Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони пойгоҳи 201-умро ба СИЗО бурдаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду сарбози пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар қатли як сокини Душанбе айбдор мешаванд, ба боздоштгоҳи муваққати воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд.

Як манбаъ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 11 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сарбозони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон Илдар Сахапов ва Федор Басимовро, ки дар куштори Раҳимҷон Тешабоев - сокини шаҳри Душанбе айбдор ва то анҷоми тафтишоти пешакӣ дар боздоштгоҳи пулиси ноҳияи Рӯдакӣ нигоҳ дошта мешуданд, ҳанӯз рӯзи 6 сентябр ба боздоштгоҳи муваққати воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе интиқол дода шудаанд.

Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, Илдар Сахапов ва Федор Басимов ҳафтаи гузашта дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор кардаанд ва тибқи моддаи 105, қисми д, банди "ж"-и Кодекси ҷиноии Русия(«куштор дар ҳайати гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ ва ғаразнок») айбдор дониста шуданд. Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, сарбозони пойгоҳи Русия Илдар Сахапов ва Федор Басимов дар баёноти худ иқрор карданд, ки Раҳимҷон Тешабоевро бо зарби корд ба қатл расонидаанд.

Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки ин корро бо як маслиҳати пешакӣ замоне анҷом додаанд, ки шаҳрванди Русия Федор Басимов барои овардани ҳамсараш аз Русия ба Душанбе аз Раҳимҷон Тешабоев 50 ҳазор рубл қарз гирифта, аммо пулро баргардонида натавонистааст. Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳафтаи гузашта қарори боздошти ин ду сарбози пойгоҳи Русияро барои ду моҳ содир кард ва Илдар Сахапов ва Федор Басимов дар боздоштгоҳи муваққатии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ нигоҳдорӣ мешуданд. Тафтишот бо такя ба забти гуфтугӯҳои телефонии Сахапов Илдар Масхутович ва Федор Басимов бо Раҳимҷон Тешабоев ва нишондодҳои онҳо дар ҷои ҳодиса ва нақли ин ки чӣ гуна ва бо чӣ роҳ ӯро ба қатл расониданд, алайҳи онҳо бо моддаи105, қисми д, банди "ж"-и Кодекси ҷиноии Русия эълони иттиҳом кардааст.

Ҷасади Тешабоевро, ки дар назди мақари пойгоҳи 201-уми Русия, дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе таксӣ мезад, шаби 19 август аз назди кӯле дар назди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гардани бурида пайдо карданд. Ба дунбол пулиси ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки рӯзи 26 август ду сарбози пойгоҳи Русияро бо гумони даст доштан дар ин куштор дастгир кардааст.

Як манбаи наздик ба ҷараёни тафтишот ба Озодӣ гуфт, яке аз сарбозони гумонбар, ки Фёдор ном дорад, аз Раҳимҷон Тешабоев тақрибан 1500 доллар қарздор будааст. Ӯ аз ҳамхидматаш Элдар машварат мепурсад, ки бо ин қарз чӣ кунад? Мусоҳиби Озодӣ гуфт, онҳо тибқи маслиҳати пешакӣ ибтидо рӯзи 16 август талош кардаанд, то "масъаларо ҳал кунанд." Вале бори якум муваффақ нашуда, рӯзи 18 август Раҳимҷон Тешабоевро "моҳигирӣ меравем" гуфта, фиреб медиҳанд ва дар лаби кӯл Фёдор ронандаро медораду Элдар гарданашро мебурад.

Рустамҷон, бародари Раҳимҷон Тешабоев қаблан ба Озодӣ гуфт, ки бародараш такси меронд ва асосан ба сарбозону афсарони як воҳиди пойгоҳи 201-уми Русия дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе хидмат мерасонд. Манобеи Озодӣ ба дунболи кашфи ҷасади ин ронанда хабар доданд, ки аз дохили сабукрави тамғаи “Опел-Астра”-и Раҳимҷон Тешабоев чанд шиносномаи шаҳрвандони Русия ёфт шуда буд.

Раҳимҷон Тешабоев 36 сол дошт ва аз ӯ 3 фарзанд боқӣ мондааст.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бо тақрибан 7000 афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон дастикам то соли 2042 тамдид шуд.

Феълан тафтиши парванда аз ҷониби гурӯҳи муфаттишони пойгоҳи 201-и Русия идома дорад,чунки мувофиқи созишномаи ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон, сарбозони Русия дар Тоҷикистон аз масуният дар баробари ҷавобгарии ҷиноӣ бархӯрдоранд ва агар ҷинояте дар қаламрави Тоҷикистон содир кунанд, бар асоси қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG