Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд ду сарбози қатории қисми ҳарбии "28 57"-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Суғдро ба иттиҳоми даст доштан дар марги ҳамхизматашон Рамазон Забиров гунаҳкор донист ва онҳоро равонаи зиндон кард. Аммо муовини сардори дидбонгоҳи марзӣ шомили афв шуд ва додгоҳ ӯро аз ҷавобгарӣ озод намуд.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд ду сарбози қатории қисми ҳарбии "28 57"-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Суғдро ба иттиҳоми даст доштан дар марги ҳамхизматашон Рамазон Забиров гунаҳкор донист ва онҳоро равонаи зиндон кард. Аммо муовини сардори дидбонгоҳи марзӣ шомили афв шуд ва додгоҳ ӯро аз ҷавобгарӣ озод намуд.

Ҳукми додгоҳ дар нисбати ин ду сарбоз ҳафтаи гузашта содир шудааст ва тибқи он, Ҷаҳонгир Тилабов ба 16 сол зиндони низомаш сахт ва Бахтиёр Яримқулов ба 5 сол ҳабс, маҳкум шудаанд. Аммо бо дар назардошти шомил шудан ба қонуни афв, сеяки муҳлати ҷазои Бахтиёр Яримқулов кам карда шудааст. Ба иттилои Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд, Ҷаҳонгир Тилабов ва Бахтиёр Яримқулов барои "вайрон кардани қоидаҳои хизмат", "таҳқири муназзам", "паст задани шаъну эътибор", "шиканҷа" ва "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ", гунаҳкор дониста шуданд.

Рамазон Забиров, сафи аввал (байн)

Рамазон Забиров, сафи аввал (байн)

Аз Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд гуфтанд, ки алайҳи муовини сардори дидбонгоҳи қисми ҳарбии "28 57"-и нерӯҳои марзбонӣ Э.Гадоев бо моддаи 347, қисми ду, яъне "хабар надодан" парванда боз шуда буд, вале бо назардошти шомил шудан ба қонуни афв, таҳқиқи парвандаи ӯ қатъ ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуд.

Додгоҳи гарнизони ҳарбии Хуҷанд мегӯяд, ин ҳукм дар зарфи 10 рӯз ба ҳолати иҷро медарояд ва наздикони Рамазон Забиров метавонанд дар ин муддат ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят баранд.

Аммо Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи хонаводаи сарбози фавтида Рамазон Забиров мегӯяд, бар асоси парвандае, ки бо моддаи 347-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи муовини сардори дидбонгоҳи қисми ҳарбӣ боз карда шуд, ба чанд тан аз масъулони дигари дидбонгоҳи қисми ҳарбии “28 57” барои саривақт хабар надодан аз ҳодисаи латтукӯб ва риоя накардани оинномаи нерӯҳои марзбонӣ, огоҳинома дода шудааст, вале фармондеҳи дидбонгоҳ ба ҷазо кашида нашуд.

Ин ду сарбоз ва афсар -- Ҷаҳонгир Тилабов, Бахтиёр Яримқулов ва Э. Гадоев дар моҳи августи соли равон ба гумони даст доштан дар марги Рамазон Забиров боздошт шуда буданд.

Ҷасади Рамазон Забировро субҳи 5-уми август аз ҷойи хобаш дар қисми ҳарбии 2857-и нирӯҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд ёфта, рӯзи 7-уми август дар зодгоҳаш деҳаи Тӯдаи шаҳри Ҳисор ба хок супурдаанд. Наздикони Рамазон иддао доранд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар сафи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи ҳамхидматонаш латту кӯб шуда ва баъдан ҷон додааст.

Мавлуда Тағоева, модари Рамазон Забиров, он замон дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳангоми шустани ҷасади писараш дар зери манаҳ, сутунмуҳра ва тарафи рӯяш доғҳои сиёҳро мушоҳида кардаанд ва ин баёнгари латту кӯб шудани ӯст. Рамазон Забирови 18-сола моҳи апрели соли ҷорӣ ба хидмат рафта буд ва баъд аз ҳамагӣ панҷ моҳ, ҷисми беҷони ӯро ба зодгоҳаш оварданд.

Тайи солҳои охир чанде аз сарбозон ҳангоми хидмат дар қисмҳои низомӣ ҳалок шуда, додгоҳҳои кишвар низ чанде аз омилони онҳоро ба зиндон фиристодаанд. Ахиран Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Вазорати дифои Тоҷикистонро муваззаф кард, ки ба падару модари сарбози ҳалокшуда Фирдавс Раҳматов 5000 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад.

Фирдавс Раҳматов.

Фирдавс Раҳматов.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти кишвар барои аз байн бурдани "дедовшина" ё меҳтарсолорӣ дар артиш саъйу кӯшиши кофӣ ба харҷ намедиҳанд, ҳарчанд ба гуфтаи теъдоде аз сарбозоне, ки солҳои ахир артишро тамом карданд, ҳоло дар бисёре аз қисмҳои низомӣ, назорат сахттар шудааст ва дар онҳо телефонҳои додситонҳои низомиро ҳам навиштаанд, то сарбоз дар сурати бадрафтории ҳамхизматҳояш ба додситонӣ муроҷиат кунад.

Вале бо вуҷуди ин муносибати ғайриоиннномавӣ дар артиш зиёд мушоҳида мешавад ва сарбозони ҷавон бо сари хам зарари ҷисмонӣ ва таҳқирро таҳаммул мекунанд. Афсарон низ дар бисёр маврид ҷангу муноқишаҳоеро, ки дар воҳиди низомиашон сурат мегирад, пинҳон медоранд.

Дар Тоҷикистон хидмати ҳарбӣ барои ҷавонони солими аз 18 то 28-сола ҳатмӣ дониста шудааст ва ҳамсола дар даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ ҷавонон ба сафи артиш ҷалб мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG