Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Аз Малика ва Сабинаи гумшуда ҳанӯз дараке нест


Аз Малика ва Сабина - ду кӯдаки хурдсол, ки рӯзи душанбе дар пойтахт нопадид шудаанд, ҳанӯз хабаре нест.

Бародарзодаҳо Маликаи 5-сола ва Сабинаи 4-сола, тақрибан соатҳои 16 рӯзи душанбе дар назди манзили худ дар хиёбони Айнии пойтахт ба ҳангоми бозӣ нопадид шуданд. Феълан ҳеҷ фарзияи нопадидшавии онҳо маълум нест.

Волидони кӯдакони гумшуда мегӯянд, инак ду рӯз аст, бе Маликаву Сабина ба сахтӣ руз мегузаронанд ва то кунун ҳеҷ хабаре аз онҳо дар даст надоранд.

Темур Аралов падари Малика ва Нигина Аралова модари Сабина рӯзи 27-уми март дар суҳбат ба «Озодӣ» гуфтанд, ки ба хонаи ҳамаи хешовандону наздиконашон рафта ва суроғи кӯдаконашонро кардаанд, аммо то кунун аз фарзандони гумшудаашон асаре пайдо накарданд. Онҳо мегӯянд, ки дар мавриди гумшудани пайвандонашон ҳеҷ фарзияе пешниҳод карда наметавонанд, ки бо онҳо чӣ шудааст.

Модари Малика мегӯяд, ки танҳо ҳаминро медонад, ки кӯдакон дар пушти хона машғули бозӣ буданд ва намедонад, ки ба дунбол онҳо куҷо шуданд. Вай мегӯяд, ки ба тамоми кӯчаву бозорҳо сар зада аз мардум роҷеъ ба онҳо пурсидаанд, аммо ҳеҷ нафаре, ки онҳоро дида ва нишонае аз онҳоро гуфта бошад, нест.

Дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур ба "Озодӣ" гуфтанд, ки ҳамаи чораҳоро барои пайдо кардани ин ду кӯдак рӯи даст гирифтаанд, вале айни ҳол аз онҳо асаре пайдо накарданд. Зимнан дар пойтахт варақаҳои волидони фарзандгумкарда пахш шудааст, ки мегӯяд, шоми 25-ум март дар хиёбони Айнии пойтахт ду амакбача аз хонаводаи Араловҳо нопадид шуданд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбе бо даъвати интернетӣ, 10 корбари шабакаи иҷтимоӣ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ба ҷустуҷӯи Маликаву Сабинаи дирӯз гумшуда шурӯъ карданд.

Мария, як ташаббускори ҷустуҷӯи духтарҳо аз тариқи телефон ба радиои Озодӣ гуфт, ки волидони духтарчаҳо ҳамроҳ бо ходимони милиса дар ноҳияи фурӯшгоҳи “Садбарг”, истгоҳи Роҳи Оҳан ва минтақаи атроф кӯдакони нопадидшударо ҷустуҷӯ доранд. Айни замон, ихтиёриён дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук даъвате пахш карда, хоҳишмандони кӯмак дар ҷустуҷӯи духтарҳои нопадидшударо ба ин маҳал хондаанд, то ба кофтукоби кӯдакон ҳамроҳ шаванд.


  • Ҳоло 10 нафари хоҳишманд даъвати интернетии моро пазируфта, дунафарӣ тақсим шуда ба ҷустуҷӯи кӯдакон шурӯъ кардаанд. Инчунин аз раҳгузарҳо дар бораи духтарчаҳои нопадидшуда суол мекунем, ки агар онҳоро дида бошанд, ба мо бигӯянд. Аз рӯи иттилое, ки ҳоло дар даст аст, ин амакбачаҳоро дирӯз дар маҳаллаи фурӯшгоҳи “Садбарг” ҳамроҳ дида буданд.

Мария гуфт, иттилои бештар аз ин дар даст нест.

Бино ба гузоришҳо, дар зарфи шаш моҳи охир хешовандони 50 духтари ноболиғ дар Тоҷикистон ба мақомоти умури дохила бо дархости пайдо кардани фарзандони гумномшудаашон муроҷиат кардаанд. Дар ҳоле, ки ҳодисаҳои гумномшудаи кӯдакон дар Тоҷикистон ҳодисаи бесобиқа нест, ин барои нахустин бор аст, ки бо даъвати ихтиёриён тавассути Интернет амалиёти ҷустуҷӯи атфол ба роҳ монда мешавад.

Волидони Маликаву Сабина ба кӯмаки шумо ҳам ниёз доранд.

Телефонҳои тамос бо Улуғбек ва Нигина Араловҳо: 91-900-12-00, 91-970-55-33, 44-600-71-01, 223-01-07
XS
SM
MD
LG