Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ҳалокати ду афсараш дар Сурияро тасдиқ кард ва гуфт, чархболи онҳо дар наздикии шаҳри Палмира дучори ҳамлаи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” шудааст. Ҳалокати Рафоқат Ҳабибуллин ва Евгений Долгин ҷамъи қурбониёни артиши Русия дар Сурияро ба 13 нафар мерасонад.

Вазорати дифои Русия бо нашри як баёния ҳалокати ду халабонаш дар Сурияро тасдиқ кард. Дар гузориши вазорат гуфта мешавад, ки халабонҳо Рафоқат Ҳабибуллин ва Евгений Долгин рӯзи 8 июл дар вилояти Ҳумс бо чархболи МИ-25-и артиши Сурия парвоз анҷом медоданд. Бино ба ин манбаъ, “дар ҳамин вақт дар наздикии шаҳри Палмира як гурӯҳи бузурги ҷангҷӯёни ДИИШ (“Давлати исломӣ”) ба мавқеъҳои нирӯҳои Сурия ҳамла оварда, хатти дифои онҳоро шикастанд ва бо суръат пеш рафта, хатари ғасби теппаҳои баланди атрофро ба вуҷуд оварданд.”

Вазорати дифои Русия мегӯяд, азбаски имкони ба ин минтақа партофтани нирӯҳои захиравии артиши Сурия вуҷуд надошт, “экипаж аз фармондеҳии гурӯҳи нирӯҳои Сурия барои аз байн бурдани ҳамлагарон дархост гирифт. Фармондеҳи экипаж Рафоқат Ҳабибуллин тасмим гирифт, ки ба ҷангҷӯён ҳамла кунад.”

Низомиҳои Русия мегӯянд, дар натиҷаи дахолати халабонҳои рус нақшаи ҳамлаи “террористҳо” барбод рафт, вале “баъди тамом шудани муҳимоти ҷангиаш, вақте чархбол ақиб баргаштанӣ буд, террористҳо аз замин чархболро тир заданд ва он дар қаламрави таҳти назорати нирӯҳои Сурия суқут кард. Аъзои экипажи чархбол ҳалок шуданд.”

Маскав мегӯяд, ҳарду халабонро баъд аз маргашон ба ҷоизаҳои баланди давлатӣ пешбарӣ кардаанд.

Русия, ки аз муттаҳидони деринаи режими президент Башор Асад шумурда мешавад, аз моҳи сентябри соли 2015 барои кумак ба нирӯҳои содиқ ба Башор Асад ба амалиёти низомӣ дар Сурия шурӯъ кард. Маскав исрор меварзад, ки дар Сурия алайҳи гурӯҳҳҳои “террористӣ”-е, чун “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ун-нусра” меҷангад.

Вале давлатҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб, ки ба раҳбарии Амрико эътилоферо алайҳи “Давлати исломӣ” таъсис додаанд, Маскавро айбдор мекунанд, ки нирӯҳояш дар Сурия нафақат ифротиён, балки мухолифини мӯътадили режими Башор Асад, аз ҷумла гурӯҳҳои чирикии таҳти ҳимояти Ғарбро низ ҳадаф қарор медиҳанд ва барои пешравии нирӯҳои содиқ ба режими кунунӣ дар он кишвари арабӣ роҳ мекушоянд.

Яке аз халабонҳои кушташуда – Рафоқат Ҳабибуллин – фармондеҳи полки алоҳидаи 55-уми нирӯҳои ҳавоии артиши Русия буда, ба навиштаи “Красная звезда”, нашрияи вазорати дифои Русия, қаблан дар ҷанги соли 2008-уми Русия бо Гурҷистон ва ҳам дар ҳарду ҷанги Чеченистон ширкат кардааст.

Ҳабибуллин дар ноҳияи Кореновои кишвари Краснодари Русия ба сар мебурд. Волии Краснодар Вениамин Кондратев бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони халабони кушташуда, полковник Рафоқат Ҳабибуллин “қаҳрамон” номид ва гуфт, ӯ аз ҷумлаи касонест, ки “бо мошинҳои ҷангии худ аҳолии осоиштаи Сурияро ҳимоят мекунанд.”

Николай Галушин, раҳбари ширкати суғуртаи “Согаз” гуфт, наздикони ҳарду халабони дар Сурия ҳалокшуда аз ин ширкат ба маблағи 2,3 миллион рубл, муодили тақрибан 35 ҳазор доллар ҷуброни суғуртавӣ хоҳанд гирифт. Галушин гуфт, тамоми сарбозони Русия дар Сурия дар ҳаимн ширкати “Согаз” суғурта шудаанд, вале қарордоди онҳо бо вазорати дифои Русия танҳо марбут ба низомиён аст, на ба мошинҳои ҷангии онҳо.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави ҷангист, ки дар соли 2014 сарзаминҳои зиёдеро дар Сурияву Ироқ тасарруф кард ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном “хилофат” кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба дигарандешон, пайравони мазҳабҳову равияҳо ва ақидаҳои дигар, аз ҷумла бо зинда зинда сӯзондану зери хок кардани асиронаш ном баровардааст.

Кишварҳои зиёди дунё, аз ҷумла Русия ва Тоҷикистон “Давлати исломӣ”-ро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои террористӣ шомил ва фаъолияти онро манъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG