Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"880 ҳазор нафар" дар Аврупо ба "бардагӣ" гирифтор шудаанд


Рӯзномаи олмонии Der Spiegel бо интишори оморе, ки Парлумони Аврупо онро ҷамъоварӣ кардааст, мегӯяд, дар ин қора 880 ҳазор нафар дар шароити "бардагӣ" ба кор гумошта шуданд ва аз ҳар чаҳор яке аз онҳо истифодаи ҷинсӣ мешаванд.

Бинобар ин гузориш, дар кишварҳои аврупоӣ бештар аз 3 ҳазору 600 гурӯҳи табаҳкор вуҷуд дорад. Комиссияи вижаи CIRM дар Иттиҳодияи Аврупо, ки ин оморро ҷамъоварӣ кардааст, мегӯяд, фоидаи тиҷорат аз инсон ба дасти гурӯҳҳои табаҳкор 25 миллиад евро ва суди ба дастомада аз тиҷорати аъзои бадан, барои онҳо то 24 миллиар евроро ташкил медиҳад.

Ин гузориш мегӯяд, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба далели фаъолиятҳои гурӯҳҳои табаҳкор ва низ барои мубориза бо он солона то 290 миллиард евро (наздик ба 400 миллиард доллар) зарар мекунанд. Қочоқи инсон ва низ "бардадорӣ" дар даврони муосир аз ҷумлаи муҳимтарин мушкилоти кишварҳо ва давлатҳо, ба шумор меравад.

Гузорише аз СММ дар соли 2010 нишон медод, ки то он замон солона қурбониёни қочоқи инсон дар Аврупо 50 дарсад бештар мешуд ва бо дарназар гирифтани фоидаи он, ин мавзӯъ ба судмандтарин амали табаҳкорон дар Аврупо табдил шуда буд.

Дар ҳоле, ки тозатарин омор аз 880 ҳазор нафар дар шароити бардагӣ дар Иттиҳодияи Аврупо ҳикоят мекунад, омори солонаи вазорати умури хориҷии Амрико ин рақамро дар саросати ҷаҳон бештар аз 25 миллион нафар мегӯяд. Албатта гузориши вазорати умури хориҷии Амрико нишон медиҳад, ки тайи солҳои ахир мубориза бо ин мавзӯъ пешрафт кардааст. Алабатти ин мавзӯъ шомили ҳама кишварҳо намешавад.

Гузориши имсолаи вазорати умури хориҷии Амрико дар мавриди қочоқи инсон мегӯяд, Русия, Узбакистон ва Эрон бадтарин вазъиятро дар сатҳи ҷаҳон доранд. Бар асоси ин гузориш, ин кишварҳо барои мубориза бо ин мушкил ҳеҷ иқдоми муассир анҷом надода ва барномаи мушаххасе барои муқобила бо онро надоранд.

Комиссияи таҳқиқотии Парлумони Иттиҳодияи Аврупо дар айни ҳол аз "ришва" ва "фасоди идорӣ" ба унвони "хатаре муҳим" барои кишварҳои узв ном бурда ва мегӯяд, ин мавзӯъ низ солона беш аз 120 миллион евро зарар барои Иттиҳодия ҳамроҳ дорад.

CIRM хостори баста шудани "биҳиштҳои молиётӣ" дар минтақаи Иттиҳодияи Аврупо шудааст: кишварҳо ва минтақаҳои кӯчаке, ки ба таври маъмул молиёти камтаре дар онҳо гирифта мешавад ва бархе ширкатҳо ва сарватмондон барои фирор аз молиёт ва андоз дар он кишварҳо, ба сабти ширкат даст мезананд.
"Биҳиштҳои молиётӣ" ва мушкилоти бархоста аз онҳо, барои системаи молиётӣ аз ҷумлаи муҳимтарин нигарониҳои кишварҳои пешрафта ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG