.

Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён, паҳлавонони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 21-22-юми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ин аввалин мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор меравад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Фарҳод Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило рӯзи 21-уми феврал дар даври аввал бо Константинс Овчинниковс аз Латвия рақобат мекунад. Ғолиби ин ҷуфт дар даври дувум бо Травис Стевенс аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қувваозмоӣ хоҳад кард. Дар ин вазн ҳамагӣ 54 гуштигир номнавис шудааст.

Комроншоҳи Устопириён бошад, рӯзи 22-юми феврал дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар даври аввал бо Муҳаммад Дарвеш аз Миср вориди рақобат мешавад. Ғолиби ин қувваозмоӣ дар даври баъдӣ бо Арон Ҳилдебранд аз Олмон рӯбарӯ хоҳад шуд. Теъдоди гуштигирон дар ин вазн 46 нафар аст. Комроншоҳ, ки ба ин мусобиқа дар шаҳри Маскави Русия бо раҳбарии Владимир Елчанинов омодагӣ дидааст, ҳамроҳи мураббияш иштирок хоҳад кард.

Дар назар аст, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 547 варзишгар (327 мард ва 220 зан) аз 75 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд: Аврупо – 38 кишвар, Африқо – 13, Осиё – 12, Панамрико – 10 ва Уқёнус – 2. Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин мусобиқа аз кишварҳои собиқи шӯравӣ варзишгарони 13 ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Ба ҷуз Тоҷикистон, дзюдочиёни Арманистон (7 нафар), Беларус (6), Гурҷистон (13), Қазоқистон (12), Қирғизистон (2), Латвия (4), Литва (6), Молдова (2), Озарбойҷон (13), Русия (8), Украина (5) ва Эстония (6) дар Олмон ҷамъ мешаванд.

Дар ин мусобиқа варзишгарон метавонанд барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳои олимпӣ бигиранд. Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқоти интихобӣ 22 гуштигири зӯртарин дар ҳар як вазн ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG