Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони тоҷик Акмал Қодиров ва Аҳлиддин Ҳасанов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба армспорт ё дастхобонӣ дар шаҳри Маскав ширкат меварзанд.

Дар мусобиқаи XVI байналмилалӣ оид ба армспорт, бодибилдинг, вазнабардорӣ ва дартс (нишонзанӣ) бо номи "Харгӯши тиллоӣ”, ки рӯзҳои 22-23 ноябр дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав – баргузор мешавад, Тоҷикистонро Акмал Қодиров, қаҳрамони ҷаҳон-2014 ва Аҳлиддин Ҳасанов, қаҳрамони Осиё-2013, дар сабқати армрестлинг байни варзишгарони маълул намояндагӣ мекунанд.

Мусобиқа байни мардону занон бо дасти чап ва рост баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, Акмал Қодиров дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба армспорт, ки рӯзҳои 7-12 октябри соли равон дар шаҳри Путски Лаҳистон баргузор шуд, дар вазни беш аз 90 кило бо дасти рост мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашта буд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Юсуф Юсуфалиев аз Русия дастболо шуд. Акмал дар рақобатҳо бо дасти чап соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин сабқати ҷаҳонӣ 78 варзишгари маълул аз 14 кишвари ҷаҳон ширкат дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG