Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як тоҷик ва як қирғиз дар Бадахшони Афғонистон


Мақомоти амниятии вилояти Бадахшони Афғонистон як тоҷик ва як қирғизро бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористӣ боздошт карданд.

Як манбаъ дар фармондеҳии пулиси ин вилоят ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ин ду нафар зимни як амалиёти вижа аз сӯи мақомоти зиддиҷосусии амнияти миллӣ ва пулис дар деҳаи Баҳораки вулусволии ҳамном ошкор шудаанд.

Ин манбаъ афзуд, шаҳрванди Тоҷикистон Алиқул фарзанди Аҳмадқул ном дошта, худро сокини Кӯлоб ва узви «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» ва шаҳрванди Қирғизистон Абдуллоҳ валади Фармон ном дошта, худро узви созмони "Сипоҳи Қирғизистон" муаррифӣ кардааст. Онҳо аз манзили Муҳаммад Осиф, як сокини деҳаи Баҳорак боздошт шудаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, ки ин ду тан таълимоти интиҳориро дар Вазиристони Шимолӣ гирифта, тавассути Мавлавӣ Сайфуддин, сокини вулусволии Шуҳадои Бадахшон барои анҷоми амалиёти интиҳорӣ фиристода шудаанд.

Ҳамчунин зимни ин амалиёт ду афсари Артиши миллии Афғонистон ба номҳои Сиддиқуллоҳ ва Саидвалӣ, сокинони вулусволиҳои Шуҳадо ва Роғи Бадахшони Афғонистон ҳам боздошт шудаанд. Бино ба ин манбаъ, онҳо нектойӣ, ё галстуку либоси низомӣ пӯшида, дар миёни ҷузву томҳои нерӯҳои мусаллаҳ нуфуз пайдо карда буданд ва бо ҷангиён ҳамкорӣ мекарданд. Мақомоти амниятии Бадахшон мегӯянд, ҳадафи ин гурӯҳ қабл аз ҳама маҳбаси Бадахшон буд, ки ба зудӣ ҳангоми бозпурсӣ эътироф кардаанд.

Ин бори дуввум аст, ки номи ҷангиёни тоҷик дар хабарҳои мақомоти амниятии Бадахшони Афғонистон рӯ мезанад. 23 июни соли равон онҳо хабар дода буданд, ки ду узви аршади гурӯҳи «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» бар асари як ҳамлаи нерӯҳои ҳавоӣ дар вулусволии Ҷурм кушта шудаанд.

Бино ба иттилои пулиси Бадахшони Афғонистон, дар вулусволии Ҷурм ба истиснои толибони маҳаллӣ ситезаҷӯёни тоҷику узбаку чечен ва арабу покистонӣ ҳам фаъолият доранд, ки аз Чатроли Покистон ворид шудаанд.

«Ҷамоаи Ансоруллоҳ» як гурӯҳи тундрави мазҳабиест, ки аз баданаи Ал-Қоида бархоста, дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон асос ёфтааст. Исми «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» бори аввал дар соли 2010, баъди онки масъулияти ҳамлаи маргталабона алайҳи воҳиди пулис дар шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда гирифт, расонаӣ шуд. Гурӯҳҳои мусаллаҳи Мулло Абдуллоҳ Раҳимов ва Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакиро, ки дар як амалиёти вижаи солҳои 2010-2011 аз байн бурдан шуданд, низ ба ҳамин «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» мансуб донистанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2012 «Ҷамоаи Ансоруллоҳ»-ро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои мамнӯъ ворид кард. Мақомот мегӯянд, ин созмонро аз қаламрави Покистон нафаре бо номи Амриддин Табаров, узви собиқи Ҳизби наҳзати исломӣ раҳбарӣ мекунад. Домулло Амриддин шароити сулҳи соли 1997 бо ҳукумати Тоҷикистонро напазируфта, ба Афғонистон ва аз онҷо ба Покистон рафт ва ин ҳаракат дар солҳои охир талош дорад, ба ин сӯи Омӯ баргардад.

XS
SM
MD
LG